Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим, ки дар пойтахти кишвар таваққуфи кӯтоҳ дошт, мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, бо муҳтавои амалӣ ғанӣ гардондани онҳоро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобили сатҳи олӣ ҳамкориҳои байни мамлакатҳои ба марҳалаи комилан нав баромадаанд. Бахусус, аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол 15 фоиз афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои муштарак ба 50 адад расид. Муколамаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун идома доранд.
Сарвари давлат ба аҳамияти музокирот бо ҳайати намояндагони корпоратсияи “Petronas”, ки алҳол дар Ӯзбекистон қарор дорад, таваққуф намуда, зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиётро таъкид кард.
Аз ҷумла, ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои нафту кимиё, технологияҳои пешрафта, кишоварзӣ, мошинсозӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок диққат дода шуд.
Зимни мулоқот инчунин дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои молияи исломӣ, робитаҳои байниминтақавӣ, сайёҳии зиёратӣ, афзунсозии шумораи парвозҳои мустақим ва мубодилаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим даъват кард, ки бо сафари алоҳида ба Ӯзбекистон ташриф оварад.