Оғози боз як ҳаракати бузург дар китобхонӣ

Дар навбати аввал ба моддиёт вобаста будани тарзи зисту зиндагии ҳар халқ, албатта, ба ҳар яки мо маълум. Вале боз маънавият ва маърифат барин мафҳумҳо мавҷуд. Маҳз бо шарофату қудрати маънавият ва маърифат, ки мафҳумҳои то андозае якдигарро пурракунандаанд, инсон рӯҳан ва қалбан пок мешавад, ба сӯйи камолот майл мекунад, баҳри баланд бардоштани диди эстетикӣ ва зебо гардондани ҷаҳони ботинии худ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.

Бузургон гуфтаанд: «Танҳо инсонҳои бамаънӣ ва мусаллаҳ бо асосҳои ирфону маърифат, яъне соҳибхирад, метавонанд ба маънии пурра иродатманд, комил, хушбахт ва соҳиби имону эътиқоди яклухт бошанд». Ба ифодаи дигар, воситаи асосӣ ва самарабахш дар ташаккули ҷаҳони ботинӣ ва камолоти инсонӣ маҳз маънавият ва маърифат аст.

Эътибор ба маънавияту маърифат дар кишвари рӯ ба тараққии мо дар дараҷаи сиёсист, яъне роҳбари давлатамон ба камолоти маънавӣ, маърифати миллат ва халқ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ менигарад. Ҳанӯз соли 2017-ум қарори Президент дар бораи афзун гардонидани самарабахшии корҳои маънавию маърифатӣ ва ба дараҷаи нав бардоштани рушди соҳа қабул гардида ва дар он, аз ҷумла, таъкид ёфта буд алъон дар саросари дунё пурзӯршавии ҷараёнҳои глобалӣ алайҳи осудагӣ ва амнияти халқҳо торафт эҳсосшаванда мегардад ва водор месозад инсонҳои бамаънӣ дар ин ҷабҳа бояд аз маърифати воло ба сифати аслиҳа истифода кунанд.

Мо вориси нобиғагони бузургем, ки дар осмони маънавият чун ахтар дурахшида ва китобҳои арзишманд аз худ мерос гузошта, дар рушди сивилизатсияи ҷаҳонӣ ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд, вале давраҳои мураккабе, ки аз сар гузаронидем, имкон намедод ҳатто номи онҳоеро, ки маънавияти Шарқи исломиро дар замони худ ба дараҷаҳои боло бардоштаанд, озодона ба забон оварем, зеро мафкураи сохтори собиқ ба ин роҳ намегузошт. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатии ин диёр, ки имсол 35-солагиаш таҷлил мегардад, имконият фароҳам омад аз доми он тамоюлҳо раҳо шуда, худро ба мустақилона фикр рондан, тафаккур ва ҷаҳонбинии шахсиамонро баҳри аз ҳар гуна тазйиқҳои дилфишор озод намудан ҳарҷиҳата омода намоем. Барҳақ мегӯянд, агар фикри инсон аз тазйиқу фишорҳои зӯроварона озод нест, вай ҳеч вақт ба таври пурра худро озод ҳис карда наметавонад.

Нахустин нишонаҳои маънавияту маърифат инсонпарварӣ, одамияту хайрандешист. Мо хуб медонем, ки истиқлолият ба халқҳоямон дар навбати аввал Ватани ҳақиқӣ, баробари ҳамин эҳсоси ватанпарастӣ ва худшиносии миллиро ҳадя намуд, мо кӣ будан ва ба чӣ қодир буданамонро дарк сохтем.

Онҳое, ки бо асосҳои маънавият мусаллаҳанд, ба қувва ва салоҳияти худ такя менамоянд. Меҳнат, иродат, иқтидори ақливу зеҳниашон онҳоро аз доми ҳар гуна мушкилот эмин хоҳад дошт. Маҳз маънавият эҳсоси шуҷоат, ғайрат ва тадбиркории халқро ба таҳрик меоварад. Халқи бунёдкор ва зиндагисозамон, ки инро ба дурустӣ идрок сохтааст, саъй мекунад аз рӯҳияи туфайлихӯрӣ ва ҷаҳолат, мутеӣ ва дастнигарӣ раҳо бошад. Маҳз меҳнати ҳалол ва бошуурона метавонад моро ба ҳар гуна мақсади воло бирасонад. Халқе, ки иродатманд ва бамаънист, ба фатҳи ҳар гуна марраҳои мурод, бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва мутараққӣ қодир мебошад.

Дар суханрониҳои пурҳарорати Президентамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, айни замон, бозтобии қиёфаи маънавии мамлакатамонро дида метавонем. Ӯзбекистон – сарзамин ва ватани воқеии аҷдодони пуршарафи мо дар рӯзҳои мо низ бо нури маърифат ва маънавият музайян мебошад. Дар баромади пурмазмуни роҳбари ин давлат дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии  СММ чеҳраи маънавӣ ва маърифатии Ӯзбекистон дигарбора намоён гардид. Аз нутқи Президент равшан ба назар расид, ки ин кишвари рӯ бар ривоҷ бо ғояҳои маърифати аҷдод ҳамеша содиқ буда, дар ин самт ба дигарон намуна будани худро бо  субот идома медиҳад. Халқи шарифи ин марз ба дурустӣ дарк намуда, ки қудрати маънавии инсон нафақат дар илм, адабиёт ё маданияту санъат, айни ҳол дар имону эътиқод, диёнат, қавлу амал ва орзуву омоли поки он таҷассум меёбад. Ин ҷиҳатҳо, зимнан, паҳлуҳои муҳими фазилатҳое мебошанд, ба халқҳои Шарқ хосанд.

Тавре ба назар мерасад, ки классикони адабиёти оламшумули мо – ахтарҳои нурпоши осмони маънавияти башар, маҳз бо мақсади таблиғи маърифат ва маънавияти воло қадам ва қалам задаанд.

Аз он ки насли поки халқи рӯикитобдида ва бохирадем, ифтихор менамоем. Бале, яке аз хубтарин фазилатҳои падару бобоёни мо китобдӯстист. Ҷомии бузургвор фармуда буд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дар тақвияти ҳарфҳои дӯст ва устоди бузургвори худ ҳазрати Навоӣ гуфтааст «Китоб устоди беминнат, манбаи асосии камолоти маънавист».

Дар гузаштаи наздик эътибор ба мутолиа суст шуд, китобхонаҳои зиёд, бинобар камодамӣ, баста шуданд, хусусан адабиёти бадеӣ қадр ва манзалати пештараашро гум кард. Баъди ба сари қудрат омадани роҳбари кунунии давлати мо дар қатори бисёр соҳаҳо ба самтҳои маънавӣ таваҷҷуҳ пурзӯр гашт, таҳти шиори «Маънавият – қудрат, маърифат – аслиҳа» чорабиниҳо рӯйи кор омаданд. Омма аз нав ба китоб – ба мутолиа рӯй овард. Китобҳои беҳтарин аз нав мақоми пештараашонро молик ва ба сифати беҳтарин мукофот ё инъом пазируфта шуданд. Ҳатто Президентамон ба якчанд ҳамтоёни худ – роҳбарони олимартабаи як қатор кишварҳои хориҷӣ китобҳо туҳфа намуд. Баробари кушода шудани дӯконҳои китоб ва китобхонаҳо, барои он ки аҳолӣ ба таври оммавӣ ба мутолиа ҷалб гардад, озмунҳо эълон карда шуданд. Хусусан насли ҷавон амиқ дарк намуд, ки ягон технологияи замонавӣ (компутеру дигар таҷҳизоти электронӣ) ҷои китобро гирифта наметавонад. Маҳз китоб, ки воқеан хазинаи маънавӣ, ёру ёвари беминнат аст, вомедорад шахс мустақилона фикр ронад. Мутолиа баробари дониш ва таҷриба ба кас завқ ҳадя мекунад, тафаккуру диди эстетикиашро ташаккул мебахшад. Хориҷиён низ мебинанд дар Ӯзбекистони кунунӣ эътибор ба китоб ва мутолиа чӣ тавр ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.

Ба наздикӣ дар Тошканд – дар Маркази байналмилалии конгресс боз як чорабинии муҳими маънавию сиёсӣ ба муносибати оғози ҳаракати умумимиллӣ оид ба рушди фарҳанги китобхонӣ бо сарварии роҳбари давлати мо рӯйи кор омад.

Президентамон дар баромади худ гуфт, алъон дар Ӯзбекистони Нав китобхонӣ танҳо масъалаи таълим нест, балки қувваи бузурги маънавии ояндаи миллату халқи моро таъминкунанда низ ҳаст. Вай дуруст қайд кард, ки бузургмардони олами хиради мо маҳз бо шарофати илму маърифате, ки аз мутолиа андӯхтаанд, ба чунин мартабаҳо расиданд. Бале, бе китоб илм нест, инсонеро ҳам, ки китоб намехонад, ҳеч вақт шахси бамаънӣ гуфта наметавонем. Роҳбари давлат гуфт: «Барои он ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пурқудрат ва дорои иқтидори баланд муаррифӣ гардад, бояд ба ду пояи устувор  такя намояд – ба мероси бебаҳои илмӣ ва маънавӣ, ҳамчунин ба донишҳои муосиру технологияҳои пешрафта».

Зимнан, оиди барномаи «Ҳаракати миллии китобхонӣ» ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии он фармоиши алоҳидаи сарвари мамлакатамон ба имзо расидааст.

Озмуни «Китобхони ҷавон» ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида буд. Бо унвонҳои «Оилаи ҷавони китобхон» ва «Китобдӯсти ҷавон» низ ин гуна сабқатҳои китобхонӣ баргузор ва ғолибон бо туҳфаҳои арзишнок тақдиронида мешаванд. Чунин чорабиниҳо боис шуда, ки миллионҳо ҷавонон ва аъзои хонадонҳои ҷавон ба китобхонӣ рӯй оранд, фарҳанги китобхонӣ ба таври васеъ густариш ёбад. Озмунҳо дар ин самт алъон мазмуну муҳтавои тоза пайдо мекунанд. Акнун қисми ниҳоии чунин чорабинӣ дар сатҳи Президент баргузор мегардад. Ҳаҷми умумии фонди солонаи ҷоизаҳои барномаи «Ҳаракати миллии китобхонӣ» 240 ҳазор доллари ИМА аст.

Нуқтаҳои интернетӣ низ, бешак, сарчашмаи бепоёни дониш ва маълумот. Вале, тавре дар боло қайд карда гузаштем, ҷои китоб дигар аст. Инро Президентамон дар баромади худ алоҳида қайд карда гузашт: «Инсоне, ки бо китоб дӯст шудааст, дар роҳи зиндагӣ дур хоҳад рафт. Миллате, ки китоб мехонад ва маъноҳои онро дарк мекунад, ҳеч гоҳ мағлуб намешавад».

Бо мутолиаи китобҳои хуб кас худро дар олами маънавият ва маърифат ҳис мекунад. Ҷавонон ҳар қадар китобдӯст бошанд, ба он дараҷа дар қалби онҳо эҳсоси созандагӣ ба таҳрик меояд. Халқи бамаънӣ ва соҳибмаърифати мо дар атрофи мӯъҷизае бо унвони китоб ҳар қадар муттаҳид шавад, муҳите, ки моро печонда, боз муътадилтар, шууру тафаккурамон боз солимтар хоҳад гашт.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: