Дар замири Иди мубораки Қурбон меҳру саховат, хайру эҳсон ҷой гирифтааст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат ин ид мубораку шариф аст.
Аз ҳолу аҳволи дармондагон хабар гирифтан, ба аёдати беморон рафтан, ба мискинону ятимон кумак расонида, меҳру саховат нишон додану ба неъмати Худованд шукронагӣ ба ҷо овардан моҳияти аслии ин ид маҳсуб меёбад. Дар ин самт Фармони Президенти кишварамон ҳам ба имзо расид. Иҷрои он дар арафаи ид дар вилояти Сурхондарё хеле қаноатбахш буд. Аз 20 ҳазору 139 хонадоне, ки кумаки моддӣ (маҷмӯи маводи хӯрокворӣ) расонида шуд, 19 ҳазору 562-тояш мутааллиқи оилаҳои дар «реестри иҷтимоӣ» буда, 577-тояш куҳансолони бепарастормонда мебошанд. Барои ба ҳамаи онҳо кумаки моддӣ, яъне маводи хӯрокворӣ расонидан 8 миллиарду 297 миллион сӯм маблағ масраф гардид.
Инчунин, ба муносибати ин иди меҳру мурувват ва хайру саховат дар вилоят ба нақша гирифта шуд, ки аз ҳисоби давлат ба 642 нафар кӯдакон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида, пеши роҳи ногироншавии онҳо гирифта шавад. Ба дафтари амонати 647 нафар кӯдакони ятиму бепарастормонда ба миқдори 200 доллари амрикоӣ ба ҳар яке маблағ гузаронида шуд. Сарфу хароҷоти 138 нафар беморони гирифтори касалиҳои онкологӣ, гемотологӣ ва анкогемотологӣ, ки барои ташхис ва табобат бояд масраф шавад, пардохт гардад. Инчунин, хароҷоти 10 нафар бемороне, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ – ивазкунии ҷигар ва гурдаро аз сар мегузаронанд, бояд пардохта шавад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.