Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд

  • Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд
  • Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд
  • Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд
  • Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд
  • Рӯзноманигорон гирдиҳам омаданд

Ҷамъомади ҳисоботӣ-интихоботии шуъбаи Иттиҳоди рӯзноманигорони Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Дар он эҷодкорон, журналистони собиқадор, рӯзноманигорони ҷавон, фаъолон иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ ҳисоботи раиси шуъбаи минтақавӣ Ҳусан Эрматов дар солҳои 2021-2025, ҷамъбаст ва дурнамои рушд барои панҷ соли оянда баррасӣ гардид.

Оиди корҳои анҷомдодашудаи бахши шаҳрии иттиҳод дар самти дастгирии рӯзноманигорон, омода кардани мутахассисони ҷавон ва шаффофият дар ВАО шунида шуд. Ҳисоботи комиссияи назоративу тафтишотӣ дар бораи фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии шуъба низ шунида шуд.

Тибқи барномаи ҷамъомад ҳайати нави раёсати шаҳрӣ тасдиқ карда шуд. «Харитаи роҳ» барои солҳои 2026-2030 қабул гардид ва намояндагони пойтахт ба конфронси навбатии Иттиҳоди журналистони ҷумҳурӣ вакил интихоб шуданд. Сармуҳаррири шабакаи радиои «Ӯзбекистон-24» Худойназар Дӯстқобилов раиси шуъбаи шаҳри Тошканд интихоб шуд. Таъкид гардид, ки иштироки журналистон дар озмунҳои «Килки заррин», «Журналисти фаъоли сол», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Журналисти ҷавони фаъолтарини сол» беш аз пеш шаффофтар гардад.

Баробари муваффақиятҳо ба камбудиҳои шуъба низ истода гузаштанд.

– Панҷ-шаш соли охир ба бахши шаҳрии иттиҳоди журналистон эътибор камтар шуд. Мехостем ба масъалаҳои имтиёзҳо барои хонаву ҷой, истироҳат ва табобати журналистони собиқадор эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар замони Иттиҳоди шӯравӣ агар барои шоиру нависанда ё рӯзноманигор манзили якутоқа дода шавад, баҳри бо эҷод машғул шудани ӯ хонаи алоҳида дода мешуд, – мулоҳизаҳои худро баён намуд журналисти собиқадор Қобилбек Каримбеков.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: