14 июн – Зодрӯзи сарояндаи маъруф ва зинданом Аҳмад Зоҳир
Дар оилаи шахси бомаърифату фарҳангдӯст доктор Абдузоҳир, ки дар вазифаҳои раиси парлумон, сарвазири мамлакат, сафири Афғонистон дар Ҳиндустон фаъолият дошт, 14 июни соли 1946 тифле ба дунё омад ва волидон бо умеду орзуҳои нек ӯро Аҳмад ном гузоштанд. Чун Аҳмад маънои сутудатар, ҳамидатар, мадҳкардашуда, писандида, Зоҳир бошад, маънои ошкоро, тобон, дурахшон, берунро дорад, бо гузашти солҳо дар ҳақиқат ин шахсият натанҳо чеҳраи шинохтаи писандидаву дурахшони Афғонистон, балки форсизабонон гашт.
Ӯ дар оилае таваллуд шудааст, ки ба ягон чиз ниёзу эҳтиёҷ надошт, лекин тарбияи хуби падару модар ӯро нозпарвар накард. Баръакс Аҳмад дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, покниҳодӣ тарбия ёфт, ба камол расид. Дар литсейи махсуси «Ҳабибия» таҳсил намуд ва таҳсилро дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон давом дод. Ба Италияву Британия, ИМА сафарҳо кард. Мусиқии шарқу ғарбро бо ҳам омезиш дода, бо иловаи оҳангҳои ҳинд, услуби нави худро кашф карда, тавонист дар олами санъати сарояндагӣ номи худро бо ҳарфҳои заррин сабт намояд. Гӯем, ки дар санъат инқилоб карду ислоҳотгар буд, хато намешавад. Дареғо, афсӯси беҳисоб, ки ин ниҳоли басамаромада, ин гавҳари бебаҳо, Борбади сонӣ дар авҷи гул-гулшукуфӣ бо теғи ҷаҳолату разолат айнан дар рӯзи мавлудаш 14 июни соли 1979 кушта шуд.
Аз рӯи шунидаҳову мутолиаҳо аён мешавад, ки Аҳмад Зоҳир китобхонаи хеле ғанӣ (мегӯянд 8 ҳазор китоб) дошт. Ба китобхона даромада шеърҳои беҳтаринро интихоб мекард, оҳанг мебаст. Дар сари оҳанг гаштаву баргашта кор мекард (ҳатто 47 бор сурудеро аз нав сабт кардааст). Умуман, сурудҳои ӯ аз эҷодиёти беш аз 50 шоирро дар бар мегирад. Бештар аз ашъори Абулқосим Лоҳутӣ – шоири муборизу озодихоҳ, аз ғазалиёти намояндаи бузурги тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки дар шӯру шааф аз ӯ касе баландтар эҷод накардааст, сурудҳо офаридааст. Дар такя ба муҳаққиқи эҷодиёти Аҳмад Зоҳир рӯзноманигор Султон Аҳмад, гуфтан мумкин аст, ки ҷамъи сурудҳои Аҳмад Зоҳир 351-то буда, асосан бо забони тоҷикӣ-форсӣ сурудааст. Инчунин бо забонҳои ҳиндӣ 9-то, паштунӣ 6-то, англисӣ 4-то, русӣ 1-то суруда шудаанд. Ҷиҳати муҳими ҳунари овозхонии ҳофизи нотакрор он аст, ки суруд аз оҳанг баланд садо медиҳад. Умуман, аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ маърифати баланд дошт, адабиётдӯсту шеършинос, дақиқкору масъулиятшинос буд. Аз эҷодиёти ӯ ҳар кас барои таскини дилаш суруде меёбад, ки рӯҳи тоза, қуввату бол мебахшад.
– Эътибору шуҳрати шуарову удабо ва ҳунармандони асил бояд миллатро ваҳдату якпорчагӣ бахшад, на ҷудоиву ихтилоф.
Орзу дорам як шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам ва ин хушбахтӣ ба василаи сулҳу ҳамбастагӣ ва дӯстию ҳамкории инсонҳо муяссар ҳасту бас. Аввал он, ки ғурури ҳунар шикасти ҳунариро бор меоварад. Дувум ин, ки рақобати ҳунарӣ бояд солим бошад, на ҳасодатомез.
Ман намехоҳам оҳангҳоям шабеҳи ҳам бошанд, дӯст надорам бо кӯҳна бисозам ва ҳамеша барои бофтани тозаҳои дигар равонам, – мегуфт Аҳмад Зоҳир.
Дар Сурхони мо низ ҳамзабонони алмоси Шарқ – Аҳмад Зоҳир асрҳои аср бо намояндагони халқҳо дӯстона зиндагонӣ доранд. Аз ҳар як бузургмарди илму адаб, сиёсату санъат ифтихорманданд, қадр менамоянд. Яке аз чунин шахсиятҳои маъруфу машҳур Аҳмад Зоҳир мебошад. Даҳҳо сарояндагони воҳаи Сурхону ноҳияи Сариосиё аз рӯи эҳтирому эътироф бо самимият аз эҷодиёти ин булбули санъат месароянд, ки беҳтаринашон Асадуллоҳи Қаландар мебошад. Ин дӯсту бародари адабиётпарвару санъатдӯсти мо, ҳофизи номӣ, қариб ҳар сол ёдбуди Аҳмад Зоҳирро ташкил менамояд. Имсол низ аз сабаби 14 июни соли ҷорӣ дар Душанбе тадбири ёдбуди Аҳмад Зоҳир ташкил шуданаш, дар санаи 17 июн «Ҷашнвораи 80-солагии Аҳмад Зоҳир»-ро дар тарабхонае дар Сариосиё ташкил намуданӣ аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки сарояндагон аз Афғонистону Тоҷикистон низ иштирок менамоянд.
Бо эҳтиром 80-умин солгарди Аҳмад Зоҳирро ба кулли мухлисону санъатдӯстон муборакбод менамоем.
Маҳкам Ҷаъфаров,
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.