НАСЛИ НАВРАС – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МО

Дар ноҳияи Самарқанд 44 ташкилоти давлатии таълими томактабӣ, 156 оилавӣ, 11 давлатию хусусии муштарак ва 6 хусусӣ вуҷуд дорад.

Кӯдакистони рақами якум аз ҳама қадимтарин ва пешқадам буда, соли 1927 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ташкил гардида буд. Бо мурури замон ривоҷу равнақ ёфт. Соли 1974 ба бинои дуошёнаи хушсохту замонавии зебо, ки ба 125 нафар кӯдак пешбинӣ шуда буд, кӯчида гузашт. Дар тадбири пуршукӯҳи бӯрёкубӣ собиқ роҳбари Ӯзбекистон Шароф Рашидов ширкат варзида буд.

Боиси хушнудист, ки аз ҳамон айём ин маскан ҳамеша пешқадам буда, солҳои охир ба он бонуи навовару ташаббускор Фирӯза Муйинова роҳбарӣ мекунад. Таҷрибаи пешқадами ӯ на танҳо дар ноҳия, инчунин дар вилояту ҷумҳурӣ ҷорӣ шудааст. Ҳоло кори неку номи неки ӯро духтараш, соҳиби маълумоти олӣ Лазиза Акобирова идома медиҳад.

Тазаккур бояд дод, ки дар кӯдакистон 240 нафар фарзандони маҳаллаҳои ба номи Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мирзо Улуғбек, Сафедӣ, Ӯрташайх ва ғайра тарбия мегиранд.

Дар кӯдакистон анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст, ки на танҳо падару модарон, балки вакилони дигар муассисаҳои томактабӣ, собиқадорони меҳнат, нурониён, фаъолони гузару маҳаллаҳо, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Лазиза Акобирова таъкид намуд, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ба кӯдакистонҳо низ диққату эътибори махсус дода мешавад. Ана барои чӣ фарогирӣ ба кӯдакистонҳо сол то сол афзуда истодааст.

Сипас сарвари ташкилоти томактабӣ ва мактабии ноҳияи Самарқанд Шерзод Абулхайров ба як гурӯҳ ходимони кӯдакистони ноҳия, ки дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ шоҳсуфаи баланд насибашон гаштааст, «Ифтихорнома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

– Хеле хушҳол ҳастам, ки ман ҳам дар қатори ғолибони озмун ҳастам, – иброз дошт тарбиятгари ҷавони ташкилоти мазкур Зарнигор Зиёдуллоева, –кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки кӯдакистони мо номдору пешқадам бимонад.
Роҳбарони маҳфили мусиқӣ Райҳона Исомова ва Абдулло Зокирҷонов ба тарбияи фарҳангӣ диққату эътибор дода, кӯдакон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ сурудҳои дилошӯбу дилнишин иҷро мекунанд.
Лекин дар ташкилоти мазкур набудани айвонҳои тобистона мо – ходимони расонаҳои ахбори оммавиро ба тааҷҷуб гузошт. Мо ин муамморо ба роҳбари ташкилоти томактабӣ ва мактабии ноҳия Шерзод Абулхайров гуфтем. Ӯ ваъда дод, ки ин камбудӣ ислоҳ хоҳад шуд.

 

Зоҳир Ҳасанзода,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: