Қадами муҳим сӯйи ҳамкориҳо

Директори Филармонияи вилояти Алматии Қазоқистон ба номи Суюнбой Сабит Абдилқалиқов ба Бахши Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар Бухоро ташриф фармуд.

Дар доираи он вохӯрии ӯ бо директори бахши мазкур Рауф Авезов ба амал омад. Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, мустаҳкам намудани алоқаҳои эҷодӣ, васеъ тарғиб кардани арзишҳои миллӣ, инчунин татбиқсозии лойиҳаҳои муштарак муҳокима гардиданд.

Меморандуми ҳамкории байниҳамдигарӣ имзо гардид. Он имкон медиҳад, ки мероси мадании ғании ду халқи бародар тарғибу ташвиқ гардида, барномаҳои муштараки консертӣ таҳия гарданд, таҷрибаивазкунии тарафайни эҷодӣ сурат гирифта, ҳамкориҳои соҳаи санъат ба марҳилаи нав бардошта шаванд.

Дар давоми ташриф меҳмон бо баромадҳои ансамбли рақсии «Бухоро мавжлари» аз наздик шинос шуда, ба корҳои эҷодӣ ва фаъолияти саҳнавии даста баҳои баланд дод.

Бояд таъкид намуд, ки ин мулоқот бобати  мустаҳкамтаршавии ҳамкориҳои мадании Ӯзбекистону Қазоқистон, васеътар гардидани робитаҳои эҷодӣ, инчунин тарғиби санъати  миллиамон дар арсаи байналмилалӣ қадами муҳим шуд.

* * *

Ба қарибӣ бо Фармони Президенти мамлакат гурӯҳе аз фидоиёни соҳаҳои фарҳанг, санъат ва адабиёт бо мукофоти давлатӣ тақдир карда шуданд. Аз ҷумла, директори бахши вилоятии Филармонияи давлатии Узбекистон Рауф Авезов низ соҳиби медали «Шуҳрат» гардид. Мо ӯро бо ин мукофоти давлатӣ муборакбод карда, ба фаъолияти минбаъдааш комёбиҳои нав ба нав таманно менамоем!

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: