ДАР БОРАИ СУРУД ВА МАТНИ «УШШОҚИ СОДИРХОН»

«Ушшоқи Содирхон» аз таронаҳои устодонаи машҳуру дилпазири тоҷикӣ ва маҳсули табъи расову равони нодирахонии Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ (1847-1931) мебошад. Ба гуфтаи мақомшиносон ин асари ҳунарӣ «бо услуби комилан тоза ва матни нав», «дар заминаи савтиёту зарб ва вазни мақоми «Ушшоқ» бо нигаҳдошти сабки иҷрои ҳавзаи ҳунарии Хуҷанд ва водии Фарғона эҷодкорона тасниф» шудааст.

«Ушшоқи Содирхон» аз диди хосиятҳои зарбиву вазнӣ ва таркибу орояву перояҳои иҷрогарӣ бо дигар «ушшоқ»-ҳо наздикӣ ва ҳамзамон бархе тафовутҳо низ дорад. Тарзу тариқи хондани он ба ин суруд шуҳрат ва маҳбубияти хоссае бахшидааст.

Пажӯҳишгарон сабаби ба китоби панҷҷилдаи «Шашмақом» (1950-1967) дохил нашудани «Ушшоқи Самарқанд» ва «Ушшоқи Содирхон»-ро ба мероси мактаби мусиқии Бухоро будани он марбут медонанд. Ҳол он ки дар он замон аллакай асарҳои мақомхонони хуҷандӣ, аз ҷумла, Содирхони Ҳофиз эътироф ёфта ва имкон дошт, ки ин сурудҳо ба ин силсила дохил шаванд. Онҳо ба китоби шашҷилдаи «Шашмақом» бо комиливу нокомилӣ ва тафовуташон дар замони истиқлоли миллӣ ворид шуданду халос.

«Ушшоқи Содирхон» бо садои офаранда соли 1905 сабт шуда, бо гузашти солҳо шунидани он мушкилӣ пайдо кардааст. Матн бо ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ маъруф гардида ва эҷодаш ба мактаби мусиқӣ ва анъанаҳои мақом дар Хуҷанд пайвастагӣ дорад, ки дар китоби «Шашмақом: Мақоми Рост» дар шакли пурра омадааст. Ин дар ҳолест, ки дар «Баёзи Шашмақом» матни нопурраи он, ки сарояндагон то имрӯз мехонанд, бо бархе аз фарқҳо оварда шудааст. Аз диди мо фарқи байни ду нашр баёнгари таҳаввули иҷрои суруд аз ҷониби сарояндагон ва тафсирҳои онҳо метавонад бошад. Инак матни пурраи суруд:

Ба як карашма зулайховаше дили моро,

Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.

Фиғон, ки мурғи дилам сайди тири нодонест,

Ки болу пар шиканад мурғи риштабарпоро.

Суҷуди хоки раҳат бурданам таманно буд,

Ба хок мебарам имрӯз ин таманноро.

Бар он такаллуми ширинлабе,

ки ҷон бахшад,

Ба дам задан натавонад касе Масеҳоро.

Шарори синаи Маҷнун зи оташи Лайлӣ

Кабоб сохт ҳама оҳувони саҳроро.

Карашмаҳойи ғизолони маст ҷон бахшанд,

Фароғат аст аз он ошиқони шайдоро.

Чӣ суд панди касон, чун намебарад

зи дилам,

Ҳавои қадди дилорому рӯйи зеборо.

Ҳалоки Ҷомии дилхаста хост  он, к-орост

Ба шаклу шева саворони сарвболоро.

Чуноне мебинем, матни ғазал бо зикри ишқу муҳаббати пуршӯри Зулайхо оғоз мешавад. Ҳар як тасвир баёнгари эҳсосоти амиқанд ва як ҳикояти бисёр ғаррову ноби ишқу ошиқии заминиву маънавистанд:

[«Ба карашмае дил бурдани як зулайховаш чун Юсуф дили Зулайхоро»;

«аз сайди тири нодон фиғон кардани мурғи дил, ки болу пари мурғи риштабарпоро низ шиканад»;

«таманнои саҷдаи хоки раҳи ёр ва ниҳоят ба хок бурдани он таманно»; «монанди каломварзии ширинлаб надоштани ёрои дамбахшии Масеҳо»;

«кабоб шудани оҳувони саҳро аз шарари синаи Маҷнуну оташи Лайлӣ»,

«аз карашмаҳойи ғизолони маст ҷону фароғат ёфтани ошиқони шайдо»,

«аз дил нарафтани ҳавои қадди дилорому рӯйи зебо бо панди касон»].

Ибораҳои тасвиру рамзи «мурғи дил», «тири нодон», «саҷдаи хоки раҳ», «такаллуми ширинлаб», «оташи Лайлӣ», «карашмаҳойи ғизолони маст», «қадди дилорому рӯйи зебо», «шаклу шева» – ҳамагӣ рамзи ишқ ба инсону ваҳдат бо табиатанд, ки ба матн ҳусни маънӣ ва эҳсос бахшидаанд. Ин матн, дар маҷмӯъ, ба шунавандаву хонанда тасвири умумии ишқу эҳсоси пуршӯри ошиқона медиҳад ва он на танҳо ба муҳаббати руҳӣ, балки ба ҳамоҳангӣ бо олами табиат ва ҳиссиёти маънавӣ ишора дорад.

Ин ибораҳои тасвириро ба категорияҳои маъноии зер рамзбандӣ метавон кард:

[Ишқ ва ошиқӣ: карашма, фиғон, мурғи дил, тири нодон;

Покӣ ва таслимият: суҷуди хоки раҳ, такаллуми ширинлаб;

 Оташу эҳсоси пуршӯри ишқу ошиқона: шарори синаи Маҷнун, оташи Лайлӣ, карашмаҳойи ғизолони маст;

 

Зебоӣ ва ҷаззобият: қадди дилорому рӯйи зебо, шаклу шева...]

Дар «Ушшоқи Содирхон» образҳое мисли «Юсуф», «Зулайхо», «Масеҳо», «Маҷнун», «Лайлӣ», «зулайховаш», «ширинлаб», «мурғи риштабарпо», «оҳуи саҳро», «ғизоли маст», «ошиқи шайдо», «Ҷомии дилхаста», «савори сарвболо» – ҳама аз нигоҳи адабӣ образҳои тасвириянд ва ҳиссиёти баланди ишқу ошиқӣ, шодмонӣ ва ваҳдати инсону табиатро таҷассум доранд. Ҳар яки ин образҳо рамзи ишқ, зебоиву покист ва сурударо пурмаъниву серэҳсос мегардонад, аз ҷумла:

[Мурғи риштабарпо – рамзи эҳсоси зебоӣ ва нозукӣ, эҳсосоти ошиқона ва ҳассосро ифода мекунад. 

Ширинлаб – мухлис, латиф, ишора ба суханони ширин ва таъсирбахши ошиқона.

Масеҳо – рамзи эҳсосу покӣ, касе, ки ҳамоҳанг бо ишқ ва руҳоният аст.

Маҷнун ва Лайлӣ – намои «классикон»-и ишқ ва рамзи классикаи ишқу шодмонии ошиқона, самбули ишқи пуршӯру талхи инсонӣ.

Оҳувони саҳро – рамзи зебоӣ, сабзагӣ ва озодӣ, ки ишқро бо табиат ҳамоҳанг месозанд.

Ғизолони маст – рамзи шодиву мастӣ ва ҷаззобияти ошиқон, баёнгари ҳиссиёти пуршӯру пок.

Ошиқони шайдо – образи ошиқони пурҳавас, ки бо ишқ пуранд ва дар жарфои ишқанд.

Ҷомии дилхаста – рамзи ошиқи азобкашида ва пуршӯри маънавӣ бо эҳсоси амиқ.

Саворони сарвболо – рамзи зебоӣ, эҳтиёт ва камоли инсонӣ, ё ибораи тасвирии баландии завқ ва ҳунар].

Ба ин маънӣ, матн дар шакли байтҳои тозаву ҷудогона омада ва ҳар байт дорои як тасвир ва ё ҳикоя аст ва метавонад барои таҳлили услуб, зарб, ритм ва перояҳои иҷро ба кор равад. Ҳар як бозгӯя – «карашма», «фиғон», «сайд», «таманно», «кабоб», «фароғат», «ҳаво», «ҳалок» – ба услуби мақомхонии анъанавӣ созгору ҳамоҳанг аст ва ҳар ибора рамзи ишқ, зебоӣ, покиянд ва ба матн бори маънӣ ва эҳсосӣ мебахшанд. Дар матн забони шоиронаи пур аз метафора ва образҳои қавӣ баёнгари муҳаббат ва ишқи баланданд.

Дуруст аст, ки мо аз олами дониставу баҳраи фаровони Содирхон Ҳофиз вақти хондани байти охир ноогоҳем, бо вуҷуди ин метавонем гӯем, ки ӯ чун ҳунарманди хушсалиқаи замон ба фаҳму маънии ғазал расида мехонд. Чаро касон панд медодаанд, ки «ҳавои қадди дилорову рӯйи зебо»-ро бояд аз дил бурд ва чаро ин панд ин шӯру шавқро аз дил намебарад? Гӯянда бар он аст, ҳеч маслиҳату ҳидояте аз касон фоида намеорад, агар онҳо эҳсосоти шахсиро нафаҳманд.

 Ва ишора дорад, ки ҳеч маслиҳат ва таълим ба қадри муҳаббати амиқ ва ишқи шахсӣ таъсир намерасонад, зеро ишқ худ як таҷрибаи шахсӣ ва беандозаест. Ин байти ошкор мегӯяд, ошиқ (гӯянда) аз ҳидоят ва маслиҳати дигарон чизе намехонад, зеро ишқ ва завқи шахсиаш аз назаргоҳи дилаш ороста аст. Гӯяндаи ошиқ аз завқи матлуби ёр пур саршор аст ва ин ишқро наметавонад бо сухану панди касон маҳдуд ё тағйир диҳад.

Гӯянда заминӣ ва ростқавлона мегӯяд: Ман ҳамин тавр ҳис дораму зиндагиям ба завқи худам аст, маслиҳати касон инро тағйир дода наметавонад. Байт ифодаи истиқлоли ҳиссу завқи ошиқонае аст, ки моро бо руҳи шӯхӣ ва рӯшноӣ ба инсон ва ишқ наздик мебарад. Хулоса ин бояд бошад, ки ҳар кас ба завқи худ ошиқ аст ва инро ҳеч маслиҳат ё панди дигар тағйир дода наметавонад.

Ҳалок ба маънии ҳалокат, азоб ва фурӯравист. «Ҳалоки Ҷомии дилхаста» дар байти охир ишора ба ҳолати руҳӣ ва эҳсоси ошиқ аст. Дар тахаллуси «Ҷомӣ» рамзи ошиқони пуразоб, дилхаста ва ошиқи маънавӣ нуҳуфтааст. Оростани ҳалоки гӯяндаро кӣ хостааст? «Он, ки орост» («к-орост» дар охири байт гунаи кӯтоҳи «ки орост»). Боз суол пеш меояд: Он кист ва чиро орост?! Оне, ки «шаклу шеваи саворони сарвболо»-ро офариду орост, Худованд аст. Ин ҷо гӯянда як шоири заминиест, ки таъсирпазириашро аз «шаклу шеваи саворони сарвболо» – ростқоматону баландқоматон (сифатҳои маҳбуба) дар пардаи ифодаи «ҳалоки Ҷомии дилхаста» тасвир кардааст. Дар асл сухан дар бораи ҳамон «зулайховаш»-ест, яъне монанди Зулайхо, зебову хубрӯ. Мурғи дили гӯянда чунон «сайди тири нодонӣ» шуда, ки ин сайд ҳатто «болу пари» «мурғи риштабарпо»-ро низ мешиканад. Гӯянда ин ҷо мурғи риштабарпост, бас нотавон аст, ки як умр таманнои бурдани саҷдаи хоки раҳ (ё «хоки дар») дорад, яъне расидан ба остонаи дари маҳбуб ӯро дилхаста дошт, аммо аз фарти норасидан ин таманноро ба хок мебарад, яъне саҷдаи хоки дараш солҳо бо ҳам дораду аммо ба он намерасад...

 

Субҳони АЪЗАМЗОД,

номзади илмҳои филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: