Тибқи ҳисоботе, ки рӯзи панҷшанбе аз ҷониби агентии обуҳавошиносии СММ ва Хадамоти метеорологии Британияи Кабир – Met Office нашр шуд, дар панҷ соли оянда ҳарорати глобалӣ метавонад ба сатҳи қариб рекордӣ бирасад.
Ҳамзамон, пешбинӣ мешавад, ки Арктика нисбат ба дигар минтақаҳои ҷаҳон зудтар гарм мешавад.
Дар ин ҳисоботи солона, ки пешгӯии ҳарорат ва боришотро барои минтақаҳои гуногун дар бар мегирад, омадааст, ки дар солҳои 2026–2030 ҳарорати миёнаи сатҳи Замин нисбат ба давраи тоиндустриалии солҳои 1850–1900 аз 1,3°C то 1,9°C баландтар хоҳад шуд.
Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки дар солҳои 2026–2030 эҳтимоли хеле зиёд вуҷуд дорад, ки ҳадди ақал дар як сол ҳарорати миёнаи ҷаҳон муваққатан аз марзи 1,5°C боло равад. Ҳамчунин мумкин аст яке аз солҳои ин давра ҳатто рекорди гармтарини соли 2024-ро низ пушти сар кунад. Соли 2024 аввалин соле гардид, ки ҳарорати миёнаи ҷаҳон аз сатҳи 1,5°C болотар рафт.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар солҳои наздик падидаи пурқуввати «Эл-Нино» метавонад ба амал ояд. Ин ҳолат эҳтимоли боз ҳам баланд шудани ҳарорати ҷаҳон ва сабти рекордҳои навро зиёд мекунад.