ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ОНЛАЙНИИ КИТОБХОНӢ – “КИТОБХОНИ ЗАКОВАТМАНД” МУАЙЯН ГАРДИДАНД!

  • ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ОНЛАЙНИИ КИТОБХОНӢ – “КИТОБХОНИ ЗАКОВАТМАНД” МУАЙЯН ГАРДИДАНД!
  • ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ОНЛАЙНИИ КИТОБХОНӢ – “КИТОБХОНИ ЗАКОВАТМАНД” МУАЙЯН ГАРДИДАНД!

Тавре хабар доред, 6 июн (аз соати 19:00 то соати 00:00), марҳилаи якум ва имрӯз, 8 июн марҳилаи ниҳоии озмуни онлайнии китобхонии – “КИТОБХОНИ ЗАКОВАТМАНД” гузаронида шуд.

Дар марҳилаи аввали озмун, ки таҳти ташаббуси рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” роҳандозӣ шудааст, аз 61 нафар иштирокдор, 20 нафар ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтанд.
Дар марҳилаи дуюм тавассути @QuizBot 
 ба иштирокдорон аз қиссаи "Марги судхӯр"-и устод Садриддин Айнӣ 20 саволи нисбатан мураккабтар пешниҳод гардид ва дар асоси меъёри 5 холӣ (дар маҷмӯъ 100 хол) баҳогузорӣ шуд.

Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ Дилрабо Назарова – муҳаррири гурӯҳи фарҳангии “Ориён”-и шаҳри Самарқанд ва Рисолат Абдуҷабборова, сокини ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба 16 савол ҷавоби дуруст дарёфта, 80 хол ҷамъ карданд.

Мувофиқи низоми озмун, ҳангоми баробар шудани натиҷаҳои тест, ба иштирокдоре, ки озмунро бештар тарғиб кардааст (реферал), бартарӣ дода мешавад. То имрӯз Д.Назарова 13 нафар ва Р.Абудҷабборова 3 нафарро даъват кардаанд.

Пас, метавон гуфт, ки дар номинаи “Иштироки фаъол дар тест”-и озмун Дилрабо Назарова ҷойи якум, Рисолат Абдуҷабборова ҷойи дувум ва Шавкатулло Остонаев – омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 18-уми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинаи дувуми озмун – “Тарғиботи озмун” корбарони зерин пирӯз гардиданд:

1. Манучеҳр Рустамалиев, сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сӯхи вилояти Фарғона — 98 нафар
2. Озодбек Абдисаматов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд — 86 нафар
3. Ҳотамалӣ Раҳматов, омӯзгори мактаби ҳамагонии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх — 64 нафар

Ёдовар мекунем, ки туҳфаҳо дар фурсати кӯтоҳ дастрас карда мешавад.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози тоҷик”.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: