Мактаби таълими умумии рақами 9. Ин боргоҳи фаъоли, пешқадам, намунавӣ ва ташаббускори таълимӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод»-и ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд ҷойгир аст.
Мо ин муассисаи маърифатро бесабаб чун мактаби пешқадаму ташаббускор эътироф накардем. Ин тавсифҳо муболиға нестанд. Зеро фаъолияти омӯзгорон, талоши пайвастаи роҳбарият, муҳити солими таълимӣ ва комёбиҳои донишомӯзон мактабро ба яке аз марказҳои муҳими маърифат табдил додааст. Чанде пеш дар пурсишномаи рӯзнома (аз 29 апрел то 6 май), ки ба мақсади муайян кардани мактабҳои фаъолу пешқадам дар байни 14 мактаби ноҳияҳои Бекобод, Бӯка, Бӯстонлиқ, Паркент, Чиноз ва шаҳри Ангрени вилояти Тошканд гузаронида шуд, ин боргоҳи таълимӣ бо ҷамъ овардани 1028 овоз соҳиби мақоми аввал гардид.
Аз гиромидошти се шоир то ҷамъбасти озмун
23 майи соли равон бо мақсади омода кардани мақола дар бораи ҳаёти мактаб, дастовардҳои омӯзгорону донишомӯзон, инчунин, баррасии масъалаву мушкилоте, ки боиси нигаронии аҳли таълимгоҳ шудаанд, аз ин муассисаи таълимӣ боздид ба амал овардем.
Он рӯз саҳни мактаб фазои идона дошт. Садои савту суруд ба гӯш мерасид. Омӯзгорон, донишомӯзон ва сокинони деҳа – аз хурд то бузург, новобаста аз он ки саҳни мактаб офтобу ҳаво гарм буд (дар ин бора дар анҷом батафсил хоҳем гуфт), бо рӯҳияи болида гирд омада буданд. Аён гардид, ки дар боргоҳи таълимӣ ба муносибати бузургдошти адибону шоирони маҳбуб ва маъруф – Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ, ки ҳар се аз чеҳраҳои мондагори адабиёти тоҷик ва сутунҳои устувори фарҳангу маънавият ҳастанд, чорабинии адабӣ идома дорад.
Дар рафти тадбир шогирдони мактаб намунаҳо аз эҷоди соҳибқаламони шаҳирро бо маҳорати баланд қироат карданд. Гулдухтарон бо рақсҳои миллӣ ва иҷрои сурудҳои дилнишини халқӣ чорабиниро шукӯҳи бештар бахшиданд. Ҳар як баромад аз муҳаббати хонандагон ба адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ гувоҳӣ медод.
Дар идома зинаи ниҳоии озмуни маърифатии «Кӣ донотар?» баргузор гардид. Дар озмун, ки саволҳо бар асоси рӯзгор ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва мавзӯъҳои умумии адабиёт омода шуда буданд, 7 нафар ғолибони марҳилаи сеюм дониши худро санҷиданд.
– Озмунро моҳи апрел дар байни хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11 эълон карда будем, – иброз дошт омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаб, ташаббускор ва ташкилкунандаи озмун Сулаймон Содиқов. – Дар зинаи аввал 35 нафар иштирок карданд ва 17 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Пас аз марҳилаи сеюм аз миёни 11 донишомӯз, 7 нафар ҳуқуқи иштирок дар зинаи ниҳоиро ба даст оварданд. Ҳар як марҳила аз рӯйи шартҳои гуногун гузаронида шуд.
Дар даври ниҳоӣ иштирокдорон дар ҳузури аҳли мактаб ба 15 саволи тест посух доданд. Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ донишомӯзи синфи даҳум Рисола Эгамова сазовори ҷойи аввал гардид. Хонандагони синфи нӯҳум Дилрӯза Абдуллоева ва Қурбонгул Қурбонова мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро, Зебузар Баҳромова ва Холмурод Холмуродов аз синфи X, инчунин, Меҳрона Солеҳова аз синфи XI ҷойи чорумро ба даст оварданд.
Дар бораи таърихи мактаб
Мактаб соли 1964 таъсис ёфтааст. Инак, беш аз ним аср фаъолияти босамар дорад ва дар ин муҳлати начандон тӯлонӣ ба яке аз марказҳои муҳими илму маърифати Бӯка табдил ёфтааст. Бо гузашти солҳо аҳолии деҳа афзуда, маҳалла тадриҷан васеъ гардид ва зарурати таъсиси муассисаи нави таълимӣ ба миён омад. Бо ҳамин мақсад, соли 2008 дар қисми даромадгоҳи маҳалла филиали мактаб ба фаъолият шурӯъ кард. Аз байн даҳ сол гузашта, бо назардошти талаботу эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолӣ, ин филиал ба муассисаи мустақили таълимӣ табдил ёфт ва ҳамчун мактаби рақами 9 ба қайд гирифта шуд. Мактаби пешина бошад, рақами 43-ро гирифт.
Гарчанде имрӯз ҳар ду муассиса фаъолияти ҷудогона доранд, робитаи дӯстонаву ҳамкории онҳо ҳамоно устувор боқӣ мондааст. Омӯзгорон пайваста таҷриба иваз мекунанд, хонандагон бошанд, чорабинӣ, озмун ва мусобиқаҳои муштарак баргузор намуда, фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро нигоҳ медоранд.
Дар ин мактаб, ки таърихи пурифтихор дорад, тӯли солҳо шахсиятҳои номвар Худойберган Обидов, Рустам Раҳматов, Баҳриддин Одинаев, Насриддин Набиев, Муллоғайбулло Бобоев, Маҳмадгиё Рабиев, Ғайрат Холов, Шокир Собиров роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2013 инҷониб ин вазифаи пурмасъулиятро Саидбунёд Аҳмедов дар уҳда дорад.
Мактаб дар тӯли фаъолияти худ садҳо шогирди соҳибмаърифатро ба камол расонидааст, ки дар ин роҳ саҳми омӯзгорони фидокор ва заҳматпеша басо назаррас мебошад. Омӯзгороне чун Ҳайитбой Ҳоҷиев, Қурбонмаҳмад Маллаев, Назар Неъматов, Тӯрабой Наврӯзов, Эшон Ғафуров, Нусрат Валиев, Аслиддин Набиев, Нормаҳмад Қулмуродов, Деҳқонбой Қандинов, Шодибой Шодиев, Нурулло Турсунов ва аз миёни бонувони омӯзгор Зайнаб Ибодуллоева, Зӯҳро Наврӯзова ва дигарон бо меҳнати софдилона дар роҳи тарбияи насли соҳибхираду заковатманд ва ояндасози маҳаллаи «Навобод» саҳми арзанда гузоштаанд.
Ин аст, ки имрӯз мактаб бо дастпарварони соҳибному соҳибэҳтироми худ, аз ҷумла, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, подполковник Абдувосит Набиев, Ӯктам Сангинов, Шокир Тошев (равонашон шод бод!), дотсент Раъно Набиева, шифокор Саидаббос Аҳмедов, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгор Сулаймон Содиқов, рӯзноманигор ва сардори ҷавонони маҳалла Меҳровар Қодирзода ва чанде дигарон ифтихор мекунад.
Комёбиҳои мактаб
Ҳоло дар мактаб 296 нафар донишомӯз дар ду баст, комилан бо забони тоҷикӣ таҳсил мегиранд. Ба онҳо 30 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 2 нафар тоифаи олӣ, 7 нафар тоифаи якум ва 12 нафар тоифаи дувум доранд.
– Соли гузашта 17 нафар донишомӯз синфи ёздаҳро хатм карда, қариб 50 дарсадашон ба муассисаҳои таълими олӣ, инчунин, 4 нафар ба боргоҳи таълимии кону маъдани Олмалиқ дохил шуданд, – гуфт директори мактаб Саидбунёд Аҳмедов. – Боиси эътироф аст, ки ҳоло яке аз онҳо, Самандар Валиев таҳсилро дар Донишгоҳи тиббии Уфа идома медиҳад. Имсол низ 17 нафар донишомӯз мактабро хатм мекунанд. Умед дорем, ки аз нисф зиёди онҳо низ донишҷӯ мешаванд.
Бино ба таъкиди директори мактаб дар муассисаи таълимӣ ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои фаннӣ, инчунин, озмуну мусобиқаҳо низ дуруст роҳандозӣ шудааст. Ин аст, ки шогирдони мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, бахусус, бозиҳои зеҳнӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъол иштирок мекунанд.
– Дар назди мактаб дастаи футболбозони ҷавони «Зарафшон» амал мекунад, – афзуд директор. – Соли 1972 таҳти роҳбарии омӯзгорон Рустам Алиев, Шодибой Шодиев ва Нуруллоҳ Турсунов ташкил ёфтааст. Тӯли солҳои сипаришуда «Зарафшон» дар мусобиқаҳои миёни мактаб ва маҳаллаҳо дар сатҳи сектор, ноҳия ва вилоят фаъол иштирок карда, борҳо ҷойи ифтихориро ба даст овардаанд. Дастовардҳои шогирдони мо дар дигар намудҳои варзиш низ зиёд аст.
Заковатмандони «Заковат» – дар ноҳия пешқадам
Зимни мулоқот бо омӯзгорон ва донишомӯзони хатмкунанда пай бурдем, ки таълимдиҳандагон ба сифати таълиму тарбия диққати махсус медиҳанд ва таҳсилгирандагон низ ба донишандӯзӣ завқи зиёд доранд.
– Мактаби мо дорои шароити хуби таҳсилӣ ва пойгоҳи мустаҳками моддиву техникӣ мебошад, – гуфт муовини директори мактаб оид ба корҳои таълимӣ Фотеҳназар Кӯчаков. – Синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар мактаб 32 маҷмӯи компутери замонавӣ, тахтаи электронӣ мавҷуд. Толор ва майдони варзишӣ дорем. Китобхонаи мактаб низ аз китоб бой аст: қариб 3000 нусха китоби бадеӣ дорад. Қисми асосии онҳо тоҷикиву ӯзбекӣ буда, ҳар як хонанда метавонад аз онҳо босамар истифода намояд.
Бино ба маълумоти муовини директор дар мактаб клуби «Заковат» амал мекунад ва он гурӯҳи донишомӯзони бохираду заковатманди мактабро ба ҳам овардааст. Ин клуб таҳти ташаббуси омӯзгори собиқи мактаб Муллокучак Ҳамдамзода ташкил гардида, ҳоло кори онро омӯзгор Шайдулло Валиев пеш мебарад ва ҳафтае як маротиба мусобиқа баргузор мегардад.
– Мақсад аз роҳандозии фаъолияти бозии зеҳнӣ – баланд бардоштани иқтидори илмии донишомӯзон ва дастгирии наврасони бохирад мебошад, – илова кард. Ф.Кӯчаков. – Имрӯз мо дар ҳадде ба ҳадафи пешгузоштаи худ расидем. Чунки шогирдони мо панҷ сол боз дар зинаи ноҳиявии бозии зеҳнии «Заковат», ки миёни 12 даста (аз 38 маҳаллаи ноҳия) гузаронида мешавад, доиман ҷойи якумро ба даст оварда, дар вилоят шаъну шарафи Бӯкаро муносиб ҳифз менамоянд. Ҳокими ноҳия низ дастаи мактаби моро чун ҷамоаи худ эътироф кардааст ва ҳамеша дастгирӣ менамояд. Чанде пеш таҳти ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ миёни марказҳои милливу фарҳангии ҷумҳурӣ мусобиқаи «Заковат» гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа низ шогирдони мо аз номи Маркази милливу фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ иштирок карда, ҷойи якумро соҳиб шуданд.
Фидокорӣ дар роҳи маърифат
Бояд гуфт, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳкими ҷаҳонбиниву маърифати хонандагон, афзун гардидани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ, тарбияи насли соҳибилму ватандӯст, инчунин дар боло рафтани нуфузи муассисаи таълимӣ саҳми омӯзгорон ниҳоят бузург аст.
Маҳз омӯзгори соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва дилсӯзу фидокор метавонад дар қалби хонанда меҳри илм, эҳтиром ба арзишҳо ва ҳисси худшиносии миллиро парвариш намояд. Бо дониши амиқ, маҳорати касбӣ, заҳмати пайваста ва муносибати неку инсонпарваронаи онҳо, муҳити солими таълимӣ ташаккул ёфта, барои тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, фаъол ва рақобатпазир замина фароҳам мегардад.
– Дар мамлакати мо масъалаҳои қадршиносӣ ва дастгирии омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, инчунин, фароҳам сохтани шароити мусоид барои фаъолияти кормандони соҳа, чун яке аз омилҳои муҳими рушди бахши таълим ва пешрафти ҷомеа, дар меҳвари ислоҳоти татбиқшаванда қарор дорад, – гуфт муовини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ Саидвалӣ Аҳмадов. – Омӯзгорони мактаби нӯҳ низ дар ҷавоб ба чунин эътибор, ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳукумат, мекӯшанд ҳар як дарсро дар асоси усулҳои муосири таълим, бо истифода аз технологияҳои навин – босамару натиҷаовар ташкил намоянд. Дар ин радиф метавон номи омӯзгорони соҳибтаҷрибае чун Абдувосит Маллаев, Саидмавлон Шосаидов, Нодир Сангинов, Мадина Турсунова, муаллимони ҷавон Ҳусейн Содиқов, Мирзоғаюр Сафаров ва дигаронро ёдовар шуд.
С. Аҳмадов таъкид кард, ки бархе аз омӯзгорони ҷӯёву ташаббускор фаъолияти худро танҳо бо синфхона маҳдуд насохта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гурӯҳу каналҳои фанниву фарҳангӣ таъсис додаанд. Мавсуф мақсади чунин иқдоми шоистаро амиқ омӯзонидани фанҳо, пурмазмун ташкил кардани вақти холии хонандагон, инчунин, тарғиби фарҳангу маърифат арзёбӣ намуд.
Дар ин радиф гурӯҳи «Медонӣ ё не?», ки бо ташаббуси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Тоҷиддин Шодиев ташкил гардидааст, чун яке аз гурӯҳҳои фаъол ва майдони воқеии рушди истеъдод эътироф гардид.
– Гурӯҳро соли 2022 таъсис додам, – иброз дошт Тоҷиддин Шодиев. – Алҳол дар он беш аз 2 ҳазор нафар корбар, бахусус, донишомӯзон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ҳам омадаанд. Дар оғоз аз фанҳои гуногун ба таври онлайн тест пешниҳод мекардем ва дар анҷом ба иштирокдорон сертификат медодем. Баъдан, фаъолияти гурӯҳро васеъ намуда, баргузории озмунҳои гуногуни шеърхониро ба роҳ мондем. То ҳол озмунҳои онлайнии «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!», «Наврӯзи оламафрӯз», «Модар – сарчашмаи меҳр», «Лоиқ намеояд дигар...», «Азизӣ, эй Ватан азиз!», «Шоҳномахонӣ», «Азизу меҳрубони ман, муаллим», «Забони ман – ҷаҳони ман!» ва чанд озмуни дигарро ташкил кардем. Дар баъзе аз онҳо беш аз ҳазор нафар хонандагони боистеъдод иштирок карданд, ки ин барои мо илҳому неруи тоза мебахшид. Боиси хушнудист, ки то имрӯз дар чунин озмунҳо қариб даҳ ҳазор донишомӯзи мактабҳои кишвар иштирок карданд ва мо дар доираи имконот ба ҳамаи онҳо сертификатҳои электронӣ ирсол намудем.
Мактаб чӣ мушкил дорад?..
Дар оғози мақола ишора карда будем, ки вақте вориди мактаб шудем, омӯзгорон, донишомӯзон ва сокинони деҳа – аз хурд то бузург, сарфи назар аз офтобии саҳни мактаб, он ҷо ҷамъ омада буданд. Бархе худро зери сояи девор ё шохи дарахт гирифта буду гурӯҳе дафтарашро болои сар «соябон» карда. Бо вуҷуди ин, аксар илоҷу ноилоҷ зери теғи офтоби сӯзон қарор доштанд. Сабаб аён буд: дар мактаб толор нест.
Омӯзгорон гуфтанд, ки дар барфу борон ва рӯзҳои сарди зимистон чорабиниҳоро дар толори варзишӣ мегузаронанд. Аммо дар ҳавои гарм, бахусус, барои ҷамъомаду маҳфилҳои серодам, маҷбуранд, ки аз саҳни мактаб истифода баранд.
– Ин масъаларо дар лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» гузоштем, аммо овозҳо камӣ карданд, – гуфт яке аз омӯзгорон.
– Ният дорем боз як бори дигар ин ташаббусро пешбарӣ кунем. Аҷаб нест, дар марҳилаи навбатӣ пирӯз шавем, – илова кард дигаре.
– Се-чор соли дигар сабр кунем, ниҳолҳои боғи мактаб калон мешаванду саҳна соя мегирад. Баъд чорабиниҳоро бемалол дар сояи дарахтон мегузаронем, – бо лабханд гуфт нафари сеюм.
Дар поёни суҳбат омӯзгорон бо ҳамовозӣ таъкид карданд, ки агар масъулони ноҳияву вилоят дар ҳалли ин масъала дасти кумак дароз намоянд, барои омӯзгорону хонандагон шароити боз ҳам беҳтар фароҳам мешавад.
– Боз як мушкиле, ки аҳли мактаб ва падару модаронро нигарон кардааст, равуои хонандагон аз кӯчаи Ноёботаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чӯлобод» ба мактаб мебошад, – иброз дошт муовини директор Ф.Кӯчаков. – Дар ин кӯча 35 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, ки пештар сокини маҳаллаи мо буданд. Масофа аз он ҷо то мактаб беш аз 2 километр аст. Фосила чандон дур нест, аммо роҳ аз байни саҳро мегузарад ва барои хонандагон хатарнок мебошад.
Ба гуфтаи муовини директор, дарсҳо дар мактаб дар ду баст баргузор мешаванд ва махсусан дар фасли зимистон, вақте хонандагони басти дуюм баъди 5-6 соати дарс аз мактаб бармегарданд, аллакай ҳаво торик мешавад. Дар чунин шароит тай кардани роҳи саҳроӣ барои кӯдакон ҳам душвор асту ҳам нигаронкунанда.
– Агар аз ин маҳалла то мактаб ҳаракати автобус ё ягон нақлиёти махсус роҳандозӣ шавад, иқдоми бисёр муҳим ва саривақтӣ мебуд, – мегӯяд ӯ.
Воқеан, таъмини амнияти хонандагон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил набояд танҳо масъулияти як мактаб ва волидайн бошад. Ин масъалаест, ки ба ояндаи фарзандон рабт дорад ва ҳалли он таваҷҷуҳу ҳамкории ҷиддии масъулонро тақозо мекунад.
Боз як масъалае, ки ҳангоми боздид аз синфхонаҳову мулоқот бо омӯзгорону хонандагон мушоҳида шуд, либоси мактабӣ надоштани аксар духтарбачаҳо буд.
– Сарвари давлатамон ҳамеша ба масъалаҳои ҳифзи оила ва занону духтарон, бо кор таъмин намудани онҳо, фарогирӣ бо таълими олӣ, ҷалби бештари бонувон ба корҳои давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, – гуфт зимни суҳбат омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Зайнура Абдуллоева. – Мо бояд аз чунин имконоту имтиёзот босамар истифода намоем. Маҳз бо ҳамин мақсад дар мактаб бахшида ба либоси мактабӣ, давомоти духтарбачаҳо, идома додани таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ, никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои зараровари он мунтазам суҳбат ва ҷамъомадҳо мегузаронем Аммо натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Лекин як нуктаро бояд таъкид кард, ки духтарон баъди хатми мактаб таҳсилро идома надиҳанд ҳам, ҳунарҳои хонакориро хуб меомӯзанд.
Назаре ба таърихи Навобод
Бино ба маълумоти мардуми маҳаллӣ сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навобод» аслан аз Масчоҳи Кӯҳӣ ҳастанд. Дар нимаи дуюми соли 1956 ва аввали соли 1957 мардуми ин минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон барои азхудкунӣ ва обод намудани дашти Дилварзин ба ноҳияи Масчоҳи имрӯза, ба поён кӯчонида мешаванд. Баъд сокинон дар ду тарафи канал маҳаллаҳои нав ташкил менамоянд ва онҳоро «Канали Боло» ва «Канали Поён» меноманд.
Бо гузашти вақт мушкилоти ҷиддӣ пеш меояд. Заминҳои қисми поёнии канал шӯр баста, дар натиҷа хонаҳои мардум заҳ мекашанд ва барои зиндагӣ номувофиқ мегарданд. Бо вуҷуди муроҷиатҳои мардум, роҳбарияти ҳамонвақтаи ноҳия ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.
Маҳз ҳамин вазъият сабаб мешавад, ки бархе аз сокинон аз пайи пайдо кардани макони мувофиқ мешаванд, то зиндагии беҳтар дошта бошанд. Чанд тан аз аҳли маҳалла ба ноҳияи Бӯка омада, бо роҳбарияти ноҳия машварату гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд. Дар ниҳоят дар бораи кӯчонидани мардум қарор қабул карда мешавад.
– Дар он солҳо ҳудуди деҳаи имрӯзаи Навобод пурра биёбон буд, – гуфт раиси маҳалла Холиқбердӣ Дадабоев. – Колхоз «20-ум партсъезд» ном дошта, роҳбарии онро Мирзоаҳмад Ҳайитбоев ба уҳда дошт. Соли 1962 аввал 5-6 хоҷагӣ ба ин минтақа мекӯчанд. Дар байни онҳо шахсони шинохтае чун Мирзосафар Бадалов, Сӯфӣ Қудратов ва Шукур Абдуллоев буданд. Онҳо аввалин бунёдгузорони деҳаи нав ба ҳисоб мераванд. Роҳбарони ноҳия аз кӯчида омадани мардум истиқбол намуда, барои ҷойгиршавӣ ва ободонии маҳал мусоидат менамоянд.
Тибқи маълумоти раиси маҳалла, аз соли 1963 муҳоҷирати мардум ба таври густурда оғоз ёфта, теъдоди хоҷагиҳо ба 150 адад мерасад. Сокинон ба обод намудани заминҳои бекорхобида шурӯъ мекунанд ва бо заҳмати шабонарӯзии мардум ин макон ба як маҳалли ободу зебо табдил меёбад.
– То соли 1983 деҳа «Тоҷикобод» ном дошт, – илова кард Х.Дадабоев. – Баъдан «Навобод» номгузорӣ шуд, ки он беҳтарин ифодагари рӯҳи бунёдкорӣ ва зиндагии нави сокинон мебошад. Алҳол Навобод ба яке аз деҳаҳои ободу сарсабзу фаъоли минтақа табдил ёфтааст. Дар 1119 оилаи деҳа қариб 3600 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Мардум асосан бо чорводориву кишоварзӣ машғуланд. Боиси эътироф аст, ки соли гузашта дар асоси тамоюли «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар Навобод як қатор корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ анҷом ёфт. Аз ҷумла, кӯчаҳо пурра мумфарш гардиданд. Бинои нави маҳалла қад рост кард. Коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳоло қариб 20 нафар дар он ҷо бо кор машғуланд. Инчунин, дар чанд иншооте, ки дар шафати маҳалла қад афрохтаанд, ба мардум беш аз 19 намуди хидмат расонида мешавад. Дар партави чунин ислоҳоти созанда имрӯз маҳаллаи мо дар радифи маҳаллаҳои бидуни бекори ноҳия қарор дорад.
Матолиби саҳифаро хабарнигорони «Овози тоҷик» Саодат Бекназарова ва Фаридуни Фарҳодзод ба чоп омода карданд.
Вилояти Тошканд.