Чун анъана бо ташаббуси Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд дар маҷмӯаи сайёҳии «Шаҳри абадӣ» зери шиори «Чой, фарҳанг, сулҳ» анҷуман баргузор гардид.
Дар он ғайр аз мизбонон меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ҳама медонанд, ки барги буттадарахти чойро хушконида, онро дар оби ҷӯш дам карда менӯшанд. Навъи беҳтарини чойро аз баргмуғҷа, яъне аз барги навкушодаи бутаи чой (муғҷаи тилоӣ) тайёр мекунанд, ки таъму бӯйи хушу гуворо дорад. Хитой ва Ветнами Шимолиро ватани ин нӯшокӣ меҳисобанд. Муқаддам онро чун доруворӣ истеъмол мекарданд, баъдан он ба яке аз нӯшиданиҳои маъмул табдил ёфт.
Абурайҳони Берунӣ дар «Сайдана» оид ба оғози истеъмоли чой овардааст: «Шоҳи Чинро яке аз ашрофонаш ба ғазаб меоварад. Шоҳ мефармояд, ки ӯро ба кӯҳ ронанд. Вай, ки хеле лоғару заиф гашта буд, дар кӯҳсор чанд муддат рустаниеро истеъмол кард. Дар натиҷа, каме ба худ омаду бардаму солим гашт. Боре яке аз муқаррабони шоҳ ӯро бидид ва хабари ин ҳолро ба шоҳ расонд. Шоҳ фармуд, ки вайро зуд наздаш оварданд. Ашрофи рондашуда зоҳиран он қадр тағйир ёфта буд, ки ҳатто шоҳ дар тааҷҷуб афтод ва сабаби инро пурсид. Ашроф асли воқеаро гуфт. Аз он рӯз асрори чой ошкор гардид...»
Дар тадбир ба ҳозирон на танҳо ривоятҳои шавқангез оид ба таърихи чой, суруду таронаҳои мардумӣ доир ба ин нӯшокӣ низ писанд омад.
– Чой дар тамаддуни инсоният мақоми хос дорад, – гуфт ректори донишгоҳи мазкур, профессор Юсуф Абдулло, – баргузории ин тадбири пуршукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба анъанаҳои ҳазорсолаи нӯшидани чой ва суҳбати самимиву дӯстона исботи ин гуфта аст. Бояд гуфт, ки анҷумани мо дар доираи чорчӯбаи ЮНЕСКО, ташаббуси Чин «Як камарбанд – як роҳ», инчунин, дар соли «Рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» баргузор гардид, ки низ мақсадҳоро дар назар дорад.
Шоири ширинкаломи тоҷик Савдо чӣ хуш гуфтааст:
Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо дар гӯш меояд,
Ки чойи талх равшан мекунад табъи сухандонро...
Асила Иброҳимова,
котиби матбуоти Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд.