Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17–18 июн Президенти Федеративии Ҷумҳурии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ҳамроҳ бо ҳамсараш бо сафари расмӣ ба кишвари мо меояд.
Тибқи барномаи сафар мулоқоту музокироти сарони ду давлат дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ баргузор мегарданд. Дар онҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Олмон баррасӣ хоҳанд шуд.
Таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, энергетика ва технологияҳои «сабз», нақлиёт ва логистика, фармасевтика ва саноати кимиё, кишоварзӣ, инчунин фаъолсозии мубодилаҳои таълимӣ ва гуманитарӣ равона мешавад.
Ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор хоҳад гардид.
Дар доираи музокирот оғози як қатор лоиҳаҳо ва барномаҳои нави муштарак, инчунин имзои маҷмӯи санадҳое дар назар аст, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ӯзбекистон ва Олмон такони иловагӣ хоҳанд бахшид.