Баҳри беҳтар кардани шароити мавсими истироҳат ва саломатии кӯдакон дар ҳамаи минтақаҳо истироҳатгоҳҳои тобистона таъсис дода шудаанд.
Дар вилояти Намангон оё оромгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ба мавсим омодаанд? Ба ин савол аз мутахассисони соҳа ҷавоб пурсидем:
– Имрӯз дар вилоят 421 ҳазору 119 нафар кӯдаки синни истироҳатӣ, яъне кӯдакони аз 7 то 14 сола зиндагӣ мекунанд. 16 520 нафари онҳо, яъне 10 ҳазор ба оромгоҳҳое, ки дар мактабҳои умумӣ ташкил шудааст ва 6 ҳазору 520 нафарашон ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта шудаанд, – мегӯяд сармутахассиси шуъбаи вилоятии Раёсати ташкили истироҳат ва саломатии кӯдакон Азизбек Холиқов. – Мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон аз нав сохтани оромгоҳи кӯдаконаи «Офтобча» дар ноҳияи Поп ба нақша гирифта шудааст.
Дар 9 оромгоҳи назди раёсат ба мавсим бо кӯмаки фонд ва ҳокимиятҳои ноҳияҳо бо суръати баланд барои ташкили истироҳати шавқовари кӯдакон омодагӣ идома дорад. То имрӯз оромгоҳҳо ба маблағи 1 млрд. 113 млн. 963 ҳазор сӯм таъмир карда шуд.
Аз ҷумла, дар оромгоҳҳои «Меҳргон» ва «Оби ҳаёт»-и ноҳияи Чуст, ки барои 270 ҷой пешбинӣ шудааст, 1080 нафар кӯдакон дам мегиранд. Дар маскан дарахтони ороишӣ ва меванок шинонда шудааст. Дар хобгоҳ ва ошхона, майдончаи варзишӣ ва даромадгоҳи оромгоҳ корҳои рангубор ва таъмир анҷом дода мешаванд.
Дар оромгоҳи кӯдаконаи «Норин» низ барои 160 ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо дар мавсим 640 нафар писару духтарон дам мегиранд.
Дар масканҳои «Бинафша»-и ноҳияи Поп ва «Соҳил», ки дар ноҳияи Косонсой ҷойгир шудааст, омодагӣ бо суръати баланд идома дорад. Ғайр аз ин, дар масканҳои кӯдаконаи «Заркент» ва «Нанай», ки дар дурдасттарин минтақаи ноҳияи Янгиқӯрғон ҷойгиранд, омодагӣ ба мавсим ба анҷом расид. Дар ин масканҳо барои ҷойгир кардани 2080 нафар кӯдак бо иқтидори 520 ҷой пешбинӣ шудааст. Барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ тамоми анҷомҳои зарурӣ мавҷуданд.
Бо ҳамкории шуъбаи таълими халқи вилоят 147 нафар омӯзгорони мавсимӣ интихоб шудаанд ва мутахассисон барои онҳо семинар ва тренингҳо гузаронида, сертификатҳо доданд.
Барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътил дар оромгоҳҳо ҳар рӯз бахшида ба мавзӯъҳои муайян чорабиниҳо ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, ташкил намудани чорабиниҳои маънавию маърифатӣ дар мавзӯъҳои «Салом, оромгоҳ!», «Фестивали кӯдакон», «Арзишҳои миллӣ», «Дастони моҳир», «Варзиш ва саломатӣ», «Дӯстии халқҳо», «Кӣ бисёр шеър медонад?» ва «Китоб – дӯсти ман» барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти иҷтимоии кӯдакон хизмат мекунад.
Бино ба фармони роҳбари давлат «Дар бораи такмили минбаъдаи низоми дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат» аз 8 майи соли 2025, соли равон хароҷоти дамгирӣ ва ҳифзи саломатии 2 ҳазору 730 нафар хонандаи аълохони оилаҳои камтаъмин, аз тарафи давлат пурра пардохта мешавад. Бо ҳамкории ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят, шуъбаҳои тандурустӣ, таълими халқ, корҳои дохилӣ, маданият ва маркази санитарӣ-эпидемиологӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбарони оромгоҳҳо, мураббиёни варзиш, омӯзгорони интихобшуда, мутахассисони соҳа иштирок карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.