Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Албания Байрам Бегай дар Хиёбони меҳмонони фахрӣ якҷо дарахт шинонданд.
Ин маросим рамзи таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои ду мамлакат, инчунин оғози марҳалаи нави рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Албания гардид.