Имрӯз чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2026 оғоз меёбад

Имрӯз, 11 июн, дар кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2026 оғоз меёбад.

Дар бозии ифтитоҳӣ дастаҳои мунтахаби Мексика ва Африқои Ҷанубӣ ба ҳам меоянд. Оғози бозӣ ба соати 00:00 бо вақти Тошканд дар шаби 12 июн таъин шудааст.

Кумитаи миллии олимпӣ ёдовар мешавад, ки мунтахаби Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад. Дастаи миллӣ дар гурӯҳи «K» ҳунарнамоӣ намуда, рақибонаш мунтахабҳои Португалия, Колумбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго хоҳанд буд.

Бозии нахустини футболбозони Ӯзбекистон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ муқобили мунтахаби Колумбия баргузор мегардад. Ин вохӯрӣ субҳи 18 июн доир хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: