Дар доираи ин ҷашнвораи экологӣ миёни кӯдакон озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Мо табиатро дӯст медорем!» низ баргузор шуд.
Бо ташаббуси Кумитаи аграрӣ, масъалаҳои хоҷагии об ва экологияи Сенати Маҷлиси Олӣ, Шӯрои шаҳрии Тошканди Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва фаъолони Экоҳаракат бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар боғи фароғатии «Dream Park» чорабинии идонаи экологӣ таҳти шиори «Барои Ӯзбекистони сабз муттаҳид мешавем!» ташкил гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ оид ба ислоҳоте, ки дар кишвар барои таъмини амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист, такмили қонунгузории экологӣ, идоракунии самараноки партовҳо, густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.
Ҳамчунин, аҳамияти корҳои сабзсозӣ дар доираи ҳаракати умумимиллии «Фазои сабз» ва лоиҳаҳои ҷангалпарварӣ дар минтақаи баҳри Арал барои таъмини суботи экологӣ махсус таъкид гардид.
Дар доираи ҷашнвораи экологӣ миёни кӯдакон озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Мо табиатро дӯст медорем!» низ баргузор шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли озмуни эҷодӣ, инчунин рӯзноманигорон ва намояндагони Ҳизби экологӣ, ки дар соҳаи экология фаъолияти назаррас доранд, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.