Дар доираи ин ташаббус 1295 нафар ятим ва кӯдакони аз нигоҳубини волидайн маҳрум аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз 7 то 14-сола, 12 рӯзро дар урдугоҳҳои иттифоқҳои касаба сипарӣ мекунанд. Дар ин бора Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки имсол бори аввал лоиҳаи махсуси иҷтимоӣ барои ташкили пурмазмуну шавқовари таътили тобистонаи чунин кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон амалӣ мегардад.
Хусусияти муҳими лоиҳа дар он аст, ки кӯдакон дар урдугоҳҳо дар баробари ҳамсолони худ, дар шароити баробар истироҳат мекунанд. Ин имконият ба онҳо барои пайдо кардани дӯстони нав, рушди муошират ва гузаронидани вақти хушу хотирмон мусоидат мекунад.
Ҳамаи хароҷоти сафар ва истироҳати иштирокчиён пурра аз ҷониби Фонди давлатии ҳифзи иҷтимоӣ пардохт мешавад.
Айни ҳол, дар доираи марҳилаи аввали лоиҳа, 1062 кӯдак ба урдугоҳҳо фиристода шуда, барои онҳо барномаҳои фароғатӣ ва барқарорсозӣ оғоз гардидааст.
Ба таъкиди масъулон, ин ташаббус яке аз лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ба дастгирии ятимон ва кӯдакони аз нигоҳубини волидайн маҳрум, инчунин таъмини кӯдакии хушбахтонаи онҳо равона шудааст.