Парвариши навъҳои беҳтари ғалла дар 84 ҳазор гектар замин

Соли равон қариб панҷ ҳазор хоҷагии фермерӣ ва деҳқонии вилояти Самарқанд дар 84 ҳазор гектар замин навъҳои беҳтару хубтар, серҳосилу ба бемориҳо тобовари ғалларо парвариш карданд.

Мувофиқи пешгӯии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз сабаби сербориш омадани сол ҳосилнокӣ нисбати соли гузашта 4 дар сад хоҳад афзуд. Масалан, соли сипаришуда ҳосилнокии ҳар гектар майдон 77 сентнерро ташкил карда бошад, имсол ин рақам 100 сентнер хоҳад шуд.

Мавсими дарави соли равон аз ноҳияи Нуробод оғоз ёфта, дар ноҳияи Ургут дар 23 шабонарӯз ба хотима меёбад.

Дар вилоят барои дар муддати кӯтоҳ ва муайяншуда бидуни талафот ҷамъоварии ғалла 260 комбайни баландиқтидор ва беш аз ҳазор мошини боркаш,70 устохонаи таъмирӣ сафарбар шудаанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: