Хурдсол будам. Аз Тоҷикистон ба хонаи мо меҳмонон меомаданд. На танҳо оилаамон, балки хешу табор ва ҳамсояҳо низ онҳоро бесаброна интизор мешуданд.
Тағои падарам – Шамсиддин ва ҳамсарашон Ҳурбувӣ, духтаронашон Исмигулу Идигул соле як маротиба ба меҳмонӣ меомаданд. Шамсиддинтағо одами кӯдакпарвар буд. Ҳангоми суҳбат бо хурдсолон меҳру муҳаббати зиёд зоҳир мекард.
Аз хотирам фаромӯш намешавад. Ман он вақт бачаи 6-7 сола будам. Вақти суҳбат падарам дар бораи қобилияти шеъразёдкунии ман фахр карда гуфта буд, тағои Шамсиддин маро ба оғӯш гирифта аз пешонаам бӯсид ва пурсид:
– Номи ту Носирҷон аст? Хеле хуб. Падару модарат ба ту ин номро беҳуда нагузоштаанд. – гуфт ӯ. – Медонӣ, Носир бояд чӣ гуна фарзанд бошад? Ӯ бояд доно, хирадманд ва аз ҳама муҳимаш инсони нек шавад. Ман ба ту чанд шеъри шоири тоҷик бо номи Носири Хусравро навишта медиҳам ва ту онҳоро аз худ мекунӣ. Илоҳо, мисли Носири Хусрав хирадманду доно шавӣ! – дуо кард тағо.
Рӯзи дигар меҳмонон ба хонаи хешон рафтанд. Ман тамоми рӯз афсона ва шеърҳои аз модарам омӯхтаамро такрор карда, ба суҳбати шом тайёр шудам. Вақте ки меҳмонон баргаштанд, ба тағо аз ёд шеър хондам ва хотиррасон кардам, ки ба ман кай аз шеърҳои Носири Хусрав навишта медиҳанд. Ҳама аз суханони ман хурсанд шуданд. Хусусан, қаноатмандии волидонам дар чеҳраҳо ва чашмони онҳо намоён шуд.
Тағо дафтару ручка пурсиду ду-се шеъри Носири Хусравро бо ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ навишт. Шамсиддин тағо, ки суханонаш пурмазмун буд, дар зеҳнам ҳамчун одами донишманд боқӣ монд. Ман шеърҳоро бо кумаки хоҳари калониам аз худ кардам.
Ҳоло бо хушнудӣ ба ёд меорам, ки шиносоӣ бо эҷоди шоири бузург, бо шарофати Шамсиддинтағо ман орзуи якумраи худро низ муайян кардаам.
Баъдтар дар бораи муносибатҳои дӯстонаи шоирони бузург Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот гирифтам ва ба омӯхтани адабиёти классикии тоҷику ӯзбек ҳавас пайдо кардам.
Ҳангоми пайгирии орзуҳоям дар бораи адабиёти тоҷик, хусусан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Носири Хусрав маълумотҳои нав пайдо кардам.
Носири Хусрав на танҳо шоир ва нависанда, балки ҳамчун мутафаккири таълимоти исломӣ, олими риёзиёт, астрономия, геодезия, фалсафа ва мусиқӣ маъруф буд. «Адолат тоҷи ҷаҳон аст» ва «Ҷӯянда ёбанда аст» шиорҳои ҳаётии ӯ будаанд. Носири Хусрав ҳамчун мансабдор дар Балх ва Марв фаъолият бурдааст. Бо ҳаёти мардуми гуногун ошно шуда хотираҳо навиштааст...
Барои ба даст қалам гирифтанам, рӯзноманигор шуданам ва ба таври ҷиддӣ бо эҷодиёти бадеӣ машғул шуданам, намунаҳои асарҳои ҳамномам – Носири Хусрав мавқеи муҳим дорад.
Носир АББОС,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, раиси шуъбаи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Намангон.