Гиромидошти Таваккал Қодиров

Дар конфронси илмӣ-амалие, ки бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Таваккал Қодиров дар маркази иттилоот ва китобхонаи вилояти Фарғона таҳти унвони «Таваккал Қодиров ва роҳҳои мақомҳои Фарғона –Тошканд» доир гашт, таърихшиносони санъат, муҳаққиқони мақом, профессорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳунарпешагон, инчунин муҳаққиқони ҷавон иштирок карданд.

Гуфта шуд, ки ин конфронс як қадами муҳим дар роҳи омӯзиши амиқтари ҳаёт ва фаъолияти ҳунарпешаи бузург, таблиғи анъанаҳои беназири санъати мақом ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. 

Дар идомаи гиромидошт дар маҷмааи илмӣ-таълимӣ ва сайёҳии «Бурҳониддин Марғинонӣ»-и шаҳри Марғелон таҳти унвони «Сурудҳои Таваккал Қодиров дар қалби мардуманд» озмун низ баргузор гардид. Асарҳои классикӣ, ки қисми ҷудонашавандаи мероси эҷодии ҳунарманди машҳур мебошанд, аз ҷониби овозхонҳон ҷавон бо маҳорати том иҷро карда шуданд.

Тибқи натиҷагириҳои ниҳоии озмун мақомхонони Театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон, соҳиби медали «Шуҳрат» Азизбек Абдуазимов ва соҳиби медали «Келажак бунёдкори» Улуғбек Элмуродзода ба гирифтани ҷоизаи Гран-при сазовор гардиданд ва ҷоизаҳои пулӣ, дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ба даст оварданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилоти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: