Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба шаҳри Атланта (ИМА) расид. Маҳз ин шаҳр дар давраи баргузории мусобиқоти ҷаҳонӣ ҳамчун қароргоҳи асосии даста хизмат хоҳад кард.
Ҳангоми расидани футболбозони ӯзбекистонӣ онҳоро намояндагони FIFA, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, инчунин намояндагони маъмурияти шаҳр ва кумитаи тадорукоти мусобиқа истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соли 2026 аз 11 июн оғоз шуда, то 19 июл идома меёбад. Мусобиқа дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мегардад.
Дар тӯли ҳафтаҳои аввал марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфта, то охири моҳи июн давом мекунад. Сипас марҳилаи плей-офф оғоз мешавад, ки дар он дастаҳо барои роҳ ёфтан ба финал мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон 19 июли соли 2026 баргузор хоҳад шуд.
***
Тақвими бозиҳои мунтахаби Ӯзбекистон дар Ҷоми ҷаҳонии 2026
Даври аввал:
Шогирдони Фабио Каннаваро бо мунтахаби Колумбия рақобат мекунанд. Бозӣ 17 июн соати 09:00 дар варзишгоҳи машҳури "Атсека" баргузор мешавад.
Даври дуюм:
Мунтахаби Ӯзбекистон муқобили дастаи Португалия бозӣ хоҳад кард. Вохӯрӣ 23 июн соати 23:00 дар варзишгоҳи "NRG" дар Хюстон (ИМА) баргузор мегардад.
Даври сеюм:
Дастаи миллӣ марҳилаи гурӯҳиро бо бозӣ муқобили ғолиби плей-оффи интихобӣ (Ямайка / Каледонияи Нав / Конго) ҷамъбаст мекунад. Ин бозӣ 27 июн соати 05:30 дар варзишгоҳи "Mercedes‑Benz" дар Атланта баргузор мешавад.