ҚИССАИ БОЗУБАНДИ ПАДАР

Аз субҳи содиқ садои карнаю сурнай фазои деҳаи Қалъаи Эшонро фаро гирифта буд. Соҳибтӯй Нусратуллохони мансуб ба шахсиятҳои бонуфузи Истаравшан, дар боғи падарӣ, ки он ҷо манзили зист бунёд карда буд, ба нияти ҳалол кардани дасти ду писаракаш, ки яке чорсолаву дигаре панҷунимсола, тӯйи калон барпо кард.

 Ба русто аз Тошканду Самарқанд, Бухорою Хуҷанд низ меҳмонҳо меомаданд. Охир ҳамсари он кас духтари хурдии қозии собиқи Истаравшан буд…

Бале, Сабоҳатхон духтари хурдии қозии шаҳри азим – таҳсилдидаи мадрасаи духтарона, хатмкардаи Қуръони маҷид ва донандаи вазни арӯз ҳам буд. Аз илми одоби муошират бархӯрдор, дар муомила ба ёрон ибрат буд. Дасти кушод, дили нарм ва сухани гарм дошт. Бо Нусратуллохон чун нигину ангуштарӣ буданд. Зану шавҳар ҳамдигарро «шумо» мегуфтанду бо шеър саволу ҷавоб мекарданд. Ҳама хурду калон ба онҳо ҳавас мекард. Духтаракони ҳамсояҳо ба болои бом баромада интизорӣ мекашиданд, ки арӯси зебои шаҳрӣ ба рӯйи ҳавлӣ барояду онҳо як бор бинанд, ки дар тан чӣ пираҳану дар сараш чӣ рӯмоле дорад.

Оилаи онҳо хурд набуд. Дар ин оила хоҳару амакҳо, аммаву холаҳо якҷо зиндагӣ мекарданд. Байни бошандагони оилаи калон, дар баробари ҳавас мекардагиҳо, ҳасад мебурдагиҳо низ буданд.

Аммо ҳасад он қадар қувваи вайронкунанда доштааст, ки инсонро аз дарун вайрон карда, ба раҳму шафқат, меҳр, некӣ ва ҳатто сипос ҳам заррае ҷой намедодааст. Ва аз ҳама дарднокаш он аст, ки корд аз дасти кӣ ва аз кадом тараф ба қафаси синаат мехалад, намедонистаӣ. Ин ҳолро тамасхуру заҳрханда ё луқмапартоиҳои ноҷои аъзои оила фош мекард.

Хонаи ёздаҳболораи барҳаво ба дабдабаи тӯй афзуда буд. Дар мобайни хона ҷогаҳи баланди аз кӯрпаҳои нави духоба ороста ба назар мерасид. Дар поёни он кӯрпаи калони абраву астараш духобаи қирмизии нимпахтаи чорқатро тахт карда монда буданд. Ҷогаҳ – мунтазири бачаҳои хатнашаванда. Ранги болинҳои сурху зард ва кабуди нақши гулҳои пари товус дошта гӯё бо ҳам ҷанг мекарданд.

Дар сандалихонаи дарун баробари шунидани садои карнай, Сабоҳатхонро «чордард» гирифт. Аз як тараф дарди бача азият диҳад, аз тарафи дигар хавотирӣ аз солимии тифл занро мурдаву зинда мекард.

Баъди ба дунё овардани ду писари калонӣ бори чандум аст, ки тифлонаш мурда таваллуд мешуданд. Чашми зан аз бархӯрди нигоҳҳо метарсид: аз нигоҳҳои таънаомези аҳли хонадон ва нигоҳҳои пуризтироби шавҳар. Агарчи шавҳараш ҳар дафъа тасаллояш медод, ки «Аллоҳ бузург аст ва яъсу ноумедӣ шеваи шайтон бошад, албатта, ин дафъа фарзанди солиму солеҳ ато мекунад». Гаштаву баргашта дар рӯйи ҷойнамоз рӯйи ниёз меоварданд…

Дар чанд дег ош дам карда буданд. Зери садои карнай меҳмонон фавҷ-фавҷ омада, оши наҳор хӯрда мерафтанд. Оши деги якум ба охир расида, сарпӯши деги дуюмро мекушоданд, ки писаракон рӯйи навдаҳои тари бед савор шуда, ба «аспакбозӣ»  шурӯъ карданд. Одам бисёр, дар ҳавлии дарун – занҳо, дар берун – мардҳо.

Хатнашавандагон «ташна мондем» гуфта, ба сӯйи занҳо рафтанд. Аз дасти кадоме об нӯшиданду шояд ош ҳам хӯрда бошанд, баргаштанд. Баъди андак фурсат «хунук хӯрдем» гуфта, дар ҷогаҳи хатнатӯяшон дароз кашиданд. Кадоме аз амакҳо «хоб равед то усто омадана» – гуфту ба болояшон кӯрпаи духобаи қирмизиро пӯшонд.

Тамоми аъзои бадани зан ба ларза даромаду остинашро чун лаҷоми асп газида, бо охирин қувва зӯр заду аз ҳуш рафт. Болои сараш хоҳаршӯю дар поён кампири доя хидмат мекарданд. Хушдоман ва чанд зани дигар паси дар интизор мешуданд. Ҳама бо ҳисси кунҷкобӣ зуд-зуд ба паси дар омада мерафтанд. Хушдоман дастаи дарро дошта меистод. Садои нафасгириву зӯрзании зан ба поён расиду аз тифл садо набаромад.

Доя кӯдаки бенафасро бо оби ширгарм шустушӯ карду ба суфи сафед печонда, ба дасти хушдоман доду гуфт: «Боз тифли мурда таваллуд кард келинатон. Мебахшеду одама алогиаш дарунашбаю... ани гов берунашба. Ин зан деви баччахур дорад. Кӯдак дарунашба каб-кабуд шуда мурдагӣ».

Суханони доя ба гӯши зани азҳушрафта мисли тири милтиқ расиданд. Ба худ омаду хост гӯяд, ки ин ҳама бидъат, дурӯғ, хурофот аст, аммо қувваташ намерасид. Яке аз ҳамсоязанҳо, ки аз ин зан бисёр муроот медиду мудом дар хидмати аҳли хонадон буд, як пиёла наботчой нӯшонд.

Устои хатнакун омад, ӯро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Усто гуфт, ки аввал корашро иҷро карда, баъд ба сари дасторхон мешинад. Соҳибони хона ӯро ба сари дасторхони пурнозу неъмат бурда шинонданду гуфтанд, ки бо ҳамин баҳона бачаҳо камтар хоб мераванд.

Аз ин сӯву он сӯ суҳбат карда, баъди оши палави хушлаззатро хӯрдан, ба ҷойи хоби кӯдакон рафтанд.

Сурнаю карнай аз берун садо медод. Бо усто як гурӯҳ мардҳои хонадон бо хандаву шӯхӣ меомаданд. Яке аз амакҳои кӯдакон ҷойгаҳро давр зада, дар рӯ ба рӯ истоду кӯрпаро бардошт.

Ду кӯдаки зебо – бародарон дар як ҷогаҳ якдигарро ба оғӯш кашида хоб мерафтанд. Дар тан либосҳои оҳарӣ – яктакчаҳои фарангӣ ва ҷомачаҳои зардӯзии бухорӣ доштанд. Тоқичаҳои зардӯзиашон бошад, аз сарҳояшон фаромада буд. Болои сарашон бошад, куртачаву эзорчаҳои сап-сафеди аз суф дӯхтамондаи модарашон меистод. Ҳама бо дидани ин манзараи зебо ба ваҷд омаданд. Кӯдаконро ном гирифта бедор карданӣ шуданд.

– Хобакошон ҳайф мешавад-дия, усто,– гуфт яке аз аъзои хонавода.

Усто пеш аз он, ки ба кораш сар кунад, хост кӯдаконро аз ҳамдигар ҷудо кунад. Даст ба тани кӯдак расонду рангаш парид. Чашмаш ба рӯйи марди дар наздаш истода афтоду як лаҳза шах шуда монд. Кӯдаки дуюмро ҳам даст расонду дар ҳайрат монд. Ранги усто девор барин сафед шуда буд. Ду кӯдаки маъсуме, ки дар берун барои онҳо карнаю сурнай навохта мешуд, дар канори ҳам ба Ҳақ пайваста буданд…

Дар як лаҳза тӯйхона ба азохона табдил ёфт.

Модаре, ки нав таваллуд карда, дар ҳасрати тифли навзоди нокомаш ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, бо шунидани ин хабар аз ҳуш рафт. Дар пояш рост истода наметавонист, аммо бовараш ҳам намеомад. Аз ин рӯ, ба гапи касе аҳамият надода, чорпо аз сандалихона ба сари ҷогаҳи кӯдакони маъсуми бачамаргаш рафт.

Ҳама барои тасаллои хушдоманашу ҳамсараш бо тамоми овоз фарёд мезаданд. Садо дар гулӯи ин модари дар як рӯз, дар як лаҳза, се фарзандашро аздастдода дар монда буд. Дилу ҷигараш месӯхт. Тоқат карда натавонист, аз ҳуш рафт. Ба рӯяш об пошиданд. Чашмашро кушоду болорҳои хонаро дид, паҳлӯ гашта, бори охирин чеҳраҳои сарду ширини писаронашро диду боз аз ҳуш рафт. Ӯ дар хотир надорад, ки чӣ гуна он модари ғарқи хунро аз он ҷо бароварданду кай покшӯҳо омаданду он ду гули пурармони боғи умрашро бурда ба хоки сард супурданд.

Ҳамсоязан ба Сабоҳатхон нигоҳубин мекарду зуд-зуд чой медод, ба иваз кардани либосҳояш кумак мерасонд. Рахти хобашро нав карду ба зери сараш болинҳои иловагӣ гузошта,  нимхез мешуду боз мехобид. Пайкари резааш аз шиддати дарду ғам лоғартар шуда, рангаш мисли заъфарон гашта буд. Ба занҳое, ки барои ҳолпурсӣ меомаданд, бо овози маъюсу хаста марсия мехонд:

Менамудӣ дар ҷаҳон шояд, ки фарзанде набуд,

Дар ҷаҳон чизе ба ман манзур дилбанде набуд.

Во алам, садҳо алам, аз теғи алмосат ситам,

Ин ниҳоли қоматамро ҳеч пайванде нашуд.

Ғунчаҳои ношукуфтам, во алам, во баччаҳом!

Дардакошон монд нагуфта, во алам, во баччаҳом!

Теғи алмосӣ задӣ бар синаи ман се карат,

Холӣ кардӣ доманам аз меваҳои навбарат.

Зор мегиряд ба ҳоли мискинам  гӯё фалак:

Ин даҳонат ғарқи хуну сангу хок аст бистарат.

Бо садои қӯшакарнай ман шудам мотамсаро,

Тифлакони ғӯрамаргу тарбури ман, алвидоъ…

Ҳар як мисраъ, ҳар як сухан, ҳар як ҳарфи ин зани мотамсаро мисли сӯзан ба дилҳо мехалад. Касе ёрои сухан кардан надошт.

Вақти шом аҳли оила хомӯш менишастанд. Дигарон дар хонаи калон ва модари ранҷур дар хонаи дарунӣ. Хоҳари калонӣ дид, ки бародараш аз фироқи фарзандон чашмонаш суп-сурх шуда, рангаш дар байни ду-се рӯз коҳидааст, ӯро тасаллӣ дод:

– Ин қадар худатонро азоб надиҳед, ҷавоби занатонро диҳеду ягон зани сиҳат гиреду монед. Азобатонро бинед, раҳми кас меояд. Занҳои «дилсӯз»-и дигар гапҳои дояро тақвият доданд.

Ӯ намедонист, ки бародараш ба шиддати дард тоқат карда натавониста, бо деҳқонон май нӯшида буд…

Мард аз ҷояш хеста ду-се қадам ба сӯйи хонаи хоб гузошту дастаи дарро дошта, як пояш дар болои остона садо баланд кард:

– Сабоҳатхон!

Зан баробари шунидани садои шавҳар каме нимхез шуда, бо овози гирифта аз дарун «лаббай!»  гуфт.

Чароғи пилта милт-милт месӯхт. Зан ба чеҳраи азияткашидаву ғамбори шавҳар ғамгусорона нигоҳ мекард. Чашмони маҳзунаш ба даҳони шавҳар дӯхта шуда буданд.

– Савдои ману шумо напухт. Се талоқ! – аз даҳони мард баромаду ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.

– Қуллуқ, – гуфт зан ва даст пеши бар ниҳоду чашм аз чеҳраи шавҳари бегонагашта канду сар хам кард.

Мард дастаи дарро сар дода башаст аз хона баромада рафт.

Ҳама карахт шуда буданд. Ҳатто онҳое, ки чандин сол боз дар орзуи ин амалу ҳодиса буданд. Ҳамон шаб то саҳар Сабоҳатхонро хоб набурд, ончунон аз зиндагӣ дилаш сард гашта буд, ки на ба ягон тилловории падару модарашдода рӯ оварду на ба гилему либосу зарфҳои зарандуд. Аммо шарфаҳои пой то субҳ дар гирду атрофаш ором нашуданд. Ҳар кадом барои худ чизеро ғанимат гирифта мебурд, «оҳиста-оҳиста»… Ӯ ҳамаашро  ҳис мекард.

Пагоҳӣ вақте аз хоб хест, дар болои сараш ҳамон ҳамсоязани дилсӯзаш – апаи Мастонро дид, ки беист ашк мерехт.

– Як сатил об гарм карда медиҳӣ? Шустушӯ карданиам,– гуфт саволомез зани дилшикаста.

– Албатта, ояҷон, – гуфта аз ҷой парида хест ҳамсоязан.

Дере нагузашта Мастон бо як сатил оби гарм омаду соҳибхоназанро бори охирин ба ташноби хонааш бурд ва барои ғусл кумакаш кард. Зеро ҳанӯз, баъди таваллуд, бемадор буд. Ҳамсоязан баъди оббозӣ аз ӯ пурсид, ки кадом куртаашро орад. Зани маъюс бо ишораи «лозим нест» сар ҷунбонд. Зан ҳамон либосҳои карбоси сиёҳеро, ки барои мотами фарзандонаш пӯшида буд, ба танаш кашиду берун баромад. Бошандагони ҳавлӣ, бархе бовиқор, мисли размкори пирӯзгашта, ба ӯ нигоҳ мекарданд. Баъзеашон бо табассуми сохта, баъзеашон бо тамасхур аз наздаш мегузаштанд. Ҳатто баъзеашон бо оҳанги ҷангҷӯйӣ пичиррос зада, таъна ҳам мезаданд, аммо ба гӯши ӯ чизе намедаромад. Вай аз сатҳи ҳавлии дарунӣ ба берун гузашту рост ба оғил – ба пеши аспи сиёҳи пешонақашқае, ки падараш тӯҳфа карда буд, рафт. Аспи пир низ мисли худаш беҳолу каммадор метофт. Аз пасаш таънаву маломаткунон занҳои хонадон меомаданд. Аммо ӯ ба касе эътибор надода, аспро зин зада, ба берун бароварду аз дасти ҳамсоязани меҳрубонаш, ки ин лаҳза ягона инсони ғамхораш буд, фаранҷиашро гирифт.

Ин лаҳза аз меҳмонхонаи берун садои марғуладори фотеҳахоне баланд шуд. Аз шунидани садои шинос дар дил каме сабукӣ эҳсос кард. Ин одам ҳамсари холааш буд, ки баъди даргузашти падар аз ӯ гоҳ-гоҳ хабар мегирифт.

Баъди шунидани воқеаи талоқи ҷигарбанди бегуноҳаш ин мард ба шӯр омада сабаб пурсид.

Нусратуллохон забон хоида гуфт:

– Ҷиянатон бачамур. Аз вай фарзанд ба дунё намеояд. Солҳо ҳамин қадар тоқат кардем. Акнун… дигар наметавонем.

– Ҳаргиз ин тавр нест, – гуфт мард бо исрор. – Ман ӯро бо худам мебарам, ба марди камбағалтарини шаҳр ба шавҳар медиҳам ва агар аз ӯ фарзанди солим ба дунё ояд, оби Истаравшан ба ту ҳаром мешавад.

– Агар рӯйи фарзандро бинад, оби Истаравшан ба ман ҳаром бод! – бо ҷаҳл фарёд зад Нусратуллохон.

 Сабоҳатхон дар болои асп нишаста ба сараш фаранҷӣ гирифт, аммо чеҳрааш кушода буд. Баробари берун баромадани шавҳар, зуд рӯ панаҳ кард. Зеро акнун онҳо ба якдигар номаҳрам  буданд.

Ҳама бо ҳаёҳу ким-чиҳо гуфта, таънаву маломат мекарданд. Аммо Сабоҳатхон дар болои асп нишаста, барои сафед кардани худ чизе нагуфт. Танҳо ба хушдоманаш нигариста чунин гуфт:

– Ман ба ҳамааш розӣ. Фақат як лагани падарам аз Хитой ба ман ҳадя овардаашонро диҳед. Он хотира аст.

Шавҳараш ин дам ба мардиву матонат ва қудрати дили бузурги ҳамсараш бори дигар қоил монд. Дар дил аз суханони базабоновардааш афсӯс мехӯрду илоҷ надошт.

Дар пеши чашмонаш ҳамагӣ 7-8 сол муқаддам бо арӯс – духтари хурдии қозикалони собиқи шаҳр чиҳил асп бор омаданашро ба хотир оварду аз саҳнаи имрӯзаи бозгашти вай дилаш бухс кард. Имрӯз вақти ҷудоӣ ҳамон арӯси нозанини бадавлат ба зани мотамзадаи танҳо табдил ёфта, дар болои аспи лоғар як лагани сафолини хотиравиро мепурсаду ӯро ақрабои аз ҳисоби вай хӯрдаю пӯшидагиҳо мезананд, дузд, муттаҳам, бефарзанд, бачамуру бачахур, бекасу ноӯҳдабарояш мехонанд.

Нусратуллохон ҳамаро ором карду амр дод, ки лаганро диҳанд. Баъди кофтукови зиёде онро пайдо карданд. Зани мазлума лаганро дар бағал гузошту ба пушташ нигоҳ накарда рафт.

Мард то аз назар ғоиб шудани ин зани оқилаву доно, сабуру закӣ чашм наканда, сукут варзид. Аз дилаш мегузашт, ки шояд ин хел зани оқиларо дигар нахоҳад дид.

Сабоҳатхонро шавҳари холааш ба хонаи худаш бурд. Холааш нигоҳубину парасторӣ кард. Азбаски солҳои вазнини пешазҷангии шӯравӣ буд, ба эшонҳо тамғаи кулакро зада, бадарға мекарданд. Онҳо мосуво аз молу мулк ва хонаву ҷой аз шаҳрҳо ба қишлоқҳои дур, ё дар мавзеъҳои кӯҳӣ ному насабашонро пинҳон намуда, мезистанд. Баъзеашон бо кӯҳнадӯзиву чӯпонӣ зиндагиашонро пеш мебурданд.

Шавҳари хола ба ваъдааш вафо кард. Сабоҳатхонро ба яке аз эшонҳои камбағали шаҳр – Фазлуллохон, ки аз зани фавтидааш як духтарчаи хурдакаке дошту дар яке аз кулбаҳои деҳаи Шӯрак зиндагӣ мекард, ба шавҳар дод. Дороии ин хонадон ҳамагӣ аз як пӯстин ва ду кӯрпачаю як кӯрпа иборат буд.

Дар Шӯраки камоб баҳор омад. Сабоҳатхон умедвор шуд. Теппазамини рӯйи ҳавлиро шудгор карда, деҳқонӣ кард. Аммо бар асари корҳои вазнини ҷисмонӣ ва камқувватӣ фарзанд бармаҳал нобуд шуд.

Рӯзе шавҳараш Фазлуллохон хоб мебинад, ки падари он кас ба Шӯрак омада сӣ қадам аз кулбаашон ба тарафи рост рафта, пас аз санги кабуд чор қадам ба сӯйи офтоббаро гузошта заминро кофтаанд, ки аз он ҷо об баромадааст. Мардум, ки аз набудани об шикоят доштанд, аз шунидани тафсири хоби эшони Фазлуллохон ба кофтани ҳамон ҷойи замин камар мебанданд. Ним рӯз ҷойи бо нӯки асо нишондодаи Фазлуллохонро кофтанд. Дар ҳақиқат об баромад. Заминҳо шодоб шуда, зиндагӣ ранги дигар гирифт. Ин оилаи камбағали аз куҷое омада ба эҳтироми аҳли русто сазовор гардид.

Ҳамсояҳо ба хабаргирӣ омада ба якдигар нону хӯрок дароз мекардагӣ шуданд. Хешу табор ҳам гоҳ-гоҳ меомаданд. Онҳо бо дастовезу дасторхонҳо меомаданду мизбонҳо бо меваю сабзавоташон ва хӯрокҳои гарму лазизашон меҳмондорӣ мекарданд. Сабоҳатхон тоқиву рӯмол дӯхта ба бозор мефурӯхту барои рӯзгузаронӣ харид карда меомад. Зиндагӣ батадриҷ рӯ ба беҳбудӣ мениҳод. Аммо фарзанд таваллуд намешуд. Соли дигар солу моҳаш расо шуду боз бедаму нафас омад фарзанд… ҳамин тариқа, ҳафт соли дигар…

Дар хоби Ибодатхон – хоҳаркалони Фазлуллохон аён мешавад, ки модаркалонашон бо талвоса ӯро ҳушдор медиҳанд: «Зудтар бош, Сабоҳатхонро аз тилисм раҳо кун, бозубандашро сӯзон. Ин дафъа духтар таваллуд мекунад. Ин духтараш аз они ту! Ҳаракат кун, то намози бомдод расида рав!»

Яке аз рӯзҳои моҳи ҳамали соли 1948. Ҳанӯз субҳ надамида буд, ҳама ҷо пур аз барф. Ибодатхон бо духтари худ Мусаввира аз деҳаи Ғазантарак сӯйи рустои Шӯрак роҳ мегирад. Дар роҳ ба тӯдаи гургҳо ҳам вомехӯрданду ба сагҳои дайду ҳам. Аробаашон як бор аз роҳ ҳам баромада меравад. Аммо то дамидани субҳ ба Шӯрак рафта расиданд. Дар ҳақиқат ҳам Сабоҳатхонро дард гирифта будааст. Ибодатхон бо остинҳои васею дарозашон хокистари оташдонро рӯфтанду гуфтанд: – Ман имшаб модаркалонамро хоб дидам. Гуфтанд, ки «Сабоҳатхон духтардор мешаваду ман ба набераам онро келин мекунам. Ин духтар аз они ман мешавад!»

Аз шунидани ин суханҳо дар чашмони модари ғамдида ашк ҳалқа заду «э кош! – гуфт. – Кошкӣ зинда таваллуд кунаму шумо келин кунед, қурбони суханатон шавам!»

Дар оташдон як дег об гарм карданд.

– Биёед, либосҳоятонро кашида аз саратон об резед.

Сабоҳатхони ба қудрати рӯҳу арвоҳи гузаштагон бовардошта, муждаи умеди зинда таваллуд кардани фарзандро шунида, тайёр буд ба ҳама амру супоришҳои хоҳаркалони шавҳараш сар хам карда, сару либоси танашро ба оташдон андохта сӯзонд. Аммо ба ҷудо гаштан аз тӯмори бозуяш розӣ нашуда гуфт:

– Не, ин бозубандро падарам ба ман додагӣ, инро намесӯзонам. Вақти ғусл онро гирифта мемонаму боз ба бозуям мебандам.

– Майлаш, аз падаратон бошад, як бор дарунашро кушода бинем, баъд ба ҳамон нигоҳ карда кор мекунем, – бо азобе матои сиёҳшударо кушода, аз дарунаш коғази ҳаштқаткардаро гирифта, ба дасти худи Сабоҳатхон доданд.

– Чашми шумо – гузаро, саводи хуб доред, мурам шумоба, хонда бинед, чӣ навиштагӣ?!

Навиштаи даруни бозубанд ояте дошту чандин чоркунҷаҳои хурд, ки дар ҳар хоначааш «Ҳамли Сабоҳатхон баста бод!» навишта шудааст. Сабоҳатхон дигар ягон калимаи онро хонда натавонист.

Ибодатхон дарҳол коғазро ба оташдон партофт. Хати ҷоду дар як он гуппӣ карда, як аланга дода, сип-сиёҳ шуд.

Садои гиряи тифл баромад. Духтарча ба дунё омад…

Баъди чор соли дигар Сабоҳатхон рӯйи писарро ҳам дид. Аммо дарду доғи ду писараки ҷавонмаргаш ва нӯҳ фарзанди норасидааш то нафаси вопасин дар дилаш боқӣ монд.

Ҳама шоду мамнун. Фазлуллохон – сарвари оила машварат карда, ба духтаракаш номи модари худро гузошт. Аз ин ваҷҳ падару модар номи меросиро пинҳон намуда ӯро Оя – Ояхон мегуфтанд.

Баъди якмоҳа шудани кӯдак шавҳари холааш дар бозори шаҳр Насруллохонро дида – «Себанчӣ те, Сабоҳатхони бепушту фарзандмури мо кӯдакдор шуд!» – гуфтанд.

Худи ҳамон сол Нусратуллохон кӯчашро бардошта, ба Хуҷанд нақли макон мекунад.

Нодираи Маъруф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: