Табдили ном ба хотири чӣ?

Вақтҳои охир бобати иваз намудани номҳо хабару овозаҳои гуногун паҳн мешаванд.

 Ростӣ, аз як ҷониб хурсандиовар аст, ки ҳисси худшиносӣ боло рафтаасту ба тифлони навзод номҳои муносиб мегузоранд. Билохира, дониставу надониста иваз кардани номҳои мардони синну солашон боло касро ба андеша водор месозад. Инак, чанд мисол, ки ба иваз намудани номҳо, бар замми ин кӯр-кӯрона даст кашидан аз номҳои соф тоҷикӣ-форсӣ ва ё забонҳои дигар марбут мебошад.
Чанде пеш дар маъракае баробари мардуми одӣ чанд тан аз рӯшанфикрон низ ҳузур доштанд. Баногоҳ нафаре, ки дар пешгаҳ менишаст, бо нимтабассуми малеҳу қаноатмандона ба аҳли давра рӯ оварда гуфт:
– Оё шумо хабар доред, ки мо ба наздикӣ ба кори хайре даст задем.
Нишастагон яку якбора гӯшу ҳуш шуданд.
– Шунида будем, ки дар оилаи як ҳамдеҳаамон чаҳор писар Тошпӯлод, Тошмурод, Тоштемир, Тошқул ном доранд. Мо бо хоҳиши худашон ба онҳо Суҳроб, Иброҳим, Иноятуллоҳ ва Муҳибулло ном гузоштем, зеро номҳояшон тақрибан такрори якдигар буд...
Нишастагон суханони он нафарро бо ишораи сар тасдиқ намуданд. Касе чизе нагуфт. Аммо ман ба вай чунин суол додам:
– Ба фикри шумо розиам, вале синни одамони номбаркардаи шумо аз панҷоҳ боло-ку. Онҳоро падару модаронашон 40-50 сол боз чунин ном мебаранд. Бар замми ин масъалаи ҳуҷҷатҳои онҳо чӣ гуна ҳал мешавад?
Суоли камина аксари нишастагонро гӯё ба такон овард. Баъзеҳо байни худ суханони он нафарро бо овози паст муҳокима менамуданд. Баъзеи дигар чӣ гуфтанашонро намедонистанд. «Болои сӯхта намакоб» нафари дигар бо ифтихор эълон намуд:
– Ман ҳам номи худро бо пешниҳоди ҳамдеҳагон иваз намудам. Номам Парвиз буд. 42-сола шудам. Фаҳмидам, ки Парвиз дар китобҳои қадима маънои аниқу амиқ надоштааст. Бинобар ин онро ба Довуд иваз кардам. Падарам низ ба ин розигӣ доданд.
Андешидам, ки охир, яке аз номҳои «тош», «темир», «қул» ва ғайра даст кашад, ба дигаре чӣ шудааст, ки номи сирф тоҷикӣ-форсиро иваз намуда, барои худ номи нав меҷӯяд.
Ҷилави сухан дар он маърака ба сӯи дигар тоб хӯрду ҳама даст ба дуо бардошта аз ҷо хестанд. Ман чандин рӯз сари ин масъала андеша кардам. Ва хостам барои худ як тадқиқоти хурдакаки журналистӣ гузаронам. Ниҳоят фаҳмидам, ки волидайни он чаҳор нафаре, ки номҳояшонро иваз кардаанд, алҳол аз дунё гузаштаанд, онҳо бинобар чандин фарзандонашон дар навзодӣ вафот кардан ба писарон бо умеди нек иҷборан чунин ном гузоштаанд. Яъне, чун сангу оҳану пӯлод мустаҳкам шуданашро орзу намудаанд. Дар масъалаи табдили номи Парвиз бошад, ба хулосае расидам, ки ин танҳо хостаи ӯст, яъне мехоҳад номаш Довуд бошад.
Ин аст асли ҳақиқат. Биёед, андеша кунем. Аз иваз кардани номе, ки замоне падару модарон интихоб намудаанду имрӯз фарзандон иваз мекунанд, оё дуруст бошад?

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
хабарнигор.
Ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: