ё худ идомаи роҳи пуршараф
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши яке аз саромадони санъати сарояндагии миллӣ Карим Зокиров (1912-1977) маълумотҳо зиёд. Агар писарони ӯ Ботир Зокиров ва Фаррух Зокиров, ки ситорагони санъати эстрадианд, ба унвони баланди «Ҳунарманди мардумӣ» сазовор гашта бошанд, ду фарзанди дигари хонадон бо унвони ифтихории «Ҳунарпешаи хидматнишондода» тақдир шудаанд.
Дар тавфиқ ёфтан ва шуҳратёр гардидани ин чаҳор фидоии санъат, албатта, нақши қиблагоҳи онҳо Карим Зокиров, ки ҳанӯз дар солҳои сиюми қарни сипаришуда чун иҷрогари нотакрори опера ва таронаҳои классикӣ ном бароварда ва ба унвони баланди «Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон» лоиқ шуморида шуда буд, хеле бузург.
Баробари ҳамин дар беосеб ба воя расондани фарзандон ва касби камоли эшон Шоистахонум Саидова, ки низ санъатвари боистеъдод буд, чун модар ва тарбиятгар хидмати шоиста кард.
Кариму Шоистаро тақдир чӣ гуна пайваст?
Дар қалби Шоиста, бо вуҷуди он ки дар хонадони мулло (қорӣ) ба дунё омада, дар он солҳои вазнин ва мураккаб, сурудхонӣ он тараф истад, занону духтарон ҳатто бе фаранҷӣ ба кӯча намебаромаданд, меҳри санъат лона гузошта буд.
Саидқорӣ мегуфтанд падарашро, ки порчаҳои зиёд аз «Каломи Шариф»-ро азёд медонист ва дар қироат низ салиқаи ба худ хос дошт. Ҳафт забон, аз ҷумла, форсӣ-тоҷикиро хуб медонист. Сарватманд, айни вақт, ҳимматбаланд ва камбағалпарвар буд. Дар маҳалла ба тӯйи бечораву ниёзмандон сару бар мегашт. Ва касе дар хаёл надошт духтари ана ҳамин гуна як шахси диндор ва яке аз шахсиятҳои машҳур дар Тошканди азим баъди хатми мактаби ибтидоӣ ба Маскав меравад, дар студияи операву театр таҳсил менамояд, артист мешавад.
Саидқорӣ, ки дили нарм ва бузурге дошт, раъйи духтари азизи худро нашикаст, иҷозат дод вай орзуҳои худро ба амал барорад.
Ҳамон вақтҳо Каримро ҳам, ки решаҳои бухороӣ дошту фарзанди яке аз оилаҳои обрӯманд дар Тошканд буд, ба Маскав фиристода буданд. Ӯву Шоиста якҷо таҳсил карданд, ба якдигар дил бастанд ва «нури чашмҳо»-и Зокироқсақолу Саидқорӣ оила барпо намуданд. 26 апрели соли 1936 дар Маскав нахустфарзанди ҷуфти муносиб ба дунё омад, номашро Ботир гузоштанд.
Оилаи ҷавон ба Тошканд баргашт. Карим Зокировро аллакай берун аз ҷумҳурӣ низ аз рӯйи пластинкаҳояш мешинохтанд (мегӯянд дар охири солҳои сиюм як пластинкаи ӯро бо нархи як гов мехариданд). Вай дар Театри калони давлатии академии опера ва балети ба номи Навоӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар операҳои «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Дилором» ва ғайраҳо партияҳои ҷолиб ба иҷро расонд, нақши Мулло Дӯст аз «Найранги Майсара»-ро бо маҳорати тамом иҷро кард. Нақле ҳаст, барои он ки овози ӯро шунаванд, тамошобиноне, ки бегоҳирӯз билет ёфта натавонистанд, мешудааст шабона дар ҳавлии театр бихобанд, то барои пагоҳ билет дарёб созанд. Карим Зокиров сурудҳои классикиро низ ба маром расонда мехонд – устодона Шашмақомсароӣ менамуд.
Ба рафиқаи ҳаётиаш Шоистахонум дигар аз даргоҳҳои муътабари санъат – Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Муқимии пойтахт бари худро кушод. Ҷавонзани зебо ва кушодчеҳра буд. Дар иҷрои нақшҳои хурду бузург кулли маҳорат ба харҷ медод, овози марғуб ва рӯҳбахш, ки дошт, бо сурудҳои диловез қалби тамошобинон тасхир месохт. Баъди образи Лайлиро аз спектакли «Лайлӣ ва Маҷнун» устодона офариданаш ӯро «Лайлии театри Муқимӣ» низ гуфтаанд солҳои дароз. То ба дунё омадани нахустнаберааш вай дар ин театр адои вазифа намуд. Ҳаёти минбаъдаашро ба тарбияи набераву абераҳо бахшид.
Карим Зокиров ва Шоиста Саидова панҷ писар ва як духтарро ба воя расонданд. Ботир, Луиза, Навфал, Ҷамшед, Фаррух ва Равшанро, ки аз пайи падару модар рафтаанд, алоқамандони санъати овозхониву театрӣ хеле хуб мешиносанд.
Бузургии Ботир Зокиров ва чун овозхони беназир ва дар қисмате аз кишварҳои дунё номварии ӯ ба касе сир нест. Оркестре, ки вай роҳбарӣ мекард, дар Ҷашнвораи умумиҷаҳонии донишҷӯён ва ҷавонон, ки соли 1957 дар Маскав рӯйи кор омад, бо иҷрои суруди «Ӯзбекистон» ба гирифтани дипломи махсус муяссар гашт. Он асно ба оркестр, зимнан, хоҳаракаш Луиза низ ҳамовозӣ намуд. Қобили таваҷҷуҳ боз он, ки мусиқӣ ва матн аз ҷониби бонуи хонадони арҷманд – Шоистахонум навишта шуда буд.
Акаву хоҳар – Ботиру Луиза якчанд таронаи хитшударо якҷо ба иҷро расондаанд.
Дар толори «Олимпия»-и Париж тамошобинони сершумор ба овозхонии Ботир Зокиров (соли 1966) лол монданд. «Тиллоӣ» номиданд садои ӯро. Сурудҳои ӯ бо як қатор забонҳои дунё, аз ҷумла ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар Фонди тиллоии телерадиоширкати миллии мо нигоҳдорӣ мешаванд.
Афсӯс, дар миёнсолӣ вай ба касалӣ печид. Духтурон сурудхониашро манъ карданд. Аммо мегуфт: «Наметавонам, суруд – ҳаёти ман». Бо вуҷуди нохубии солимӣ дар «Роҳҳои пуроташ» ва «Ҷавонии Сино» барин картинаҳои миллӣ ӯ нақшҳои ҷолиб бозидааст. Барои радио бо унвони «Шоҳзодаи хурд» композитсияи адабӣ омода сохт ва қариб ба тамоми образҳо худаш овоз дод.
Ботир Зокиров чун мусаввири чирадаст низ ёдгориҳои зиёд ба ҷовидон гузошт.
Вай соли 1985 дар 49-солагӣ зиндагиро падруд гуфт. Баъди ӯ хоҳараш Луиза – Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ бо садои дилкаш қалби Ҷавоҳирлаъл Неҳру барин сиёсатмадори шинохтаи дунёро ба ваҷд оварда буд, ба саҳна хайрухуш намуд.
Дигар аз фарзандҳои хонадон Навфал ҳам чун Ботир нобаҳангом аз дунё рафт. Вай консерваторияро хатм карда буд. Чун падар сарояндаи опера буд, таронаҳои эстрадиро низ ҳунарварона ба иҷро мерасонд. Соли 1977, вақте дар 36-солагӣ ногаҳон чашм пӯшид, хонаводаи машҳур гӯё дигарбора ба зилзилаи сахт дучор гашт. Асосгузори сулола Карим Зокиров ба ин бардошт карда натавонист. Баъди 40 рӯзи вафоти Навфал сактаи қалб ӯро аз миён бурд.
Ба Шоистахонум низ осон набуд. Доғи ду фарзанд, ки дар авҷи камолот чашм пӯшиданд, дилашро тагорӯ месохт. Вале сабр менамуд, шукри пайвандҳоеро менамуд, ки роҳи пуршарафи сулолаи Зокировҳоро идома медиҳанд. Вай бо арӯси хонадон Гавҳар ҳам (завҷаи Ҷамшед Зокиров, алъон Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон), ки набераи Абдуллоҳи Авлонист, ифтихор менамуд.
Сарояндаи боистеъдоди таронаҳои мардумӣ, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҷумҳурӣ Шоиста Саидова соли 2000-ум дар 80-солагӣ аз олам гузашт.
Дар ин айём баробари 90-солагии Ботир Зокиров 80-солагии додари ӯ Фаррух Зокиров – Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таҷлил мегардад. Ба вай ҳамчунин аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон унвони ифтихории «Ҳунарпешаи мардумӣ» дода шудааст.
Идомадиҳандаи сазовори сулолаи арҷманд Фаррух Зокиров ба наздикӣ бо фармони Президентамон бо ордени «Буюк хизматлари учун» тақдир шуд.
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри Тошканд.