Соҳаи таълими вилояти Навоӣ боз як дастоварди назаррасро соҳиб гардид.
Омӯзгори фанни ҳуқуқи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-юми шаҳри Навоӣ Аслиддин Қӯчқоров дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин омӯзгори ҳуқуқ» ғолиби мутлақи озмун эълон гардид.
Ин пирӯзӣ нишонаи равшани меҳнати пайваста, сифати баланди таълим ва мақоми баланди омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин омӯзгори ҳуқуқ» ҳамасола бо мақсади муайян намудани омӯзгорони соҳибтаҷриба, ташвиқи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ баргузор мешавад. Дар чунин рақобати сатҳи баланд ба даст овардани ҷойи аввал аз маҳорати касбӣ, донишмандӣ ва садоқати омӯзгор ба касби худ шаҳодат медиҳад.
Пирӯзии Аслиддин Қӯчқоров мояи ифтихори ҷомеаи омӯзгорӣ ва тамоми аҳли маорифи вилоят буда, бозгӯи он аст, ки кори таълим дар вилоят дар сатҳи ҷумҳурӣ мавқеи устувор ва шоиста дорад.
ДАСТОВАРДИ НАВИ ДУХТАРИ НАВОӢ
Хушхабаре, ки аз раёсати идораи таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Навоӣ расид, боз як далели равшани иқтидори ҷавонони минтақа дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Толибилми мактаби Президентии шаҳри Навоӣ Райҳона Санақулова дар озмуни информатикаи минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором – APIO 2026 натиҷаи назаррас нишон дода, соҳиби медали нуқра гардид.
Ин озмун яке аз мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи информатика ва барномасозӣ ба шумор меравад. Дар он беш аз 900 нафар барномасозони ҷавони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат намуда, донишу маҳорати худро дар ҳалли масъалаҳои мураккаби алгоритмӣ санҷиданд.
Дастоварди Райҳона барои тими Ӯзбекистон низ аҳамияти калон дорад. Зеро ҳайати мунтахаби кишвар дар ин рақобати зеҳнӣ тавонист як медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст орад.
Аммо муваффақияти Райҳона танҳо бо ҳамин маҳдуд намешавад. Чанд рӯз қабл ӯ дар озмуни аврупоии духтарон аз фанни информатика – EGOI 2026, ки дар Италия баргузор гардид, низ сазовори медали нуқра шуда буд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.