Сирри 66 соли зиндагии хушбахтона

Ҳар як оила тартиби зисти худро дорад, аммо оилаҳое ҳастанд, ки тарзи зиндагии онҳо барои тамоми насл намуна аст. Зеро, аъзои чунин оилаҳо на танҳо якҷо зиндагӣ мекунанд, балки якҷо шодӣ мекунанд, якҷо ғам мехуранд ва бо ҳам пир мешаванд.

Дар даврони пурташвиши кунунӣ, ҳангоме ки арзишҳои оилавӣ баъзан нодида мемонанд, суҳбат дар бораи одамоне, ки дар чунин оилаҳо тарбия ёфтаанд, на танҳо муҳим, балки зарур ҳам ҳаст. Зеро ҳаёти онҳо маънии хушбахтии ҳақиқиро рӯшан падидор мекунад. 

Салойдинбобо Шаҳобов ва Муътабармомо Раҷабова аз чунин шахсони хушбахтанд, ки 66 сол бо ҳам зистаанд. Онҳо дар маҳаллаи Пилоли ноҳияи Чуст хушбахтона зиндагӣ мекунанд.

Салойдинбобо зиёда аз 70 сол дар хоҷагии қишлоқ аввал чун раиси ҷавонону ҳисобдор, сонитар ҳамчун роҳбари бригада кор кард. Баъдтар мардуми маҳалла ӯро раис интихоб карданд,чандин  сол ин масъулиятро ба ӯҳда гирифт. Мардум ҳурматаш мекарданд. Бояд гуфт, ки аҳли маҳалла то ҳол аз вай маслиҳат мепурсанд.

Соли 1960 Салойидин ба Муътабари ҳаммаҳаллааш хонадор шуд. Муътабар меҳнатдӯст буд, ҳам дар саҳро кор мекарду ҳам кори хонаро ӯҳда менамуд. Онҳо 5 фарзанд – Ҷалолиддин, Насиба, Камолиддин, Маҳбубаю Раъноро ба воя расониданд. Ба донишомӯзии онҳо эътибори алоҳида доданд. Дар натиҷа ҳамаи фарзандон дорои маълумоти олӣ шуда, касби омӯзгориро интихоб карданд. Ҳар кадом меҳнатдӯст ҳастанду дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиби худро доранд. Имрӯз фарзандони фарзандон низ дар соҳаҳои гуногун самаранок кор мекунанд ва дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд. 

Салойдинбобо ҳангоми суҳбат бо мо бисёр панду насиҳатҳо гуфта, таъкид карданд, ки бояд онҳоро дар ёд дорем.

– Ман дар давоми зиндагӣ бисёр чизҳоро дидаву аз сар гузаронидам, – гуфтанд бобо. – Бузургтарин дарсе, ки ҳаёт ба ман омӯхт, сабр ва қаноат буд. Мутаассифона, ҷавонони имрӯз ба ин чизҳо камтар эътибор медиҳанд. Онҳо мехоҳанд ба ҳама чиз зуд соҳиб шаванду натиҷаашро зудтар бинанд. Аммо ҳаёт шитобкориро дӯст намедорад. Ман ҳамеша мегӯям: бузургтарин вазифаи падару модар на фақат нисбати фарзанд муҳаббат парваридан аст, балки ӯро омода кардан ба ҳаёти мустақилона мебошад. Зеро мо – волидайн абадӣ нестем. Худам ба ҳамаи фарзандонам, ба хусус ба писарон мустақил фикр кардану қарор бароварданро омӯхтам. Онҳо дарки масъулият, арзиши молу давлату маблағ ва идора кардани оиларо омӯхтанд. Вазифаи мо, падару модарон танҳо ҳифзи кӯдак нест, балки омода кардани ӯ ба ҳаёти мустақил аст.

Шаҳло МАМАҶОНОВА.

Вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: