Фолномаи Ҳофиз

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ
.

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Насими субҳгоҳӣ» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.

Насими субҳгоҳӣ

Ба мулозимони султон кӣ расонад ин дуоро,

Ки ба шукри подшоҳӣ зи назар марон гадоро.

Зи рақиби девсират ба Худои худ паноҳам,

Магар он шаҳоби соқиб мададе диҳад, Худоро.

Мижаи сиёҳат ар кард ба хуни мо ишорат,

Зи фиреби ӯ бияндешу ғалат макун, нигоро.

Дили оламе бисӯзӣ, чу ъизор барфурӯзӣ,

Ту аз ин чӣ суд дорӣ, ки намекунӣ мудоро?

Ҳама шаб дар ин умедам, ки насими субҳгоҳӣ,

Ба паёми ошноён бинавозад ошноро.

Ба Худо, ки ҷуръае деҳ ту ба Ҳофизи саҳархез,

Ки ба вақти субҳгоҳӣ асаре кунад шуморо.

Муҳаббати ёрон якранг гавҳаре аст, ки камтар насиби инсон мешавад. Дар ҳусни ахлоқ ва рафтор кӯшиш кун то дар дили ҳама кас ҷо дошта бошӣ ва бидон, ки пулу сарвати дунё доруи тамоми дардҳо нест. Дар дӯстӣ собитқадам бош ва дӯстони қадимро фидои дӯстони ҷадид накун.

Таснифи Парвизи Иззатулло.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: