Президенти Албания ба Ӯзбекистон омад

  • Президенти Албания ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Албания ба Ӯзбекистон омад
  • Президенти Албания ба Ӯзбекистон омад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Албания Байрам Бегай якҷо бо ҳамсараш бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овард.

Меҳмони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд Спикери Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тибқи барномаи сафар, дар рафти музокироти сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Албания баррасӣ хоҳанд шуд.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории минбаъда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла савдо, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, энергетикаи «сабз» ва сайёҳӣ дар маркази диққат қарор мегирад. Фаъол гардондани мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.

Мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла дастгирии мутақобила дар доираи платформаҳои бисёрҷониба низ дар назар аст.

Президенти Албания дар доираи барномаи ташриф дар V Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд низ иштирок хоҳад кард.
Беҳруз ХУДОЙБЕРДИЕВ, 
Сарвар ӮРМОНОВ (сурат), ӮзА 


 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: