Барои вайрон кардани меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ дар рекламаи доруворӣ бо истифода аз тасвирҳои шахсиятҳои таърихӣ аз ҶММ “NIKA PHARM” ҷаримаи молиявӣ ситонида шуд.
Тибқи маълумоти Кумитаи рақобат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаи доруи «Rinoksil Formula+» паҳн кардааст, ки дар он тасвирҳои шахсиятҳои таърихӣ, аз қабили Амир Темур, Ҷорҷ Вашингтон, Ибни Сино, Юлий Сезар, Алишер Навоӣ ва Наполеон Бонапарт истифода шудаанд. Дар реклама чунин намоишҳо монда шуд, ки гӯё ин шахсиятҳо аз ин дору истифода кардаанд.
Мақомоти ваколатдор чунин амалро беэҳтиромӣ нисбат ба мероси таърихӣ ва хотираи шахсони машҳур арзёбӣнамуда, онро мухолифи меъёрҳои умумии ахлоқ ва маънавият дониста шудааст.
Мувофиқи моддаи 16 Қонун "Дар бораи реклама", истифодаи шаклҳо, ибораҳо ва тасвирҳое, ки ба анъанаҳои миллӣ, оилавӣ ва меъёрҳои умумии ахлоқ мухолифанд, манъ аст.
Дар натиҷа нисбати ҶММ "NIKA PHARM" ҷарима таъин гардида, инчунин барои бартараф кардани қонуншиканӣ ва пешгирии такрори чунин ҳолатҳо дастурҳои ҳатмӣ дода шуд.