Ҳайати вилояти Ҷиззах дар маросими ифтитоҳи конфронси байналмилалии ҳамкории шаҳрҳои дӯст – 2026, ки дар шаҳри Чунсини Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ин ҳамоиши бонуфуз намояндагони 27 кишвари ҷаҳон ҷамъ омада, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар Ҷиззах барои рушди соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳити мусоид муҳайё гардидааст.
Конфронс ҳамчун майдони муҳими муколама ва табодули таҷриба миёни шаҳрҳои дӯст хидмат намуда, барои таҳкими робитаҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Чин аҳамияти хоса дорад. Чунин мулоқотҳо метавонанд ба таъсиси шарикиҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши гардиши савдо мусоидат намоянд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Ҷиззах.