Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ташриф овард

  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ташриф овард
  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ташриф овард
  • Президенти Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии "Пулково" меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Денис Мантуров, губернатори шаҳр Александр Беглов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи барномаи сафар имрӯз роҳбари Ӯзбекистон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот анҷом медиҳад. Ҳамчунин ӯ дар маросими оғози сохтмони нахустин реактори неругоҳи ҳастаии муттаҳид дар кишварамон иштирок хоҳад кард.

5 июн иштироки Сарвари давлат дар чорабиниҳои асосии Форуми 29-уми байналмилалии иқтисодии Петербург ба нақша гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: