Чунин хулоса дар пажӯҳиши нави риёзидонҳо омадааст.
Олимон модели нави математикӣ таҳия кардаанд, ки афзоиши аҳолии Заминро дар 12 ҳазор соли охир шарҳ медиҳад ва сенарияҳои эҳтимолии буҳрони ояндаро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, агар буҳрони экологӣ, тағйирёбии иқлим, пандемияҳо, ҷангҳо ё камбуди захираҳо шиддат ёбанд, аҳолии ҷаҳон метавонад босуръат коҳиш ёбад. Дар яке аз сенарияҳои шадид шумораи аҳолии Замин то соли 2064 қариб ду баробар кам шуда, ба ҳудуди 2 миллиард нафар мерасад.
Аммо муаллифон таъкид мекунанд, ки ин пешгӯии ҳатмӣ нест. Ҳадафи модел нишон додани он аст, ки демография то чӣ андоза ба тағйироти экологӣ ва иҷтимоӣ ҳассос мебошад.
Пажӯҳиш инчунин нишон медиҳад, ки усулҳои математикии физика метавонанд барои омӯзиши рушди ҷомеаи инсонӣ низ истифода шаванд, хабар медиҳад vokrugsveta.ru.