Бо кумаки Агентии муҳоҷират, се шаҳрванди Ӯзбакистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба вазъияти вазнини дучор шуданд, таҳти назорати табибон ба Ватан баргардонида шуданд.
Аз ҷумла, як шаҳрванд, ки тавассути Қазоқистон ба Русия сафар мекард, дар вилояти Атирау ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷароҳати вазнин бардошт. Ӯ якчанд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронд. Баъдтар, тибқи хулосаи табибон, ба ӯ иҷозат дода шуд, ки ба Ӯзбекистон оварда шавад.
Гузориш дода мешавад, ки шаҳрванд шикастани қисми панҷуми сутунмӯҳраи гардан ва осеби кори ҳароммағз аз сар гузаронидааст. Ӯро ба Ӯзбекистон таҳти назорати табибон оварданд ва дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ ҷойгир карданд. Айни замон вазъи ӯ қаноатбахш аст.
Ҳамчунин, як шаҳрванди дигаре, ки барои кор ба таври мустақил ба Латвия рафта буд, бинобар таъмин нагардидан бо ҷойи кори кафолатнок ба фишори шадиди равонӣ дучор шуда, сактаи мағзӣ (инсулт) гирифтааст. Пас аз табобат ӯ низ ба Ватан баргардонида шуд. Агентии муҳоҷират хабар дод, ки корҳои расонидани кумаки зарурӣ ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар ба вазъияти душвор дучор шудаанд, идома доранд.