Феномени «Муколамаи кушод»: дар тӯли панҷ сол садои соҳибкорон ба сиёсати давлатӣ чӣ гуна таъсир расонд?

Аз соли 2021 дар Ӯзбекистон формати комилан нави сиёсӣ ва иқтисодии муносибатҳои давлат ва соҳибкорӣ ташаккул ёфт. «Муколамаҳои кушод»-и Президент бо соҳибкорон танҳо нишасти расмӣ набуда, балки ба механизми бевосита шунидани мушкилоти муҳити соҳибкорӣ, қабули қарорҳои фаврӣ ва ташаккули ислоҳоти иқтисодӣ дар асоси «эҳтиёҷоти воқеӣ дар маҳалҳо» табдил ёфтанд.

Таҷрибаи панҷ соли охир нишон дод, ки ин муколамаҳо на танҳо як платформаи дастгирии соҳибкорӣ, балки ба механизми муҳими институтсионалии сиёсати иқтисодии Ӯзбекистони Нав табдил ёфтаанд.

Нахустин муколамаи кушод, ки соли 2021 баргузор гардид, дар шароити душвори иқтисодии пас аз пандемия ташкил шуд. Дар он давра зиёда аз 15 ҳазор муроҷиати соҳибкорон ворид гардида буд, ки аз мавҷудияти мушкилоти ҷиддии низомӣ дар бахши соҳибкорӣ шаҳодат медод.

Аз ҳама муҳимаш, бори аввал роҳбари давлат ба соҳибкорон  ҳамчун «локомотиви иқтисодиёт» баҳо дода, амалиёти муколамаи мустақим бо онҳоро роҳандозӣ кард. Ин муносибати мақомоти давлатӣ ва соҳибкориро куллан тағйир дод. Агар пештар соҳибкор асосан ҳамчун объекти назорат баррасӣ шуда бошад, акнун ӯ ба неруи асосии рушди иқтисодӣ табдил ёфт.

Дар муколамаи соли 2021 масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муҳлати қарзҳо, фоизҳои баланд, хавфҳои асъорӣ, санҷишҳои зиёдатӣ ва низоми иҷозатномадиҳӣ матраҳ гардиданд. Дар натиҷа, оид ба зиёд кардани сармояи бонкҳо, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои бонкҳои хусусӣ ва ҷалби захираҳои молиявии байналмилалӣ механизмҳои нав таҳия шуданд.

То соли 2022 муколамаҳои кушод аллакай ба майдони муҳими муайянкунандаи сиёсати иқтисодӣ табдил ёфта буданд. Дар мулоқоти он сол низоми ҷудо кардани соҳибкорӣ ба гурӯҳҳои хурдтарин (микро), хурд ва миёна ҷорӣ гардид. Ин қарор оғози гузариш аз сиёсати «муносибати якхела» ба низоме буд, ки эҳтиёҷ ва имкониятҳои ҳар як гурӯҳи соҳибкоронро ба назар мегирад.

Аз ҷумла, ҷорӣ шудани андози ягонаи гардиш бо меъёри 4 фоиз барои соҳибкории хурдтарин, коҳиш ёфтани меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то 12 фоиз ва бекор шудани 2 триллион сӯм қарзҳои андозӣ барои соҳибкорон сабукии бузург гардид.

Ин тағйирот дар рақамҳо низ равшан инъикос ёфтанд. Соли 2022 шумораи корхонаҳои содироткунанда ба 7,5 ҳазор расид ва ҳаҷми умумии содирот 30 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишон дод, ки озодиҳои бештар ва сабукиҳои молиявӣ фаъолияти иқтисодиро тақвият додаанд.

Муколамаи кушоди соли 2023 бошад, марҳилаи нави сиёсати соҳибкориро оғоз кард. Дар суханронии Президент бори аввал баён гардид, ки «дар Ӯзбекистони Нав синфи нави соҳибкорон ташаккул ёфтааст».

Дар ин давра муҳити эътимод байни давлат ва соҳибкорон ба таври назаррас мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, шумораи санҷишҳо 40 фоиз коҳиш ёфт, ҷаримаҳои камералӣ бекор карда шуданд ва механизми баргардонидани ААИ хеле суръат гирифт.

Муҳимтар аз ҳама, ташаббусҳое, ки солҳои 2021 ва 2022 пешниҳод шуда буданд, ба натиҷаҳои воқеии иқтисодӣ оварда расониданд. Дар давоми ду сол корхонаҳо ба маблағи 25 миллиард доллар маҳсулот содир намуда, истеҳсоли маҳсулотро ба миқдори 10 миллиард доллар, ки қаблан ворид карда мешуданд,  роҳандозӣ карданд.

То соли 2024 муколамаҳои кушод на танҳо воситаи ҳалли мушкилоти соҳибкорӣ, балки механизми стратегии ҳавасмандсозии рушди иқтисодӣ гардиданд. Аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор тасдиқ шудани  он ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон бори аввал аз 100 миллиард доллар гузаштааст, нишонаи муҳими тағйироти иқтисодӣ гардид.

Дар муколамаи соли 2024 тамоюли муҳими дигар низ мушоҳида шуд: давлат эътироф кард, ки зиёд намудани даромадҳои андозиро метавон на тавассути санҷишҳо, балки тавассути дастгирии соҳибкорон таъмин кард. Президент ошкоро таъкид намуд, ки ақидаи кӯҳнаи «тафтиш карда шавад – тарс пайдо мешавад, тарс бошад – андоз пардохта мешавад» худро сафед накард.

Дар натиҷа, шумораи корхонаҳои ба гурӯҳҳои хуби «А» ва «Б» дохилшуда 91 ҳазор адад зиёд гардид ва шумораи санҷишҳои андозӣ ду баробар коҳиш ёфт.

Ҳамзамон, шумораи кормандоне, ки дар бахши хусусӣ зиёда аз 5 миллион сӯм маош мегиранд, аз 1 миллион нафар гузашт.

Муколамаи кушоди соли 2025 бошад, марҳилаи нави рушди иқтисоди рақамӣ ва коҳиши иқтисоди «сояафкан»-ро оғоз намуд. Ба гуфтаи Президент, дар ҳашт соли охир ба иқтисодиёт 230 миллиард доллар сармоя ҷалб шудааст, ки беш аз 120 миллиард доллари он сармоягузории хориҷӣ мебошад. Рушди иқтисодӣ ба андозаи 7,7 фоиз дар соли 2025 низ самаранокии ислоҳотро нишон дод.

Ҷиҳати аз ҳама ҷолиб он аст, ки муколамаҳои кушод акнун танҳо майдони шунидани мушкилот набуда, балки ба платформаи ташаккули экосистемаи давлати рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ табдил меёбанд. Масалан, то соли 2030 ҷорӣ намудани низоми махсуси ҳуқуқӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони худмашғул, хизматрасонӣ тавассути платформаҳои электронӣ ва роҳандозии низоми универсалии QR-код пешбинӣ шудааст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки аз соли 2021 то имрӯз қариб ҳазор ташаббуси пешниҳодкардаи соҳибкорон дар қонунҳо ва қарорҳо таҷассум ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки муколамаҳои кушод дигар як чорабинии расмӣ набуда, балки ба механизми амалии қабули қарорҳои давлатӣ табдил ёфтаанд.

Хулоса, муколамаҳои кушоди панҷ соли охир муносибатҳои давлат ва соҳибкориро дар Ӯзбекистон ба марҳилаи тамоман нав бароварданд. Соҳибкор акнун на танҳо андозсупоранда, балки субъекти муҳими иштироккунанда дар ташаккули сиёсати иқтисодӣ гардидааст.

Муҳимтар аз ҳама, ин муколамаҳо нишон доданд, ки иқтисодиётро метавон на аз утоқҳои корӣ, балки дар асоси эҳтиёҷоти воқеии бозор идора кард. Ин далели он аст, ки дар модели иқтисодии Ӯзбекистони Нав садои соҳибкорон аҳамияти ҳалкунанда пайдо карда истодааст.

Ҷамшед Шарипов,

мудири шуъбаи Маркази «Стратегияи тараққиёт»

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: