(дар бораи бунёдкориҳое, ки дар мавзеи Ӯзбекистони Нави ноҳияи Ғиждувон амалӣ мегарданд)
Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои бунёд кардани мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ва таъмин кардани рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо» аз 9 декабри соли 2021 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака»-и ноҳияи Ғиждувон ҷараёнҳои сохтмону бунёдкориҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ дар ҳудудҳо мувофиқи талабҳои шаҳрсозии муосир вусъат додани сохтмони манзилҳои зебои бисёрошёна, инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ, инчунин шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, оқилона истифодабурдании захираҳои замин ва рушди ҷараёнҳои урбанизатсияи нуқтаҳои аҳолинишин оғоз ёфтанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯзбекистони Нав қадри инсон, манфиатҳои халқ ва рушди ҳудудҳо ба самти устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакатамон амалӣ мегарданд, намуди шаҳру деҳотамон тағйир ёфта, барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ин дигаргуниҳоро дар мисоли маҳаллаи «Барака»-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, маҳаллаи «Барака» рамзи бунёдкориҳои Ӯзбекистони Нав мебошад. Мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав», ки бо ташаббуси Президенти мамлакат бунёд мегарданд, нафақат дорои хонаю ҷойҳои замонавӣ, балки чун намунаи беҳтарини ташаккулёбии муҳити ҳаёти мусоиду фаровон эътироф мегардад. Яке аз ҳамин лоиҳаҳои бузург мавзеи «Ӯзбекистон Нав» мебошад, ки дар маҳаллаи «Барака»-и ноҳияи Ғиждувон қад боло кардааст. Дар ин ҷо дар муддати хеле кӯтоҳ орзую умедҳои садҳо оилаҳо рӯйи об баромад. Манзилҳои бисёрошёнаи ҷавобгӯйи талабҳои меъмории замон бунёд гардидааст. Кӯчаҳои ободу васеъ, шабакаҳои муҳандисию коммуникатсия, инчунин объектҳои соҳаи иҷтимоӣ барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. То ҳол дар мавзеъ 24 манзили бисёрошёна бунёд гардида, дар онҳо садҳо оила хушбахтона истиқомат мекунанд. Муассисаи таълими томактабии давлатии замонавии дорои 180 ҷой, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 330 нафар талаба, инчунин поликлиникаи оилавӣ ба аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонад. Хусусан, мактаби таҳсилоти умумии миёнаи рақами 53-юми замонавӣ намунаи беҳтарини таълимгоҳ дар мавзеи «Ӯзбекистони Нав» аст.
Муассисаи таълими томактабии давлатии рақами 57 дар маҳалла ба маскани дӯстдоштаи бачагон табдил ёфтааст. Дар ин ҷо барои кӯдакон муҳити таълиму тарбияи муносиби замон амал карда, наврасон баробари омӯхтани забони англисӣ бо гимнастика ва машғулиятҳои гуногуни рушдёбӣ шуғл меварзанд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии сокинони ҳудуд поликлиникаи оилавӣ хидмати сифатноки тиббӣ мерасонад.
Вай бо таҷҳизоти зарурӣ, асбобу анҷомҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, баҳри мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ ва пешгирии мазириҳо нақши муҳим мебозад. Корҳое, ки дар маҳалла ба амал омаданд, фақат ба соҳаи иҷтимоӣ дахлдор набуда, дар ин ҷо инфрасохтори барқ, гази табиӣ, оби ошомиданӣ, низоми роҳҳои равони замонавӣ, шабакаҳои равшандиҳии берунӣ, инчунин интернети баландсуръат пурра ташаккул ёфт. Ҳамин тариқ, дар ҳудуди мавзеъ созмон ёфтани «Боғи вазири экологӣ» баҳри боз ҳам ба маскани обод ва зебо табдил ёфтани маҳаллаи «Барака» хидмат мекунад. Ин ҳудуди сабз, ки садҳо ниҳолҳои сарсабзро дар бар гирифтааст, бобати беҳтарсозии муҳити экологӣ, истироҳати одамон ва баамалтатбиқёбии ғояҳои «Макони сабз» аҳамияти муҳим дорад.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Бобур Вафоев солҳои зиёд дар мактаби миёнаи рақами 54-уми ҳудуд чун омӯзгори фанни биология ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия, маънавият ва маърифат фаъолият нишон додааст. Ӯро соли 2022 ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла интихоб карда буданд.
– Бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дар маҳаллаи мо соли 2022 оғоз ёфта, аввали соли 2024 ба истифода супорида шудааст. Замоне мардум он ҳудудро «Қутчӣ» (маскани хайру барака) меномиданд. Дар ин ҷо, ки бо дашти Ҷилвон ҳамҳудуд аст, хоҷагии давлатии «Меҳнатобод» фаъолият дошт. Сонитар ҷойи онҳоро хоҷагиҳои фермерӣ гирифтанд, – гуфт раис.
– Аз мавзеи «Ӯзбекистони Нав» то маркази ноҳияи Ғиждувон масофа чӣ қадар аст? – пурсидем аз раиси маҳалла.
– 15 километр.
– Имрӯз дар мавзеъи нав истиқоматкунандагон бисёранд?
– Бисёр, як қисми онҳо муваққатан ба деҳот – ба киштукор рафтаанд.
– Масъалаи бозор, таъминоти рӯзгор бо озуқаворӣ барои аҳолӣ чӣ гуна аст?
– Ҳар як ошёнаи иморатҳои панҷошёна дӯкони худро дорад, – гуфт мусоҳибам.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Барака» ба ғайр аз мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дигар нуқтаҳои аҳолинишин ҳастанд.
Дар ноҳия дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» ҷараёни бунёдкорӣ сурат мегирад. Хусусан, ин ҷараён дар маҳаллаҳои «Бақоллар» ва «Саидкент» бо сохтани объектҳои нави иҷтимоӣ, таъмири роҳҳои дарунӣ, беҳбудии шабакаҳои барқ, оби ошомиданӣ ва таъмини газ корҳои таҷдидёбӣ сурат мегирад.
Дар натиҷа ҳазорҳо одамонро муҳити дилхоҳи зиндагӣ фаро мегирад.
Дигаргуниҳои имрӯзаи маҳаллаи «Барака», ҳар як манзил, мактаб, боғча, муассисаи тиббие, ки ин ҷо бунёд гардидааст, ифодаи амалии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, бузургдошти қадри инсон, ҳифзи манфиатҳои, мардум мебошад. Беҳуда нест ки имрӯз маҳаллаи «Барака» на фақат дар ноҳияи Ғиждувон, балки дар миқёси вилоят чун яке аз ҳудуди рушдёфта эътироф гардидааст.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Бухоро.