Роботи гуманоид бо номи «Пемба» муваффақона вулқони Чимборасо дар Эквадорро фатҳ кард. Ин дастовард як марҳилаи нави санҷиши роботҳо дар муҳитҳои ниҳоят хатарнок ва шадид ба ҳисоб меравад.
Баландии қулла 6200 метрро ташкил медиҳад. Ширкати чинии соҳаи робототехника як экспедитсияи бузургеро бо номи «Тоҷи сегона» тарҳрезӣ кардааст. Тибқи нақша, робот дар марҳилаи баъдӣ бояд қуллаи Эверестро низ фатҳ кунад.
Робот бо системаҳои махсуси идоракунии ҳарорат ва вентилятсия муҷаҳҳаз шудааст. Ин системаҳо таҷҳизоти электронии онро аз сармои шадид ва тағйироти ногаҳонии ҳарорат дар баландкӯҳ муҳофизат карданд.
Дар баробари ин, олимон таъкид карданд, ки «Пемба» ҳангоми баромадан ба кӯҳ ба кӯмак ниёз доштааст. Робот тавонист минтақаҳои дорои нишебии то 30 дараҷаро мустақилона тай кунад, аммо дар нишебии сахттар ҳамроҳонаш онро бардошта боло бурданд. Тамоми раванди кӯҳнавардӣ 16 соат давом кард.
Дар оянда таҳиягарон ният доранд имкониятҳои роботро боз ҳам густариш диҳанд. Онҳо бо ҷорӣ кардани системаҳои омӯзиши мустақил мехоҳанд «Пемба»-ро тавре такмил диҳанд, ки дар релефҳои душвортар низ мустақилона ҳаракат карда тавонад.
Ҳадафи дарозмуддати гурӯҳ – фиристодани робот ба Ҳимолой мебошад. Тибқи нақша, робот бояд байни лагери базавии Эверест ва лагери IV, ки дар тақрибан 8000 метр баландӣ ҷойгир аст, озмоиш шавад. Аммо лоиҳа ба мушкили ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шудааст: дар Непал ҳанӯз заминаи ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки экспедитсияҳои роботиро дар Эверест танзим кунад, хабар медиҳад mir24.tv.
Лоиҳаи «Пемба» нишон медиҳад, ки роботҳо то чӣ андоза метавонанд дар минтақаҳои хеле душвор, ки барои инсон ва техникаи оддӣ дастнорасанд, муфид бошанд. Масалан, онҳо метавонанд дар корҳои наҷот дар кӯҳҳои баланд ё дар мониторинги минтақаҳои ҳифзи табиат истифода шаванд.