Роҳҳо – пайвандгари дилҳо, аммо...

Дар «Овози тоҷик» (15 апрели соли 2026, № 30) «Роҳи Фориш шоҳроҳи зиндагӣ ё масири фоҷиа?» ном мақолаи хабарнигори рӯзнома Фаридуни Фарҳодзод рӯйи чопро дид.

 Ӯ менависад: «Роҳи Фориш. Ин ибора миёни ронандагону мусофироне, ки дар масири шаҳри Ҷиззаху ноҳияи Нурато пайваста ҳаракат мекунанд, дар ҳадде «маъруф» аст, ки баробари шунидан як чизро пеши назар меоранд: роҳи фарсуда, хароб ва барои ҳаракат хатарнок...

Ҳатто шунидани ин ибора дар дили баъзеҳо хотираҳои талху мудҳишро бедор сохта, табъашонро хира менамояд...»

Ман зодаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато мебошам ва тавассути ин шоҳроҳ ба зодгоҳ меравам ва гоҳе бевосита гувоҳи  ҳодисаҳои нохушу фоҷиаовар гаштаам.

Солҳои 1978-1982 дар Самарқанд таҳсил мегирифтам. Он рӯзгор дар роҳҳо нақлиёт ва баробари ин, омаду рафти мусофирон низ кам буд. Дар як сол ду-се маротиба ба деҳа мерафтем.

Моҳи феврали соли 1979 баъди супурдани имтиҳонҳо бо дугонаам Гулчеҳра, ки аз деҳаи Синтаб буд, ба зодгоҳ роҳ пеш гирифтем. То маркази ноҳияи Фориш илоҷе карда расидем. Аз маркази ноҳия то деҳаи Синтаб як автобуси хурдакак равуо мекард. Ҳамон рӯз ба автобус расида натавонистем. Дар Фориш ягон шинос ё хеше надоштем. Рӯз бегоҳ мешуд, чӣ бояд кард?

Бо Гулчеҳра хотирпарешон пиёда ба роҳ даромадем. Як-як мошинҳои гуногуни боркаш ва тракторҳо мегузаштанд. Тракторе омада истод ва баъди номи деҳаи Синтабро ба забон гирифтанамон ронанда, ки марди миёнсоле буд, гуфт: «Ба телешка савор шавед». Баъди ба телешка ҷойгир шудан, ҳар ду ба якдигар нигоҳ карда ҳам механдидему ҳам гиря мекардем...

Хулоса, бо бардорузанҳои зиёди роҳ ба манзил расидем. Падари Гулчеҳра – Пӯлод Мансуров (ёдашон ба хайр), ки инсони дарёдил ва фаъол буданд, ба ронанда миннатдорӣ баён намуданд. Ва баъди ҳолпурсию каме ба худ омадани мо ба сарзаниш даромаданд.

– Духтарони беақл, чаро барвақттар ба роҳ набаромадед? Дар ин рӯзҳои кӯтоҳи зимистон, ҳавои сард дар кӯча монданатон мумкин буд!

Рӯзи дигар Пӯлодамак маро бо мошини хидматиашон ба деҳаам бурданд.

Таътил ҳам зуд гузашт. Вақти ба шаҳр баргаштан шуд. Саҳарӣ модарам маро бедор карда гуфт: «Хез духтарам, падарат туро ба автобус бояд расонад, вагарна боз дар ними роҳ мемонӣ». Падарам аллакай дар гирди мототсиклаш ҷунбуҷӯл дошт. Модарам тӯшаи роҳро ба бордони мототсикл ҷой кард ва маро ба оғӯш кашида, «роҳи сафед» талабид. 

Он солҳо роҳи калони Фориш – Нурато мумфарш набуд. Аз боло, тавассути ағбаҳои кӯҳ хару асп, трактор, мототсиклу мошинҳо ҳаракат мекарданд. Мардум бо мушкилиҳои зиёде гоҳ савораю гоҳ пиёда ба манзилашон мерасиданд.

Борони шаб дар чуқуриҳои роҳ кӯлмакчаҳо ҳосил карда буд. Ҳар дафъаи аз кӯлмакҳо гузаштан об ба сару рӯ пош хӯрда яхчаҳо ҳосил мешуданд.  Падарам ногаҳон дар канори роҳ мототсиклро нигоҳ дошта, чармлаттаи кабинаро ба сари ман кашид, то обҳои сард ба рӯям назананд. Баъди андаке роҳ паймудан, оҳиста аз таги чармлатта ба падарам нигоҳ кардам. Рӯю мӯй, миҷгонҳояш яхча баста буд. Дар таги чармлатта бесадо аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд: «Чаро падари меҳрубонамро ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ кардам? Ман бояд намехондам, дар хона хидматашро мекардам...» 

Ногаҳон, мототсикл аз ҳаракат монд. Падарам ин сӯ-он сӯяшро диду гуфт:

– Духтарам, фаромада аз пасаш тела кун. 

Ва худ чамбараки онро ба барозӣ, ба самти дашт равона кард. 

Падарам дар торикии дашт нопадид гашт. Ман танҳо мондам. Атроф торик, шамоли сард мевазид. Аз падарам дарак не. Хайрият, аз дур чароғаки мототсикл намоён шуд. Тамоми вуҷудам, ки аз тарсу сардии ҳаво меларзид, каме таскин ёфт. Ҳамин тавр, бо машаққати зиёд ба автобуси мусофиркашон рафта расидем.

Мақсад аз овардани ин лаҳзаҳои ҳаёт он аст, ки дар шебу фарози ин роҳҳо мардум зиёд ба мушкилиҳо мувоҷеҳ шудаанд.

Роҳ танҳо масири аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан нест. Роҳ пайвандгари дилҳо, воситаи дидор, ризқу рӯзӣ ва пешрафти зиндагӣ  аст. Аз қадим гуфтаанд: «Роҳ бошад – равуо ҳаст, равуо бошад – ободӣ». Воқеан ҳам, ба ҳар деҳа, маҳалла ва шаҳр бо роҳи ободу ҳамвор ворид шудан ба кас роҳат мебахшад.

Аммо имрӯз на ҳама роҳҳо ободанд. Бисёре аз роҳҳои дохили шаҳру ноҳияҳо, кӯчаҳои маҳалла ва роҳҳои байни деҳаҳо ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. Чуқуриҳои пай дар пай, пастиву баландӣ, набудани аломатҳо ва чароғакҳои қади роҳ сабаби садамаҳои нақлиёт мегарданд. Ин мушкил на танҳо воситаҳои нақлиётро фарсуда мекунад, балки ҷони инсонҳоро зери хатар мегузорад.

 Моҳи августи соли гузашта аз рӯйи зарурат ҳамроҳи духтаронам роҳи деҳаро пеш гирифтам. Вақте дохили роҳи Фориш шудем, аз тарақотуруқи автомобил, ки ба чуқуриҳои роҳ бармехӯрд, хавотир шуда, ба духтарам хотиррасон кардам, ки мошинро оҳиста ронад. Дар наздикии деҳаи Ӯхм чархи мошин сӯрох шуд. Нуқтаи таъмири мошинҳо дар маркази шаҳраки Фориш будааст. Баъди занг задан онҳо омада чархи мошинро кушода гирифта бурданд ва гуфтанд, ки баъди ду соат бармегарданд. Дар он роҳ на як дарахт буду на як соя. Ҳаво гарм, набераҳо аз ташнагию гармӣ ба гиря даромаданд. Хайрият роҳгузаре аз вазъи ҳол огоҳ шуда, моро то омадани таъмиргарон ба деҳаи наздиктарин бурд.       

Боре ҳангоми аз деҳа баргаштан бо зани солхӯрдае то маркази ноҳияи Фориш дар таксӣ нишастем. Роҳи харобу фарсударо дида, зан гуфт:

– Аз замоне ман худро мешиносам, ин роҳ ҳамин хел. Аз тарси роҳ ба ягон ҷойи дур намебароям. Ҳамин роҳ сабабгор шуду ба қарибӣ келинам аз кӯдаки чормоҳаи батнаш маҳрум шуд...    

Оре, ҳар як чуқурии роҳ метавонад сабаби фоҷиае гардад. Ронандае, ки шабона бо суръати муътадил ҳаракат мекунад, ногаҳон ба чуқурии калон бармехӯрад. Идоракунии мошин аз даст меравад, садама рух медиҳад.

Мутаассифона, мо аксар вақт танҳо баъд аз фоҷиа ба мушкилот рӯ меоварем. То замоне, ки садама рӯй надиҳад, бисёриҳо хомӯш мемонанд. Вале ҳар садама – ашки модар, дарди падар ва сарнавишти шикастаи як оила аст.

Дар баъзе деҳаҳо мардум даҳсолаҳо аст, ки интизори таъмири роҳанд. Дар фасли баҳору зимистон роҳҳо пур аз лой ва об мешаванд, дар тобистон чангу ғубор нафасгир месозад. Кӯдакон ба мактаб саривақт расидагӣ намекунанд, беморон ба беморхона дер мерасанд, деҳқон маҳсулоти худро ба бозор бурда наметавонад.

Президенти мамлакатамон борҳо таъкид кардааст, ки ободии маҳалла аз роҳҳои он оғоз мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки қисми зиёди садамаҳо дар роҳҳои ноҳамвор ва бетаъмир рух медиҳанд. Ин ҳақиқат моро водор месозад, ки ба роҳсозӣ бо масъулият қаробат ҷӯем.

Албатта, танҳо давлат наметавонад ҳамаи мушкилро якбора ҳал кунад. Ҳифзи роҳҳо масъулияти муштараки мақомот, ронандагон ва худи сокинонанд. Баъзеҳо, пас аз таъмир, бо техникаи вазнин ҳаракат карда, роҳро вайрон мекунанд, оби зиёдатиро ба роҳ равона месозанд ё канори роҳро хароб мекунанд.

Маданияти истифодаи роҳ низ басе муҳим аст.

Бо вуҷуди ин қадар садамаҳо, ки ба ҳаёти даҳҳо нафар нуқта гузоштаасту қалби садҳо нафарро озурда кардааст, наход чашми масъулон нобиною гӯшашон ношунаво бошад?!

Имрӯз ҷомеа ба роҳҳои нави замонавӣ ниёз дорад. Ҳар маблағе, ки барои таъмири роҳ сарф мешавад, дар асл барои ҳифзи ҷони инсон сарф мегардад.

Халқи пурдидаи мо гуфтааст: «Роҳи ҳамвор – сафари бехатар». 

Роҳҳо пайвандгари дилҳоянд, аммо танҳо он вақт, ки онҳо амну обод бошанд.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: