Инак, чемпионати 23-юми ҷаҳон оид ба футбол имрӯз – 11 июн оғоз ёфт, агарчи расми тантанавии он чанд рӯз баъд ба вуқӯъ мепайвандад. Чемпионати навбатӣ аз чанд ҷиҳат рӯйдоди фавқулоддаи таърихӣ хоҳад буд, зеро дар он чанд омил аст, ки дар онҳо ибораи «бори аввал» ифодаи калидӣ ба шумор меравад, агарчи мафҳуми «бори охир» низ дар ҷараёни талошҳои Ҷоми ҷаҳон кам истифода нахоҳад шуд.
Бори аввал – хусусан барои мо – дафъаи нахуст роҳ ёфтани дастаи яккачинамон ба ин сабқати бузургтарини миқёси ҷаҳон мояи хушӣ ва шодмонӣ аст. Дар замони аз ба ФИФА пазируфта шудани ҷамъияти футболи Ӯзбекистон чандин насли бозигаронамон ба ин бахти баланд мушарраф нагардиданд ва бояд гуфт, ки футболи мо ҳар дафъа дар остонаи қисми ниҳоӣ қарор мегирифт ва каме омад ва бахти варзишӣ намерасид.
Бояд зикр кард, ки бори аввал дар қисми ниҳоии чемпионат 48 дастаи миллӣ, ки аз байни 211 аъзои ФИФА бурд кардаанд, иштирок мекунанд. Ин нисбат ба чемпионати якум (соли 1930) чаҳор баробар зиёд аст. Ва бори нахуст аст, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар се мамлакат – Канада, Мексика ва ИМА баргузор мегарданд. Қабл аз ин чемпионат дар беш аз ду кишвар (Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, с.2002) баргузор нашуда буд. Афзудани ҳам мамлакатҳои мизбон ва ҳам миқдори дастаҳои иштирокдор танҳо ба хотири зиёд кардани теъдод нест. Хеле оммавӣ гардидани «бозии миллионҳо» ва то андозае таносуб пайдо кардани истеъдод ва маҳорати касбии футбол дар қитъаҳои Осиёву Африқо ва ҳавзаи Уқёнусу КОНКАКАФ бо парчамбардорони ин намуди варзиш – Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ яке аз омилҳои зиёд намудани иштирокдорон ба шумор меравад. Дар баробари ҳарчи оммавитар гардидани футбол, табиист, ки ҳаводорон ва мухлисони он низ ба маротиб меафзояд ва теъдоди довталабони баргузоркунанда низ зиёд мегардад. Аз ин боис, барои қонеъ намудани ҳам тақозои мухлисони афзоянда ва ҳам мамлакатҳои мизбон мебоист теъдоди дастаҳо ва ҳам ҷуғрофиёи бозиҳо тавсеа ёбанд.
Бидуни шак, ҳар гуна бозии варзиширо бозигарони саршинос ва бомаҳорат маъруф менамоянд, ки хусусан дар замони дастрасии содаи мо ба ҳар гуна рӯйдоду бозӣ аз тариқи коммуникатсияи пешрафта ин як ҳоли табиӣ аст. Хусусан бист соли охир, ки дар майдонҳои футбол абарситораҳое мисли Лионел Мессӣ ва Криштиано Роналдуи португалӣ набзи футболи ҷаҳонро мушаххас менамоянд, ин бозӣ аз як намуди муқаррарии варзиш ба дӯстдори ҳатто лоқайдтарин қишри ҷамъият бадал гардид. Агарчи ҳарду кайҳо дар Аврупо бозиро бас карда, ба чемпионатҳои аз нигоҳи салиқа ва сатҳи худ поёнтари МЛС-и Амрикои Шимолӣ ва суперлигаи Арабистони Саудӣ гузаштаанд, ҳаводоронашон кам нагаштаанд. Фаразан, ба «Интер Майами» гузаштани афсунгари аргентинӣ Лионел Мессӣ, боис гардид, ки варзишгоҳҳои 50-70 ҳазории Амрикои Шимолӣ дар бозиҳо бо иштироки ӯ аз мухлисони ашаддиву ҳавохоҳ сарпур мешаванд, ки маҳорати ин чемпиони ҷаҳонро аз наздик тамошо кунанду баҳра баранд. Ва ба эҳтимоли қавӣ, барои Мессии 39-сола ва Роналдуи 40-сола ин охирин чемпионат ба сифати бозигар хоҳад буд.
Дар ҳоле ки алоқамандони бозӣ ҷашни бузурги футболро муштоқанд, дастаҳои нави иштирокдор, мисли Ӯзбекистон, бо қатъият ва ҷиддият ба нахустин чемпионати худ омодагӣ мегиранд. Футболбозонамонро чанде пеш ба Ҷоми ҷаҳон бо орзуву хостҳои пирӯзӣ Президент Шавкат Мирзиёев ва мухлисони сершумор дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и пойтахт хеле бо тантана ва қадрдонӣ гусел карданд. Ситораҳои варзишу санъат ба футболбозонамон илҳоми пирӯзӣ ва рӯҳбаландӣ илқо намуданд. Онҳо дар гурӯҳи худ бо дастаҳои Колумбия (17 июн), Португалия (23 июн) ва Ҷумҳурии Демократии Конго (27 июн) қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар идомаи омодагӣ ба набардҳои асосӣ дастаамон аллакай ду бозии дӯстона ҳам баргузор намуд. Бозии аввалро дар Эдмонтон ба соҳибони майдон – Канада (0:2), машқи дуюмро дар Ню-Йорк бо Нидерландия (1:2) бохтанд.
Умед ва орзуву боварии миллионҳо нафар ҳаводорони футболамон ба бозигарон қувва ва неруи хастанопазир ато хоҳад кард, ки ба ин ҷавонони номбардорамон қодиранд.
Тоҷибой Икромов.