Дар минтақаи махсуси саноатии «Янги Авлод»-и шаҳри Тошканд маросими гузоштани санги асоси лоиҳаи муҳими саноати баландтехнологӣ — истеҳсоли роботҳои инсонмонанд (гуманоид) ва ҷузъҳои онҳо аз ҷониби ширкати ROBOTIS баргузор гардид.
Ин лоиҳа бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ӯзэлтехсаноат» роҳандозӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳа ҷалби тақрибан 70 миллион доллари ИМА сармоя, таъсиси зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ ва бунёди маҷмааи муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 10 гектар пешбинӣ шудааст.
Таъкид мешавад, ки сухан танҳо дар бораи сохтмони як корхонаи нав намеравад. Ин иқдом оғози марҳилаи нави рушди соҳаи робототехника дар Ӯзбекистон буда, имкониятҳоро дар бахши технологияҳои пешрафта васеъ намуда, барои омода кардани кадрҳои маҳаллии баландихтисос замина фароҳам меорад.