Ниёз ба китоб эҳсосшаванда аст

Бузургон барҳақ таъкид кардаанд, ки китоб сарчашмаи илму маърифат, ганҷи бебаҳост. Он дар рушди тафаккури инсон нақши босазо мегузорад, ба одам ғизои маънавӣ мебахшад.

Боиси хушнудист, ки бо таваҷҷуҳи сарвари давлатамон ба китобу мутолиаи он диққату эътибори махсус дода мешавад. Бояд гуфт, ки Маркази ахбор-китобхонаи вилоятии ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд таърихи дуру дароз дорад.

Нигоҳе ба таърих

Бостоншиноси маъруф, асосгузор ва нахустин директори осорхонаи Самарқанд, ношир ва шореҳи дастхатҳои асри миёнаи Шарқ Василий Вяткин (1869-1932) барои баланд бардоштани маърифат, рушди илму фарҳанг хидмати шоиста кардааст. Бо ҳаракати ӯ соли 1914 ҷойи расадхонаи Мирзо Улуғбек муайян гардид. Василий Вяткин муаллифи асари безаволи «Афросиёб – димнаи Самарқанди бостонӣ» (соли 1927) буда, барои омӯхтан ва муҳофизати ёдгориҳои таърихии Осиёи Миёна хидмати шоиста кардааст. Ӯ бо таклифу дастгирии маърифатпарварону равшанфикрон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Шакурӣ, Бреженский, Грушановский ва дигарон соли 1911 дар шаҳри Самарқанд нахустин китобхонаи оммавиро дар шафати бинои осорхона, ки худ директори он буд, ташкил намуд. Дар китобхона аввал ду ҳазор нусха асарҳои гуногуни адабиёти русӣ, тоҷикӣ-форсӣ, арабӣ, туркӣ ва ғайра мавҷуд буд. Он ҳам аз ҷониби шахсони нексиришту хайрхоҳ ҳадя шудааст. Баъдтар соли 1937 китобхона, ба муносибати 100-солагии вафоти А.Пушкин, номи ӯро гирифт.
Соли 1970 китобхона ба бинои хушсохти замонавии сеқабата, ки ҷавобгӯйи талаботи замон, яъне дар хиёбони собиқ Абрамов, ҳоло Донишгоҳ кӯчид. Дар иншооти кӯҳна китобхонаи бачагона ҷой гирифт. Чанде пеш роҳбари маъмурияти Президент Саида Мирзиёева ба китобхонаи наврасон, ки воқеъ дар чорроҳаи Амир Темур ва Маҳмуд Қошғарӣ аст, ташриф фармуда, барои таъмиру тармими бинои 115 сола, ки бо гузашти айём хеле харобу валангор шудааст, ба ҳокимияти вилоят супориш дод.

Роҳбари нав – талаби нав

– Таърихи ба кор омаданам аҷиб аст, – бо табассуми ширин лаб ба сухан кушод роҳбари нави макони ганҷи бебаҳо Наргиза Саидмуродова, – аз сабаби он ки хонаи мо дар шафати китобхона қарор дошт, солҳои мактабхонӣ зуд-зуд ба ин ҷо омада, асарҳои адибони тоҷику ӯзбек, русу ҷаҳонро мутолиа мекардам. Воқеан, холаам Маҳбуба Сатторова ходими китобхона буданд ва ба ман асарҳои тозанашри шавқовару хонданибобро пешкаш менамуданд.
Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ҳуҷҷат супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Соли 1999 ба мактаби рақами 65-уми ноҳияи Самарқанд ба кор омадам, вале ҷойи дӯстдоштаи ман китобхона буд. Рӯзе Маҳбубахолаам гуфтанд, ки ба китобхона ходими нав лозим. Муҳаббат ба китоб, мутолиа ва амри тақдир будааст, ки аввал китобдор, дертар ҳамчун мудири шуъба, ҷонишини директор фаъолият бурдам. Чанде пеш роҳбари Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкин, ки дар тасарруфи Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ аст, таъин шудам ва аввалин журналисте, ки барои табрик омад, шумо – намояндаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳастед.

– Наргиза Ӯктамовна, Самарқанд яке аз сераҳолитарин вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар тасарруфи идораи шумост, чӣ гуна арзёбӣ мегардад?

– Китоб ганҷи бебаҳост ва хазинаи он оинаи ба худ хоси ҳаёт аст. Бароям посдори асарҳои бузургонамон будан бахти бузург. Худ китобро донистан, муҳаббат бастан, дарк намудан эҳсосоти аҷиб аст. Ақлу ҷаҳонбинии одам бо мутолиа васеъ мегардад. Замоне бобокалонҳои мо барои пайдо кардани китоб азоб мекашиданд, ҳозир мо ба интихоби китоб душворӣ мекашем. Масалан, ҳоло дар ҷевонҳои мо 649 ҳазору 639 нусха асар ба 43 забонҳои ҷаҳон буда, ҳар рӯз тақрибан 700-800 нафар мухлисон тавассути компутерҳои электронӣ ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо соли гузашта шумораи онҳо 109 ҳазору 315 нафарро ташкил кард. Боз ба маълумоти шумо бояд расонам, ки дар китобхонаи мо ҳафт толори мутолиа, 14 шуъба арзи вуҷуд дошта, 70 нафар ходимони соҳибтаҷриба ба корафтодагон хидмат мерасонанд. Фаромӯш накунем, ки ба китоб ҳама – пиру ҷавон, тадбиркор ва ҳатто бекорхӯҷа заруратро ҳис мекунад. Лекин одам барои дониши мукаммал гирифтан асарҳои беҳтаринро интихоб карданаш лозим. Шумораи китобҳо не, балки хубу аълояш фоида меоварад. Боз як гап, кӣ ва ба чӣ қодир будани шахсро аз интихоби китоб фаҳмидан мумкин аст.

– Мо бо тақозои касб ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар мекунем. Дар аксар ҷойҳо китобхонаҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Барои бартараф сохтани камбудӣ ва норасоиҳо чӣ тадбирҳо пайгирӣ карда мешавад?

– Ба фикри шумо ҳамроҳ ҳастам. Замоне ғайр аз мактабҳо ҳар як гузару маҳалла китобхона дошт. Ҳоло дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳои Маркази ахбор-китобхонаи вилоятии ба номи Пушкин мавҷуд асту халос. Ходимони мо аз рӯйи нақша бо навбат ба ноҳияҳо рафта, ба ҳамкасбони худ барои беҳтар кардани фаъолияти ахбору китобхонаҳо кумак мерасонанд. Инчунин, гоҳ-гоҳ дар маркази мо чорабиниҳои такмили ихтисос, озмунҳои гуногун баргузор мешавад. Мақсад таҷрибаомӯзӣ аст.
Инчунин, рӯнамоии асарҳои нав, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, таҷлили мавлуди адибон ба анъана табдил ёфта, дар тадбирҳо на танҳо самарқандиён, ҳатто меҳмонон аз Русия, Қазоқистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Хитой, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳои олам ширкат меварзанд.

Сайре ба хазинаи илму дониш

Ҳар шахсе, ки ба бинои китобхона ворид мешавад, диққату эътибори ӯро ҷевонҳои китоб, гулдонҳои рангбаранги пурҷозиба, тозаву озодагӣ, осоиштагӣ, панду ҳикматҳои бузургон дар бораи китобу мутолиа, соҳиби илму дониш шудан ва хосатан, чеҳраи кушод, муомилаи хуши ходимон ба худ мекашад.
Шинос шудани мо аз шуъбаи дастхатҳои қадими Шарқ оғоз ёфт. Китобдори калон, мудири шуъба Заррина Латифова иттилоъ дод, ки дар толори мазкур қариб 50 асари нодир, ки бо ҳуруфи арабӣ хаттотҳо тозанавис кардаанд, маҳфуз аст. Аз онҳо бостоншиносон, пажӯҳишгарон ва бештар донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, кормандони илмӣ аз Туркия, Амрико, Эрон, Венгрия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Англия ва дигар кишварҳои олам истифода мебаранд.

– Толори мутолиа, – гуфт мудири он Наргиза Бурҳонова, – аз соати 8-и пагоҳӣ то бегоҳ хидмат мекунад. Ходимони мо Марҷона Шамсиева, Мамлакат Бекмуродова, Рухшона Абдухалилова бо талаби мизоҷон адабиёти заруриро зуд пайдо карда, пешкаши онҳо мегардонанд.

Маҳбуба Қулова беш аз сӣ сол аст, ки ҳамчун роҳбари хидматрасонӣ дар толори қироат адои вазифа карда, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ, гузару маҳаллаҳо ва оилаҳои китобхон асарҳои хонданибобро мерасонад.

– Дар шуъбаи мо Ҳилола Бозорова, Интизор Ноёбова, Илгиза Сайфуллоева, Насиба Маматқулова кор мекунанд, – мегӯяд Маҳбуба Маматқуловна, – вақте ки мизоҷон ба моён «раҳмат!» гӯён миннатдорӣ изҳор мекунанд, аз хидмати худ қаноатманд мешавем.
Дар шуъбаи кишваршиносӣ нисбати ёдгориҳои таърихӣ, ки қариб 600 китоб ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, ҷопонӣ ва ғайра ҳастанд, диққату эътибори роҳбаладон ва ходимони илмии хориҷиёнро ба худ мекашад. Умуман, таваҷҷуҳи мардум ба китобхона – дурдонаи ғании рӯҳии инсоният бузург аст.
– Ман дар бахши дуюми шуъбаи арабии Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд таҳсил мегирам, – худро муаррифӣ сохт яке аз мухлиси доимии китобхона Сарвиноз Эргашева, – дар ин ҷо адабиёти заруриро зуд пайдо кардан мумкин мебошад. Дар шуъбаи байналхалқӣ тавассути онлайн кас метавонад бо бисёр китобхонаҳои олам –  Ҳиндустон, Эрону Амрико, Фаронсаву Русия ва ғайра риштаи дӯстиву ҳамкорӣ баста, ба маълумотҳои зарурӣ соҳиб гардад. Мехостам тавассути рӯзномаи шумо ба ҷамоаи китобхона барои хидмати шоиста ва беминнат миннатдорӣ изҳор намоям.

Мо чунин арзи сипосро аз дигарон низ шунидем. Ин ҳангом беихтиёр байтҳои зерини Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотир омад:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Собири БУРҲОН,

муҳаррири калони шуъбаи тоҷикии Ширкати симо ва садои Самарқанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: