Номи шахсоне дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад, ки баҳри кишвару халқи худ бо донишу хирад, амали нек, ё ҳунару санъат суде оварда бошанд.
Сарвари кишварамон Шавкат Мирзиёев аз ҷумлаи чунин родмардон мебошад.
Одатан мардуми мо дар вақти дуо «Худованд осоиштагӣ ва хотирҷамъӣ диҳад», гуфта даст ба рӯй мекашанд. Оре, ин вожаҳо арзиши баланд доранд. Шукри беҳад мо аз ин неъмати Худодод баҳрабардорем. Вақте ба ҷое сафар мекунед, ё аз ҷое ба ҷойи дигар меравед, гувоҳи бисёр дигаргуниҳо мешавед. Ин замон деҳаҳо намуди шаҳрро доранд.
Аз мумфарш гаштани роҳи кӯчаҳову нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, идораву муассисаҳои давлатӣ ва варзишгоҳҳо равшан аён аст, ки давлати мо рӯз то рӯз ободу зебо мегардад.
Хоҳ-нохоҳ гузаштаи наздикро пеши назар меорем. Ба ин тарз дигаргун гаштани ҳаётамон бовар намекунем. Беихтиёр аз дил нидо мебарояд: «Шукри беҳад». Аз рӯйи инсоф ба шукр накардан ҳақ ҳам надорем.
Рӯзҳое паси сар шуданд, ки алалхусус, барои омӯзгор вазнин буданд. Омӯзгор ба шахси аз ҳама беэътибор ва иҷрокунандаи ҳар гуна меҳнати изофа табдил ёфта буд. Омӯзгоре, ки шахсро тарбият мекунад ва чӣ будани «адолат, ҳақиқат, маънавият, ҳалолкорӣ ва ...»-ро дар ниҳоди шахс таҷассум мекунонад. Дар идораву муассисаҳои давлатӣ шахсони худӣ бар худӣ кор мекарданд ва табиист, ки ба халқ коре надоштанд. Мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро шиор карда буданд. Ҳоло муҳит тамоман дигар аст. Имрӯз имкониятҳое пайдо шудаанд, ки дар хоби шаб ҳам намедидем.
Ин замон омӯзгор аз пайи кори худ аст. Ҷорӣ гардидани тоифагирии зина ба зина, бо гирифтани сертификат ва ноил гаштан ба мукофоти вазири таълим – ин ҳама ба омӯзгор имкон дод, то дар болои худ кор кунад ва соҳиби музди меҳнати баландтар гардад.
Дар асл ҳам ҳамин хел шуданаш лозим. Сари вақт пардохти музди меҳнат боиси дучанд гаштани меҳри устодон нисбати касби худ шуда истодааст. Дар ҳамаи соҳаҳо ҳамин гуна пешравиҳо ба амал омад. Ҳаёт, зиндагӣ тағйир ёфт. Худ аз худ не. Бо дастгириву ғамхорӣ ва ташаббуси оқилонаи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев. Ин неъмати Худодод аст. Дар урфият мегӯянд, ки: «Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад, шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад». Шукр, ки сарвари мо одил аст, оқил асту Ватану халқи худро дӯст медорад.
Исботи гуфтаҳои болоро сарварони дигар давлатҳо низ эътироф кардаанд.
Дигаргуниҳои кишварамон назаррасанду соат ба соат меафзоянд. Ҳамкориву муносибатҳои дӯстонаи кишварамон бо дигар давлатҳо, алалхусус, бо мамлакатҳои ҳамсоя боиси хушнудиву мамнунияти ҳамагон гаштааст.
Риштаҳои бародарӣ ва хешу таборӣ торафт қавитар мегарданд.
Сулаймон Содиқ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.