Кӯдаке, ки дар вилояти Сурхондарё бо чор пой таваллуд шудааст, дар Маркази тиббии бисёрсоҳавии кӯдаконаи вилояти Самарқанд ҷарроҳии мураккабро бомуваффақият паси сар кард.
Тибқи маълумот, тифл бо якчанд нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудааст. Дар раванди ҷарроҳӣ табибон ду пойи изофиро бо роҳи ҷарроҳӣ хориҷ карданд.
Амалиёти мазкур бо иштироки мутахассисон бомуваффақият анҷом ёфт. Ҳоло кӯдак зери назорати табибон қарор дорад ва барои барқарор кардани саломатии ӯ гузаронидани чанд ҷарроҳии дигар низ дар назар аст.
Кардиоҷарроҳи марказ Нисо Турдиева гуфтааст, ки чунин ҳолатҳо метавонад бо никоҳи хешутаборӣ, риоя накардани тарзи ҳаёти солим аз ҷониби волидон ва инчунин нагузаштани саривақтии скрининги давраи ҳомиладорӣ вобаста бошад.
– Дар солҳои охир фарогирии занони ҳомила ба скрининг зиёд шудааст, аммо дар баъзе ҳолатҳо ба натиҷаҳои ташхис диққати кофӣ дода намешавад. Дар натиҷа, ҳолатҳои нуқсонҳои модарзодӣ то ҳол ба назар мерасанд, – гуфт мутахассис.
Ба гуфтаи табибон, таваллуд бо чор пой яке аз ҳолатҳои хеле нодир дар таҷрибаи тиббии ҷаҳон ба шумор меравад.