Кӯдакон – ояндае, ки бояд ҳифз шавад

Дар дунё санаҳое ҳастанд, ки аз доираи як ҷашни одӣ берун рафта, маънои амиқи иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ касб мекунанд. 1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷумлаи чунин рӯзҳост.

Ин рӯз на танҳо иди табассум, шодии кӯдакон ва тақдими тӯҳфаҳо, балки фурсати ҷиддӣ барои андеша дар бораи ҳуқуқ, амният, саломатӣ, таълим ва ояндаи насли наврас мебошад. Зеро кӯдак танҳо фарзанди як оила нест, ҳамчунин ӯ идомадиҳандаи ҷомеа, меросбари миллат ва созандаи фардо аст.

Таърихи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз солҳои аввали асри гузашта оғоз меёбад. Тибқи маълумоти таърихӣ, масъалаи таъсиси рӯзи махсус барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон соли 1925 дар шаҳри Женева, зимни баргузории Конфронси ҷаҳонии бахшида ба беҳбудии кӯдакон матраҳ гардид.

Баъдтар, аз соли 1950, ин сана дар бисёр кишварҳо ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил шуд.

Асри XXI ба кӯдакон имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Интернет, технологияҳои рақамӣ, дастрасӣ ба дониш ва муоширати ҷаҳонӣ барои рушди зеҳнӣ ва омӯзиши онҳо уфуқҳои нав кушодааст. Аммо дар баробари имкониятҳо, таҳдидҳои нав низ ба вуҷуд омадаанд. Имрӯз коршиносон аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, вобастагӣ ба телефонҳои мобилӣ, паҳншавии муҳтавои носолим ва коҳиши муоширати зиндаи оилавӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар бисёр кишварҳо масъалаи маҳдудсозии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъзе давлатҳо ҳатто қонунгузории худро дар самти ҳифзи кӯдакон аз таъсири муҳити рақамӣ сахттар месозанд.

Аз ин рӯ, имрӯз мафҳуми «ҳифзи кӯдак» танҳо бо ғизо, либос ё таълим маҳдуд намешавад. Ҳифзи иттилоотӣ, амнияти рақамӣ ва тарбияи фарҳанги истифодаи технология низ ба масъалаи муҳими рӯз табдил ёфтааст.
Дар тарбияи кӯдак нақши оила ҷойгоҳи марказӣ дорад. Муҳаббат, эҳтиром, меҳрубонӣ, меҳру оқибат, масъулият ва одоби иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар муҳити оила шакл мегирад.

Рӯзи байналмилалии ҳиф-зи кӯдакон моро ба андеша водор мекунад: мо барои насли наврас чӣ мерос мегузорем?

Ҷомеае, ки ба кӯдак муҳити амн, таълими босифат, хидматрасонии тиббӣ ва шароити рушди озод фароҳам меорад, барои худ ояндаи устувор месозад. Бепарвоӣ нисбат ба мушкилоти кӯдак метавонад паёмадҳои вазнин дошта бошад: бесаводӣ, ҷинояткорӣ, бӯҳронҳои равонӣ ва косташавии арзишҳои иҷтимоӣ.

Аз ҳамин сабаб, ҳифзи кӯдак бояд ба фарҳанги умумии ҷомеа табдил ёбад: дар оила, мактаб, маҳалла, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсати давлатӣ.

Кӯдакон бо хандаи пок, орзуҳои беолоиш ва дунёи рангини худ ба зиндагӣ маъно мебахшанд. Ҳар табассуми кӯдак паёми умед ба фардост. Шояд маҳз ҳамин аст, ки инсоният дар тӯли даҳсолаҳо масъалаи ҳифзи кӯдакро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додааст.

1 июн бояд на танҳо рӯзи идона, балки рӯзи масъулият, худшиносӣ ва эҳсоси қарз дар назди насли наврас бошад. Зеро кӯдакони имрӯз шаҳрвандони фардо, донишмандон, омӯзгорон, табибон, муҳандисон, рӯзноманигорон ва роҳбарони ояндаанд.

Пас, вазифаи мост, ки барои онҳо ҷомеаеро бунёд кунем, ки дар он ҳар кӯдак худро дӯстдошта, муҳофизатшуда ва соҳибимкон эҳсос намояд.

Чун ҳақиқати одӣ, вале абадӣ ҳамин аст: кӯдаконе, ки имрӯз ҳифз мешаванд, фардо ҷаҳонро ҳифз хоҳанд кард.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: