Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҳаҷми маблағҳои мукофотиро барои дастаҳо вобаста ба натиҷаҳои онҳо дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 эълон кард.
Тибқи маълумоти расмӣ, дастае, ки қаҳрамони ҷаҳон мегардад, 50 миллион доллар дарёфт мекунад. Дастае, ки дар финал мағлуб мешавад, соҳиби 33 миллион доллар мегардад.
Дастаи барандаи медали биринҷӣ 29 миллион доллар, дастаи соҳиби ҷойи чорум бошад, 27 миллион доллар мегирад.
Барои дигар ҷойҳо низ маблағҳои мукофотӣ пешбинӣ шудаанд:
Ҷойҳои 5-8 – 19 миллион доллар;
Ҷойҳои 9-16 – 15 миллион доллар;
Ҷойҳои 17-32 – 11 миллион доллар;
Ҷойҳои 33-48 – 9 миллион доллар.
Илова бар ин, FIFA барои пӯшонидани хароҷоти ташкилии ҳар яке аз 48 дастаи иштироккунанда 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад.
Бино ба иттилои Kazinform, ҳаҷми умумии маблағҳои мукофотӣ нисбат ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуда буд, афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса, дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 чемпион Аргентина аз FIFA 42 миллион доллар гирифт. Дастаи мунтахаби Фароса, ки ба финал баромад, соҳиби 30 миллион доллар гардид.
Барандаи медали биринҷӣ Хорватия 27 миллион доллар ва дастаи Марокаш, ки сазовори ҷойи чорум гардидааст, 25 миллион доллар мукофот гирифт.