Аксаран вақте, ки калимаи «кимиё»-ро мешунавем, пеши назарамон заводҳои дудбаро, дарёҳои ифлосшуда ё иловагиҳои зараровари ғизоӣ меоянд.
Дуруст аст, зараре, ки инсоният ба табиат мерасонад, имрӯз ҳамаи моро ба ташвиш овардааст. Аммо як ҳақиқатро набояд фаромӯш кард: табиатро на илми кимиё, балки инсонҳое ифлос мекунанд, ки аз он нодуруст истифода мебаранд. Дар асл, калиди ҳифзи модар-табиат маҳз дар дасти кимиёдонон мебошад
Ман дар давоми фаъолияти омӯзгории худ ба шогирдонам ҳамеша такрор мекунам: табиат худ як лабораторияи бузург аст. Ҳар як раванди он – аз гардиши об сар карда, то нафаскашии растаниҳо ба қонуниятҳои мукаммали кимиё асос ёфтааст. Вазифаи мо на мубориза бо табиат, балки омӯхтани ин қонуниятҳо ва зиндагӣ дар ҳамоҳангӣ бо онҳост.
Имрӯз олимони ҷаҳон дар асоси принсипи «Кимиёи сабз» фаъолият мебаранд. Ин чист? Ин – пешгирӣ аз ихроҷи газҳои заҳролуди заводҳо ба ҳаво, сохтани материалҳои зуднестшаванда ба ҷойи пластик ва тоза кардани об бо усулҳои муосиртарин аст. Масалан, барои пешгирии боронҳои кислотагӣ имрӯз бо ёрии филтрҳои кимиёвӣ оксидҳои азот ва сулфур безарар гардонида мешаванд. Оё ин хидмати илми кимиё дар назди табиат нест?
Дар тоза нигоҳ доштани ҳавои гӯшаҳои хушобу ҳавое мисли ноҳияи Паркент, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва дар баланд бардоштани ҳосилнокии хок низ нақши донишҳои кимиёвӣ беқиёс аст. Мо бояд истифодаи нуриҳои минералӣ ва утилизатсияи партовҳоро бо илм дар меъёраш иҷро кунем.
Ҷавонони азиз, дар оянда кимиёдон мешавед ё соҳиби касби дигар, як чизро дар ёд доред: табиат ба мо на ҳамчун мерос аз гузаштагон, балки ҳамчун амонат ба наслҳои оянда дода шудааст. Омӯзиши амиқи илми кимиё бошад, барои ҳифзи ин амонат ба мо кӯмак мерасонад.
Биёед, на дуди сиёҳи аз мӯрии заводҳо бароянда, балки меҳнати он олимеро бинем, ки он дудро тоза карда, ҳаворо мусаффо мегардонад. Зеро илм – нурест, ки зулмотро равшан мекунад ва кимиё – қудратест, ки ҳаёти моро зебо ва табиатро ҳифз менамояд.
Анвар Душаев,
омӯзгори мактаби рақами 20-уми ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд.