Тарбияи фарзанд вазифаи муҳими оила, падару модар мебошад.
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.
(Абдураҳмони Ҷомӣ).
Таваллуд ва тарбияи фарзанд вазифаи муҳими оила, падару модар мебошад. Фарзанд оиларо мустаҳкам менамояд, қадру қимати онро баланд мебардорад, муҳаббати байни ҳамдигар ва эҳтироми волидайнро пойдор мегардонад. Муҳаббат нисбат ба фарзанд хусусияти хоси ҳар як инсон аст, оилае нест, ки дар бораи соҳиби кӯдак будан орзу накунад, зане нест, ки дар бораи ҳуқуқи модарӣ ё марде, ки орзуи падар шудан надошта бошад. Ҳисси модарӣ ва падарӣ дар табиати худи инсон ва тамоми табиати зинда мавҷуд аст.
Таваллуди кӯдак ҳодисаи хурсандибахшу муҳими оила мебошад. Оилаи серфарзанд аз ҳама хушбахттарин ҳисобида мешавад. Тоҷикон чунин мақоле доранд: «Сарват пулу мол нест, фарзанд аст». Ё дар гуфтугӯ мегӯянд: «Вай одами бадавлат аст, ҳашт фарзанд дорад».
Фарзандро меваи инсон меноманд. Махсусан, зодрӯзи кӯдаки нав дар оила ба тантанаи бузурги оилавӣ, хешу табор табдил меёбад.
Бачаҳо муждарасонанд. Дар ин маврид ҳатман «муждагонӣ» талаб мекунанд. Падар, хешу табор ба бачаҳо тӯҳфа, пул, рӯймолча ва ҷома медиҳанд.
Барои хушбахтию мустаҳкамии оила фарзанд бисёр муҳим аст. Фарзанд риштаи меҳру муҳаббати зану шавҳарро мустаҳкам менамояд ва масъулияти онҳоро барои тарбияи ӯ афзун мегардонад. Дар Қонуни Асосӣ сабт шудааст, ки «Падару модарон барои тарбияи фарзандон масъуланд. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки дар бораи тарбияи фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро ба меҳнати фидокоронаи ҷамъиятӣ тайёр намуда, ба камол расонанд».
Одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, ватандӯстӣ хислатҳои беҳтарини инсонианд. Барои ба воя расонидани фарзанд бо чунин хислатҳо ба волидон лозим меояд, ки меҳнату кӯшиши зиёде сарф кунанд. Оила – мактаби аввалин ва асоситарини тарбияи фарзанд мебошад ва агар дар ин зина ягон каҷравие ба амал ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимони мактаб ҳам кори басо душвор мегардад. Дар ин хусус Саъдии Шерозӣ байте дорад:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Собир Эргашев,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.