Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо 160 мактаби олии ҷаҳон риштаи ҳамкорӣ баста, шумораи он боз ба якто афзуд.
Проректори донишгоҳ, доктори фанҳои физика-математика Аҳмадҷон Солеев ба Хитой азми сафар карда, бо Донишгоҳи Сиан шартномаи ҳамкориро оиди дар назди таълимгоҳи ДДС ташкил кардани факултаи коркарди нафту газ ба имзо расонд. Воқеан, Донишгоҳи Сиан соли 1951 ташкил ёфта, ҳоло 20 ҳазор нафар толибилмон аз рӯи мутахассисии коркарди нафту газ таҳсил мегиранд. Ба онҳо ду ҳазор нафар устодони соҳибмалака сабақ медиҳанд.
– Имсол мо дар асоси қарордоди ҳамкорӣ 200 нафар довталабонро ба ин факулта қабул мекунем, – гуфт Солеев. – Ба мутахассисони ояндаи коркарди нафту газ на танҳо устодону мураббиён аз Ӯзбекистон, инчунин аз Чин низ сабақ медиҳанд. Такмили ихтисоси омӯзгорон ва рафту омади озодонаи толибилмон ба Сиан низ пешбинӣ шудааст.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.