аввалин озмуни онлайнии тоҷикии китобхонӣ
Таҳти ташаббуси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар паёмрасони Телеграм боти махсус таъсис ёфта, баргузории озмуни онлайнии китобхонӣ – «Китобхони заковатманд» роҳандозӣ шуд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногуни кишвар ташкил гардида, дар ду номинатсия – «Иштироки фаъол дар тест», «Тарғиботи озмун» ва дар асоси қиссаи «Марги судхӯр»-и Устод Садриддин Айнӣ гузаронида шуд.
Пас аз эълони озмун 1708 нафар корбарон вориди бот шуданд, аз онҳо 1152 нафар сабти ном намуданд ва аз байни ин миқдор қариб 100 нафар бо иҷрои талаботи озмун ҳуқуқи иштирокро дар марҳилаи аввал ба даст оварданд.
Марҳилаи якум 6 июн, аз соати 19:00 то соати 00:00 дар боти махсус идома ёфта, иштирокдорон ба 30 саволи тест, ки дар асоси «Марги судхӯр» омода шуда буд, ҷавоб ёфтанд ва аз онҳо 20 нафар корбаре, ки натиҷаи баландро ба даст оварданд, ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтанд.
Дар марҳилаи дуюм низ тавассути «@QuizBot» ба иштирокдорон аз ин қиссаи маъруфи Устод Айнӣ 20 саволи нисбатан мураккабтар пешниҳод гардид ва дар асоси меъёри 5 холӣ (дар маҷмӯъ 100 хол) баҳогузорӣ шуд.
Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ Дилрабо Назарова, муҳаррири гурӯҳи фарҳангии «Ориён»-и шаҳри Самарқанд ва Рисолат Абдуҷабборова, сокини ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба 16 савол ҷавоби дуруст ёфта, 80 хол ҷамъ карданд.
Мувофиқи низоми озмун, ҳангоми баробар шудани натиҷаҳои тест, ба иштирокдоре, ки озмунро бештар тарғиб кардааст (реферал), бартарӣ дода мешавад.
То рӯзи озмун Д. Назарова 13 нафар ва Р. Абдуҷабборова 3 нафарро даъват карда буданд.
Бо назардошти чунин муқаррарот, дар номинаи «Иштироки фаъол дар тест»-и озмун Дилрабо Назарова ҷойи якум, Рисолат Абдуҷабборова ҷойи дувум ва Шавкатулло Остонаев, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 18-уми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Дар номинаи дувуми озмун – «Тарғиботи озмун» Манучеҳр Рустамалиев, сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Сӯхи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бо даъвати 98 нафар корбар ҷойи якум, Озодбек Абдусаматов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд бо тарғиби озмун миёни 86 нафар ҷойи дуюм ва Ҳотамалӣ Раҳматов, омӯзгори мактаби ҳамагонии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх бо даъвати 64 нафар корбар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
– Аз ташкили чунин озмуни китобхонӣ бо забони тоҷикӣ хеле хурсанд шудам, – иброз дошт Шавкатулло Остонаев. – Камина дар озмуни «Китобхон миллат», ки мунтазам бо ӯзбекӣ гузаронида мешавад, фаъол иштирок мекунам. Бо ҳамин сабаб, якчанд асари бадеиро мутолиа ҳам намудам. Аз ҷумла, асарҳои Абдулло Қаҳҳор, Тоҳир Малик ва ғайраро. Бо баҳонаи озмуни онлайнии «Китобхони заковатманд» бори дигар «Марги судхӯр»-ро хондам, сабтҳои қиссаро гӯш кардам. Ин иқдоми «Овози тоҷик» шоёни таҳсин аст ва умед дорем, ки ин ташаббус идома ёфта, шумораи иштирокдорон ҳам афзояд.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳо сарфароз мегарданд.
«Овози тоҷик».