Соҳаи аграрӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт буда, манбаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Айни замон деҳқонони вилояти Сурхондарё корҳои ҷамъоварии ҳосили ғаллаи соли ҷорӣ ва нигоҳубини пахтаро бо суръати баланд идома медиҳанд.
Роҳбарияти вилоят дар маҳалҳо бо ҷараёни корҳо дар ин бахш шинос шуд. Нахуст шароити кории бинои азнавсозишудаи озмоишгоҳи фитосанитарии Раёсати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилоят аз назар гузаронида шуд. Масъулон оид ба корҳои ба роҳ мондани фаъолияти озмоишгоҳ, гирифтани иҷозатнома ва ҷорӣ намудани хидматрасониҳои муосир маълумот пешниҳод намуданд.
Роҳбарият барои роҳандозии тамоми намудҳои хидматрасонии зарурӣ дар раванди содирот ва боз ҳам содатар намудани тартиби хидматрасонӣ дар назди соҳибкорон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Сипас, дар ҷаласаи видеоие, ки дар ноҳияи Ангор баргузор гардид, иҷрои вазифаҳо бино ба 12 самти афзалиятноки бахши аграрӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, маълумоти масъулон оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалла, парвариши пахта, рушди чорводорӣ, ворид намудани чорвои зотӣ аз хориҷ, бунёди боғҳои суперинтенсивии саноатӣ ба ҷойи боғҳои камсамар, истифодаи самараноки канораҳои замини кишт ва дигар самтҳо шунида шуд.
Дар рафти ҷаласа намояндаи воҳа, ғолиби форуми ташаббусҳои созандаи «Барои оянда» Зокир Йӯлдошев ҳозиринро бо лоиҳа ва ташаббусҳои худ, ки дар асоси Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ ҷиҳати дастгирии бештари ташаббусҳои ояндасоз дар татбиқи ислоҳот» роҳандозӣ шудааст, ошно намуд. Пас аз муҳокима роҳбари вилоят бо ҷараёни дарави ғалла ва нигоҳубини агротехникии пахта, ки дар ноҳияҳои Ангор, Музработ, Шеробод, Қизириқ, Ҷарқӯрғон ва Тирмиз, аз ҷумла, дар майдонҳое, ки бо усули «Шинҷон» кишт шудаанд, шинос гардид.
Қобили зикр аст, ки беш аз даҳ хоҷагии фермерӣ ҳанӯз дар рӯзҳои аввали мавсими дарав нақшаҳои шартномавии ба давлат супоридани ғалларо барзиёд иҷро намуданд.
Роҳбари вилоят ба масъулон доир ба ташкили босифат ва муташаккилонаи ҷамъоварии ҳосили ғалла тавсияҳо дод.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.